Бахшҳо

Шикояти сафири тоҷик аз болои хонуми покистонӣ ба пулис

Мақомоти пулиси шаҳри Исломобод аз рӯи шикояти Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон алайҳи хонум Саъдия Ҳайёт, собиқ ҳамкори сафир тафтишоти ҷиноиро оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои мақомоти пулис Ҷононов иддао дорад, ин хонум, ки сармеъмори ширкати “Montage Design Build” (MDB) мебошад, барои ба даст овардани шартнома ҷиҳати тарҳрезию бунёди бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар бораи вазъу мавқеи ширкаташ асноди тақаллубиро пешниҳод намуда ва бо ҳамин роҳ сафирро фиреб додааст.

Аммо Саъдия Ҳайёт ҳангоми бозпурсии пулис иддаои Ҷононовро рад карда, изҳор доштааст, воқеан бо сафорат дар бораи тарҳу бунёди бинои нав дар Исломобод моҳи апрели соли равон шартнома баста, ҳамаи корҳои ба уҳдагирифтаро анҷом дод. Ӯ мегӯяд, сафорат бояд супервайзер ё худ миёнараверо таъин мекард, то рафти иҷрои шартномаи дутарафаро назорат намояд, аммо сафир хостааст, корро худаш назорат кунад ва ин сарчашмаи асосии мушкилот аст. Ин хонум инчунин аз он шикоят кардааст, ки сафири тоҷик ӯро на танҳо дар тақаллубкорӣ муттаҳам мекунад, балки болои пулис фишор овардааст, то алайҳи ӯ тафтишоти ҷиноиро оғоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Исломобод иддаои ҷонибҳоро шунида барои оғози тафтишоти ҷиноӣ алайҳи Саъдия Ҳайёт ба пулис иҷоза додааст ва таъкид намудааст, тамоми ҷузъиёти қазия дар доираи қонун тафтиш ва ҳал шаванд.
Мӯҳр
Мехр
Точик табиатан миллати содда аст. Ба хама бовар мекунад. Шояд мо Точикон падари хамаи миллатхо хастем, ба мисле, ки падар ба хама фарзандон мехри ягона дорад ва бо бовари назар мекунад.

Вокеъан сафирони мо содда хастанд. Чи сафири каблии Эрон ва чи сафири хозираи Туркия. Дар Истанбул тахсил мекунам. Сухбати Сафир Фарух Шариповро гуш кардам, дилам ба ватанам сухт, ки чунин сафир дорад. На на сухани ширин ва на донишу малака. Дар бораи фаъолияти Сафорати Точикистон дар Туркия хам маълумоте шавад, боиси хурсандии донишчуен мегардад.

Салом. Дар навиштахои сайёд хамфикрам. Ба сафорати Точикистон дар Анкара рафтам. каравулаш бо ман як хел сухбат кард ки фикр кардам консулай. пеш аз консул каравул допрос мекунад. консула 2 соат ждат кардым. омад мега ки назди сафир будам. консул соати кори надоштай кадом вакте ки хохад меояд. Хулас дар охир ноумед баромадам. Дар истанбул паспортама продилит кардам. расход шуду лекин аз интизории консули сафир бехтар буд

5
Барои сафир таъин кардан аввал бояд конкурс кунанд лекин...

Dev
Сайед,
Ba in hudi safiron niz gunoh nadorand.Inho yak kishri joma,ki ba in korho umuman kore nadoshtand, ammo hukumati kununi ,ki hud pojhoi nobarobar dorad , dar simoi onho "gusfandoni hisoriro" did. Hajfi davlat

ба саёд..мебахшеб шумо ин харфхоро дар мавриди собик сафири точикистон аз кучо мегуед.оё боре эрон омадаи бо собик сафир сухбат кардаи? собик сафири точикистон бо сафири хозираи тчк дар техрон то хозир барои точикон махсусан барои донишчуён талош мекунан ба мушкилоти донишчуён расидаги ва хал кунанд амо чун эрону туркия кишвархои кудратманданд ва точикистон заиф асту нуфуз надорад мушкилоти мо хал намешаванд ман хам дар эрон тахсил мекунам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)