Бахшҳо
20 ноя 2014 15:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Парвандаи баҳсбарангез алайҳи ду роҳбалади тоҷик ба додгоҳ рафт (ВИДЕО)

Додситонии вилояти Астрахани Русия парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду роҳбалади қатори Душанбе-Маскавро ба додгоҳ фиристодааст, ки аз қаторашон моҳи майи соли гузашта беш аз 30 кило маводи героин дарёфт гардида буд.

Тибқи иттилоияи мақомоти додситонӣ, ки имрӯз, 20-уми ноябр нашр гардид, роҳбаладони 22 ва 45-солаи тоҷик дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешаванд. Айбдоркунанда мегӯяд, аз қатори роҳбаладон моҳи майи соли гузашта саги хизматӣ 30,5 кило героин пайдо намуд, ки дар зарфҳои пластикӣ, дар зери фарш пинҳон гардида буд.

Он замон бо такя ба ин далел ва вазъи бади санитарӣ Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, пешниҳод кард, ки омадурафти қаторҳои Тоҷикистон ба ин кишвар қатъ гардад. Роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” изҳор дошт, ки мақсад аз маърака алайҳи қаторҳои тоҷик ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон аст, чун Русия аллакай қисмати асосии бархе аз бозорҳои кишварҳои ИДМ-ро соҳиб шуда, мехоҳад, бозори Тоҷикистонро низ ба ихтиёри худ гирад. Аммо қазия баъди сафари Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран ҳал гардид ва даъвои мақомоти Русия низ қатъ шуданд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)