Бахшҳо

Боздошти 3 марди тоҷик дар либоси зан

Вазорати умури дохилии Афғонистон аз ҳамлаҳои интиҳории созмони террористии “ал-Қоида” бо ҷалби шаҳрвандони ҳамсоякишвари худ – Тоҷикистон шадидан ибрози нигаронӣ кардааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи 16-уми ноябр дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари ҷангҷӯёни узбаку чечен даст ба иҷрои ҳамлаҳои маргбору хунине алайҳи мардуми осоиштаи афғон мезананд, ки тавассути “ал-Қоида” тарҳрезӣ мешавад.

Ба гуфтаи Сиддиқӣ аксари ин ҷангҷӯён дар мадрасаҳои Вазиристони Покистон тамрин дида, барои иҷрои ҳамлаҳои террористӣ вориди қаламрави Афғонистон мешаванд. Сиддиқӣ боздошти 3 ҷангҷӯи тоҷики марбут ба “ал-Қоида”-ро мисол овардааст, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Қундузи Афғонистон бо либоси занона боздошт шуда буданд. Сухангӯи ВУД-и Афғонистон меафзояд, ки ҷангҷӯёни боздоштшуда иқрор кардаанд, ки дар яке аз мадрасаҳои Вазиристон тамрин дидаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ мегӯяд, ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти афғон тайи чанд соли охир аз истифода шудани бархе мадориси Покистон барои тамрини ҷангҷӯён нигаронӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ахиран яке аз чеҳраҳои маъруфи мазҳабӣ ва сиёсатмадори покистонӣ – Мавлоно Фазл Раҳмон низ ин иддаои мақомоти афғонро таъйид кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Шояд ин се нафар ватанфуруши зархарид, чинси занро дар мадрасахои Вазиристон кабул карда бошанд, ки дар либосхои мардона сайру гашт кардаро намепазиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)