Бахшҳо
18 ноя 2014 16:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дарёфти ҷасади Каримовҳо, соҳибони мошинҳои гаронарзиш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада бедарак шудаанд.

ВКД мегӯяд дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз, 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
точик
ЧИ ДАРКОР БАЪД АЗ МУРДАН РАРВАНДА МЕКУШОН, ДУ ХАФТА ШУДАСУ ВКД НАЁФТАС НАГЗ МЕКОФТЕД МЕЁФТЕД,

Бародар
Рухатон шод бош бародарони мо, Аллох чоятонро чаннат кунад. Ин номардоне ки шуморо ба катл расондан Иншооллох чазояшонро мегиранд!

Бисер як чинояти мудхиш, Худо рахматашон кунад ин бародаронро. Аммо тафтиши парвандаи чиноиро аз пурсиши дустони наздики онхо бояд шуруь кард, Мусиев Точиддин ва Мачидов Максуд ин нафарон аз тамоми кор ва фаолияти бародарон хабар доран ва якчоя ба корхои ----- машгул буданд. Ва дар вахти тафтиш муайян хохад шуд, боварии комил дорем ки органхои хифзи хукук ин чинояти вазинро ошкор хоханд кард ва чинояткорон аз руи конун чазо мегиранд!

Рост якчо мегаштан якчо мехурдан. инамие ТОЧ кати МАКС

Салим
Парвандаи Чинои ба ки лозим 2 чавонро аз даст додем Ба хамаи ин Чиноятхо Мухтарам Вазири Корхои Дохили Генерал Рамазон Рахимов Гунахгор аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)