Бахшҳо
20 ноя 2014 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷонибдорӣ ва мухолифат ба пешниҳоди донишҷӯ дар бораи Раббонӣ ва Масъуд

Пешниҳоди як донишҷӯи тоҷик дар мавриди ба номи райисҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ гузоштани як кӯчаи марказии Душанбе ва ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоштани Донишгоҳи ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон бо вокунишҳои зиёди хонандаҳои хабаргузорӣ рӯбарӯ шуд.

Бархе корбарон ба ин пешниҳоди Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мухолифат карда, онро “беақлона” хондаанд. “Носи” навиштааст, “дар роҳи рушду нумуи пойтахт киҳо ранҷ кашидаанду кӯчаҳояш ба номи кӣ пешниҳод мегарданд. Ё Аҳмадшоҳи Масъуд ягон соат лексия гуфтааст дар донишгоҳи ҳарбӣ?” “Алию Валӣ”гуфтааст, “дар Афғонистон ягон кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Спитамен бошад? Агар бошад, мо розӣ”. Шарҳнависи дигар бо номи Аброр ба ин пурсиш посух додааст: “То ҷое медонам ягон кӯчае дар Афғонистон ба номи ягон тоҷик гузошта нашудааст”.

Шоҳрух Каримов гуфт, ҳадаф аз ин пешниҳод он аст, ки Раббонӣ ва Масъуд дар сулҳи тоҷикон нақши муҳим доштанд. Шарҳи қисме аз корбарон ба ин нукта кинояомез аст, мисли “Беозор”, ки мегӯяд, “Елсинам иштирок дошт, собиқ президенти Эрон ҳам. Боз инҳо хафа нашаванд. Ҳоло Тураҷонзода ҳам иштироки сахт дошт, ин хабарро шунида аз гиребонат нагирад, ки ман ҳам будам”.

Қисме ҳам “Озодагон”-ро ба танқид гирифтаанд, ки чунин пешниҳодҳои ба гуфтаи онҳо сабукро нашр мекунад. Як намуна навиштаи “Шаха” аст: “Озодагон як идораи боқувват баъзе вақт як гапҳое менависед, ки ба ақл рост намеояд. Ин дафтари шумо касе биёяд, чизе гӯяд чоп мекунед?” Ва дар идома ба Шоҳрух Каримов муроҷиат карда меафзояд: “Ҳамунҳо бисёр мақулат бошанд, суратҳояшонро бурда дар хонаатон овезон кун, аммо кӯчаҳои шаҳри Душанбеда кордор нашав”.

Аммо ин пешниҳод ҷонибдорони андаке ҳам надошт. Гуруҳе аз шарҳнависон гуфтаанд, қисман ба ин пешниҳод розиянд, мисли корбаре бо номи “Тоҷик”, ки менависад: “Хиёбон ба номи Раббонӣ пешниҳоди хуб. Донишгоҳи ҳарбӣ ба номи Масъуд тамоман нодуруст. Якум, Масъуд тоҷик бошад ҳам аз Афғонистон аст, дуюм ба монанди гузоштани номи Сангак мешавад, баъд аз чанд вақт боз мегиранд номашро”.

Корбари дигар - “Dev” менависад, кӯчаеро ба номи касе гузоштан дастгирии як тоҷики бурунмарзист. Тоҷике, ки дар ягон вақту ҳолат аз тоҷик буданаш дастнакашид. Кушиш кард Тоҷикистон як порчаву як тан бимонад. Тоҷикистонро мебояд ҳамеша аз тоҷикони Афғонистону Узбакистон дастгирӣ кунад”. Ин корбар дар идома мегӯяд, агар аз ӯ вобаста мебуд, “ҳамаи шоирон, нависандагон ва ҳофизони Узбакистонро унвон медодам, то дигар тоҷикони онҷо “бедор” бошанд ҳамеша”.

Муҳаммад навишта, ки “100 дар 100 тарафдор”. Корбари дигар бо номи “Миллат” суол гузошта ки чаро не? “Ин шахсонро ҳамчун қаҳрамон шинохтан лозим аст. Комментаторҳои муҳтарам, тоҷикон на фақат дар Тоҷикистони ҳозира ҳастанд, балки берун аз он ҳам макон доранд. Идеяи бисёр хуб. Ман тарафдор. Тоҷикистон бо ин амал бештар назари дунёро ҷалб мекунад”.

“Миллатдӯст” низ бо дастгирӣ аз ин пешниҳод навишта, “Мо тоҷикон набояд маҳалгароӣ бикунем, баръакс бояд аҳл бошем. Бояд яке аз кӯчаҳои Душанбешаҳр ба номи профессор Раббонӣ номгузорӣ бишавад. Ва номи генерал Масъудро низ номгузорӣ бикунанд, зеро ин шермардони бо ору номуси миллати мо буданд”.

Ва “Точик” низ бо дастгирӣ аз пешниҳоди донишҷӯи тоҷик навиштааст: “Аз коментариянависиҳои баъзе аз нафарон бармеояд, ки умуман ҳамчун тоҷик ва мусулмон бузургони худро намешиносанд. Аҳмадшоҳ нафарест, ки тамоми ҷаҳон бузургияшро эътироф кардааст... Ба номи Аҳмадшоҳ гузоштани кӯча ё донишкада муттаҳидии миллати тоҷикро нишон дода, фақат душманони миллати тоҷикро хуш намеояд. Имрӯз агар ягон духтари тоҷик бо тани нимбараҳна дар филмҳои Ғарб нақш бозад “Ӯ тоҷик аст” мегӯянд. Ҳатто агар он нафар дар бораи тоҷик буданаш сухан ҳам нагуфта бошад. Аҳмадшоҳ тамоми ҳаёт ва истеъдоди худро фидои миллату дину ватанаш кард. Офарин ба ин донишҷӯи миллатдӯст, пешниҳоди хеле дуруст”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)