Бахшҳо
26 ноя 2014 09:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тақозои созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумат барои лағви пешнависи қонун

Ҳудуди 70 созмони ҷамъиятии Тоҷикистон аз ибтикори Вазорати адлия дар робита ба танзим ва маҳдуд кардани пуштибонии молӣ аз ҷониби манбаҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ин созмонҳо бо нашри як мактуби дастаҷамъӣ гуфтаанд, “мо эътилофи созмонҳои ҷомеаи маданӣ дар мавриди ибтикори ахири давлати Тоҷикистон барои танзим ва маҳдуд кардани дастрасии созмонҳои ғайридавлатӣ ба кумакҳои молӣ аз манобеи хориҷӣ ва байналмилалӣ нигарон ҳастем”.

Ин баёнияи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро “Иттиҳодияи байналмилалии ҳуқуқи башар” ё FIDH ҳам нашр кардааст. Онҳо дар идома гуфтаанд, “пешнависи қонун, ки феълан дар баррасӣ қарор дорад, хилофи меъёрҳои байналмилалӣ дар ростои ҳақи озодии анҷуман ва ба хатар андохтани кори созмонҳои ғайридавлатӣ мебошад”.

Созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, пешнависи қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро, ки Вазорати адлия таҳия кардааст, лағв кунад ва “ба ҳақи созмонҳои ғайридавлатӣ барои дастрасии бемамоният ба буҷа, аз ҷумла аз манобеи хориҷӣ, эҳтиром бигузорад”.

Ахиран, зимни баргузории як ҳамошии байналмилалии “Озодии баён ва Тоҷикистон- Конфаронс барои ҷомеаи маданӣ” дар пойтахти кишвар ҳам намояндаҳои бархе созмонҳои ҷамъиятӣ аз тасмими Вазорати адлия барои маҳдуд кардани дастрасии созмонҳои иҷтимоӣ ба грант ё кӯмакҳои кишвар ва созмонҳои хориҷӣ нигаронӣ карданд.
Мӯҳр
чинди
худашон аз муассисахои байналмилалии молияви миллионхои бисёре мегиранду "обу лой" мекунанд, чаро созмонхои гайридавлатиро намемонанд??? angry

Фирдавс
Ҳой созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон фаромӯш накунед, ки Тоҷикистон ҳанӯз мустамликаи Русия ҳаст. Аз ин сабаб, чӯ коре Русия мекунад, ин ҳукумат ҳам рубардорӣ мекунад. Ҳамин қонун чанд вақт пеш дар русия қабул шуд (дар ончо ҳамчун ИНОСТРАННЫЙ АГЕНТ).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)