Бахшҳо

Privacy International: Амниятиҳои тоҷик тамосу мукотиботро назорат мекунанд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ- “Privacy International” бо нашри як гузориш мегӯяд, мақомоти амниятии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон аз муосиртарин технологияи иттилоотию коммункикатсионӣ бархӯрдоранд, ки бо истифода аз онҳо тамоми тамосҳои шаҳрвандонашонро назорат мекунанд.

Тибқи гузориши “Privacy International”, ки соли 1980 ба хотири ҷилавгирӣ аз дахолати ғайриқонунии ҳукумату корпоратсияҳои байналмилалӣ ба ҳаёти шахсии одамон созмон ёфтааст, технологияи муосирро ба ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ асосан ширкатҳои исроилӣ, аз ҷумла корпоратсияи трансмиллии NICE Systems ва Verint ироа мекунад: “Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми мукотиботу суҳбатҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифонашонро дар дохилу хориҷи кишвар назорат ва сабт кунанд. Тамоми мукотибот дар интернет ва тариқи телефонҳои мобилӣ онлайн аз ҷониби мақомоти амниятӣ назорат мешаванд.”

Эдин Оманович, яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, дар маҷмуъ онҳо муайян кардаанд, ки дар маъракаи назорати густурда аз болои шаҳрвандон ҳудуди 70 ширкати “хай-тек”-и Русия ва Ғарб иштирок доранд, аммо саҳми асосиро, махсусан дар Осиёи Марказӣ ширкатҳои исроилӣ доранд.

Созмони ҳомии ҳуқуқ аз ширкатҳои “хай-тек” даъват ба амал овардааст, ки таҷҳизоти муосири назоратиро ба ихтиёри ҳукуматҳои худкома надиҳанд, чун онҳо аз ин имконият сӯиистифода карда, онро барои дахолати густохона ва ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсии сокинонаш истифода мекунанд.

Аммо ширкати “NICE Systems” дар шарҳи ин гузориш иттилоъ додааст, ки технологияҳои муосирро ба ҳукуматҳо ба хотири мубориза бо ҷинояткорӣ ироа мекунад: “Технологияҳои мо барои ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот истифода мешаванд, ки ҳадафи он ҳифзи сулҳ ва ҳаёти одамон аст. Технология танҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки Исроил бо онҳо робитаҳои тиҷорӣ дорад. Аз ин бештар мо наметавонем, дар бораи мизоҷонамон иттилоъ диҳем.”

Ин гузориш дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ борҳо аз дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва гӯш кардани тамосҳои телефонияшон аз ҷониби мақомоти амниятӣ шикоят карданд.
Мӯҳр
Мехр
Исроил технологияеро ба муштариёнаш пешниход менамояд, ки дар баробари вай аллакаи ТЕХНОЛОГИЯЕ дорад, ки технологияи фурухташударо дар назорату итоат карор дихад. Дар Осиёи маркази чиро гуш кардан мумкин ба чуз гайбати занхо ва интригаи муллохо. Гуш кардан гиранд.

CАИД
То ин дарача ба бефахмии Кумитаи Амнияти Тоикисон бовар надоштам вале якин бовар хосилкардам, ки инхо хам бозичае беш дар назди Исроил нестанд: Агар гуянд чаро ман чавоб ин аст шумо худ тасавур кунед, ки вакто аз чониби як давлатеки барои шунидани сухбатхои мардуми кашвараш дода мешавад хатманд дар дохили онхо махсус системае хаст, ки натанхо кормандони одии кишваро балки худи амнияти точкро худи онхо гуш мекунанд ва хаминаст, ки пеш аз оне Точикистон як накша кашад пеш азмо дигарон яъне хоричиён огоханд дигар ин ки заифии амнияти мо он вакт маълум буд ки чанд соле пеш зиндониёнаш фирор карда будан ана сабаб чист ва чигана фахмиданшон....

онхо
Барои мардумро гуш кардан ягон технологияи муосир лозим нест, равед бо мардум вохуред сокинони аз барку замину обу дигар имтиёзхо бехак монда хама асрори русторо ба шумо мегуянд

Бег Сабури.
Чинояткоро ни махсусан вазмин хамаи гапхошона дар телефон намегуянд дуюмаш боз мукобили ин аппаратура хам боз дигар роххо хастанд, ки гуш карда наметавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)