Бахшҳо

Даъвати БМ ба таҳаммулу оромӣ: Ҷаҳишҳо кӯтоҳмуддатанд!

Бонки Миллии Тоҷикистон дар пасманзари болоравии қурби асъори хориҷӣ дар кишвар бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандон хостааст, ба ҳангомаю воҳимаҳо дода нашаванд, ки бар зарари иқтисодиёти кишвар ва буҷаи сокинон меанҷомад.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод ҳаргуна эҳсосот ва ҳангомасозии шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои интизорӣ мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон ин маънои онро дорад, ки дар пайи ҳангомаҳо эҳтимол соҳибони доллар аз иваз намудани асъорашон худдорӣ кунанд ва дар натиҷа дар бозори нақд камбуди доллар ва мувофиқан ҷаҳиши якбораи қурби он сурат мегирад. Инчунин тоҷирон дар пайи норӯшаниҳо метавонанд сӯиистифода кунанду бо мақсадҳои ҳаннотӣ нархи мол дар бозорро боло баранд. Бонки Миллӣ мегӯяд, “аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад.”

Бонки Миллӣ шарҳ дод, ки болоравии қурби асъори хориҷӣ дар пайи таъсири буҳронҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистон сурат гирифта истодааст ва тибқи пешгӯиҳо он муваққатӣ мебошад: “Воқеан тағйирёбиҳои қурбие, ки чанд ҳафта инҷониб дар бозори дохилии асъор мушоҳида мешавад, ки ба вазъи берунӣ- яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо вобаста мебошад.”

Ба иттилои манбаъ тибқи интизориҳо раванди мазкур хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дошта, бо паст гардидани фишорҳои қурбӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ чун солҳои пешин ба нуқтаи мувозинатӣ, яъне аввал бармегардад.

Ин иттилоияи Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби як доллар то ба 5,45 сомонӣ расидааст. Аммо имрӯз, 14-уми ноябр як доллар дар бозори "Корвон" ба ивази 5,30 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд, ки дар натиҷа навбати тоҷиронро барои хариди доллар ба вуҷуд овард. Як моҳ пеш қурби доллар ҳудуди 5,12 сомониро ташкил медод. Коршиносон мегӯянд, болоравии қурби доллар барои тоҷирон замина барои боло бурдани нархҳо мешавад, зеро аксари маҳсулот дар Тоҷикистон воридотӣ буда, дар хориҷ ба ивази доллар харидорӣ карда мешаванд.
Мӯҳр
Мехр
Албатта баъзе гурухохи каллоб ба таври сунъи аз ин холат суйистифода мекунанд. Дар асл махсулот ким кай ворид шудаги, ва аз руи инсоф нест, ки точирон аз ин суд бардоранд.

Даврон
Бонки Милии лутфан савсатагуиро бас кунед. Ба чои бехуда лакидан, бо вазоратхои сохаи иктисод хамкори карда махсулоти ватаниро зиед кунед. Ин ки шумо 2-3 миллион долар ба бозор мебароред аз ин ягон фоида нест. Сохибкорони точик барои моли воридотиашон садхо миллион доллар аз кишвар берун мекунанд. Вале ин, ки дар Точикистон истехсолот ба рох монда нашудааст, воридот хама вакт аз ихрочот зиед мешавад ва талабот ба пули накд (долар) зиед мешавад. Тахаммулуоромии халк ягон фоида намекунад барои он, ки пули онхо он кадар калон нест.

Бонкдор
Мо хамачиро мебинем, мухтарам Ширинов чаро савсата мегуед. Пеш аз як корро кардан аввал нархи фуруши асъори хоричиро паст кунед. Мо медонем, ки паст карда наметавонед, лекин савсата мегуед.

Дируз дар сайти озоди комент навиштам чоп накард парер руз дар корвон биржа шуд бонки мили доларо ба нархи 5.38 сомони асосан ба сарофон фурухт имруз хам биржа шуд ба нархи 5.33 сомони фурухт асосан сарофон гирифта ба точирон ба нархи 5.50 фурухтанд ун чо рустам акмал шиносхои сарофон ба онхо фурухт аз кучо бадмефарояд ин долар

Ширинбек
Ягона рохи пешгирии ин гуна бухронхо инба кор чалб кардани мутахасисони ин соха яъне финансистхои дарачаи умумичахони на бесаводу курсавод мо хама медонем ки аз ним зиёди коргарони бонки милли бесаводанд

Фирдавс
Максад чи мешавад ?

Талабшо
Як ду рузи дигар сабр кунед бонкирхо аз хар рузхои плавающий цена миллионхои муфт ба даст оварда истодаанд. сохтмони дачу хонахошона дар хорича ба анчом расонанд, нарх боз паст мефурод... ээй ин кадар мардуми бетокат будед да Шумо)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)