Бахшҳо
19 ноя 2014 08:10Тоҷикистон / Тема дня

Судя гуфт, дар бораи "Тоҷиксодиртбонк" нанависед! "Нигоҳ" норозист

Нашрияи “Нигоҳ” дар як изҳорот таъиноти додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро барои қатъи силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк”, “қонуншикании маҳз” унвон кардааст.

Ҳотам Раҷабзода, судяи суди Исмоили Сомонӣ дар як таъйинот ахиран аз “Нигоҳ” тақозо кардааст, нашри мақолаи мазкур “то моҳиятан баррасӣ гардидани парвандаи гражданӣ ва эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд” манъ карда шавад. “Тилисми Тоҷиксодиротбонк”, ки дар се шумораи “Нигоҳ” нашр шуд, як муомилаи пулии зиёда аз як миллион долларӣ миёни Қамаруззамон Азизов ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро таҳқиқ мекунад.

Дар изҳороти “Нигоҳ” гуфта мешавад, таъйиноти додгоҳ барои даст кашидан аз нашри силсиламақола дар таърихи журналистикаи миллӣ назир надошта, қонуншикании маҳз аст, зеро “а) Судя дидаву дониста, оиди мавҷуд будани дархости зирабти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар суд ва баргузории мурофиа ба нашрияи “Нигоҳ” хабар надодааст;
б) Таъиноити мазкур бе иштироки намояндаи қонунии нашрияи “Нигоҳ” қабул шудаааст;
в) Бархилофи талаботи қонун, аз баррасии дархости “Тоҷиксодиротбонк” даъвогарони ин қазия-Искандаровҳо огоҳ карда нашудаанд”.

“Нигоҳ” дар идома гуфтааст, “бо қабули чунин санади судии ғайриқонунӣ Раҷабзода Ҳ. манфиатдории худро ба фоидаи намояндагони бонк нишон додааст, чунки танҳо онҳо манфиатдоранд, ки амалҳои ғайриқонунии онҳо рӯи чоп наоянд, қонуншиканияҳошон барои мақомот фош нашавад. Вагарна, ба дархостҳои журналистии “Нигоҳ” ҷавоб медоданду аз чопи мақолаҳо ва ифшои сирри бонкӣ дар нашрияҳои дигар худдорӣ мекарданд”.

“Нигоҳ” қайд мекунад, дар қонунҳои аз тарафи судя дар таъинот зикргашта мушаххас қайд гардидааст, ки ”воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳуқуқ надорад дар ахбораш НАТИҶАИ МУРОФИАИ СУДИИ КОРИ МУШАХАССРО пешакӣ баён кунад”, аммо судя таъиноти аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ дошта ва он ҳам нахустин бор дар 102 соли матбуоти даврии тоҷик қабул карда, дидаву дониста, дар таъйиноти худ ҳатто қайд накардааст, ки дар кадом бахши мақола оиди натиҷаи пешакии парванда сухан гуфта шудааст. Дар мақола натиҷаи таҳқиқоти журналистии ҲОЛАТҲОИ КОР рӯи чоп омада, натиҷаи ягон мурофиа баррасӣ нашудааст ва нахоҳад шуд. “Танҳо судя Раҷабзода Ҳ. мехоҳад бо ин таъинот ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва касбии мо бо роҳи ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ монеа ба вуҷуд орад. Мо аҳли эҷоди нашрия, таъкидан мегӯем, ки ба ҳайси масъулони як институти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳич гуна сензура, фишору таҳдидҳои аёну ноаёнро қабул надорем ва ба талаби ҳич қонуншикан, новобаста аз қудрату тавоноӣ ва таъсири фавқуллодааш ба низоми судии мамлакат итоат нахоҳем кард”.

Нашрия мегӯяд, ба Шӯрои адлияи Тоҷикистон шикоят бурда, “ҳатман дар муддати муайяннамудани қонунгузорӣ аз болои таъиноти мавриди зикр ба суди болоӣ шикояти хусусӣ хоҳад бурд”.
Мӯҳр
Мехр
Як "Нигох" кардам гула, нашикаста барги гула. Хаминтавр тасвир кунед намешавадми.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)