Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 8 май 2021, 03:33

Додгоҳ “хардузд”-ро панҷ сол равонаи зиндон кард

24 ноябр 2014, 12:46

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро дар дуздӣ, аз ҷумла рабудани гову хар муҷрим шинохта, 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Бино ба ҳукми Исозода Хуршед, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ Умаралӣ Миров ин муҳлатро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар хоҳад кард.

Аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Умаралӣ Миров дар рафти баррасиҳои додгоҳӣ ба чанд ҳолати дуздӣ иқрор кардааст. Аз ҷумла гуфтааст, моҳи марти соли 2013 дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) аз дохили утоқи таъмири телевизиор як телевизори тамғаи “Самсунг”-ро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст. Моҳи августи соли 2013 бошад, аз манзили ду сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб як хар ва як сар чорвои калони шохдорро рабудааст. “Худи ҳамон рӯз говро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, ба маблағи 2500 сомонӣ фурӯхта, маблағҳи онро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.

Инчунин, моҳи майи соли 2014 аз кӯчаи Хоҷаанбиёи болои шаҳри Душанбе ду сар говро дӯздида, якеро бар ивази 1800 сомонӣ ва дигариро 2100 сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшон мефурӯшад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мехр

  • 24 ноябр 2014 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мухлат кам аст барои дузди беинсоф, тамоман нархи говро паст задааст. Локин дар бораи нарху такдири дигар чонзот, чизе гуфта нашудааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама дуздхо аз махбас баромаданд, ба ин амнистия нарасидааст чи?
Посух додан
  • Фируз

  • 24 ноябр 2014 14:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дуздро бояд 26 сол суд мекарданд дар бари Зайд Саид. Одамонро бо мошин зада мекушанд 150 сомони чарима. О намешуд, ки пули дуздиашро суд тарики хукмаш ба сохибони хару гов гардонида медод. Мебини ки авф кабул карда чавобаш медиханд. ОХ АДОЛАТИ СУДИИ ЧТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хардуздро ку капидед ва зиндон кардед.Харони одамдуздро кай мекапида бошанд?
Посух додан
  • Шер

  • 24 ноябр 2014 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Хар, мемрй асп бдздй. Касабара хору беобру карди да бачча.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!