Бахшҳо
18 ноя 2014 13:14Тоҷикистон / Сиёсат

Интизорӣ ва умедвориҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозатаъйин

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 18 ноябр зимни қабули эътимоднома аз 10 сафири тозатаъйини хориҷӣ дар Душанбе умеду интизориҳои худро баён доштааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “аз фаъолияти сермасъули дипломатии Шумо, сафирони мӯҳтарам, самараву натиҷаҳои нав ба навро интизорем ва бароятон комёбиҳо орзумандем.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз Мирослав Ниязов, сафири нави Қирғизистон дар Душанбе ҳамчун шахсияти дорои таҷрибаи мусбат дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон ном гирифта, гуфтааст: “Мо Шуморо ҳамчун дипломати фаъол ва ташаббускоре, ки барои рушди мусбати муносибатҳои серҷониба миёни ду кишвар кори зиёдеро анҷом додаед, мешиносем.”

Ба гуфтаи ӯ, рушди муносибатҳои неки ҳамсоядории дӯстона ва ҳамкориҳои серҷабҳа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар стратегияи сиёсати берунии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад: “Ин гуна таваҷҷуҳи махсус нисбат ба тамоми паҳлӯҳои ҳамкориҳои мутақобила бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳавасмандии амиқи мо дар кори таҳкими рӯҳияи неки ҷойгиршавии якҷояи мо, ки мардумони мо онро асрҳо бо робитаҳои хеш дастгирӣ менамуданд, бармеояд. Вазифаи асосӣ дар ин самт дар ҳалли оҷилӣ ва барои ҳар ду ҷониб қобили қабули тамоми маҷмӯи масоили муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо бо истифода аз анъанаҳои пуршарафи муоширати неки ҳамсоядории мардумони мо дида мешавад.”

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯянд, дар ин маросим дар баробари сафири нави Қирғизистон инчунин сафирони тозатаъйини Эрон - Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо - Ҳидайет Бишчевич, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика - Улиси Канчули, сафири Австралия - Пол Эндрю Майлер, сафири Зеландияи Нав - Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, сафири Шоҳигарии Дания - Томас Винклер, сафири Словения - Примож Шелиго, сафири - Португалия Марио Годино де-Матуш, сафири ҷумҳурии Гана - Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон супоридаанд.
Мӯҳр
Акбар
Мухтарам Чаноби Оли Шумо Сафир не Шипион кабул кардед Ин Сафирхо 80 % коркунони ё Чосусони дигар Хукумат мебошад Аз ин Чосусхо бояд Эхтиёт кард Коркунони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Чумхурии Точикистонро Гуфтан лозим ки Эхтиёткор бошанд Як Чахон Ташакур

Маьдани
КАндота бизан Акаи Акбар ба фикрам шумохам коркуни Амният мебошед Як Чахон Ташакур

Мехр
Акбар.Ба фикрам хар шахсе ба мусофират меравад ё тарки манзили худ мекунад, дар назари ватандоро рафторхояш ачоиб ва бегона менамояд. Хатто вакте, ки ба хонаи бародари худамон ба мехмони меравем, янга бо кудаконаш дар симои мо шпионро мебинанд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)