Бахшҳо

Тураҷонзода хостори таъсиси телевизион ва минбардиҳӣ ба руҳониёни муътадил шуд

Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруф ва қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон роҳи аслии мубориза бо ифротгароиро минбар додан ба донишмандони муътадили исломӣ донист.

Ӯ ин нуктаҳоро зимни суханронияш дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом” баён дошта, барои берун рафтан аз ин буҳрон таъсиси шабакаи моҳвораиро, ки аз сӯйи донишмандони мӯътадили исломӣ идора шавад, пешниҳод кард. Собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон гуфт, “донишмандони бедор бояд як шабакаи моҳвораӣ, ки аз сӯйи ин қишри муътадил назорат мешавад, роҳандозӣ кунанд. Бештари уламои ҷаҳони Ислом мӯътадиланд, вале мутаасифона фақат ифротиҳо ва тундравҳои шиа ва суннии бесавод соҳиби минбар шудаанд”.

Оқои Тураҷонзода дар идома аз рафтору кирдори бархе пайравони дини мубини Ислом бо шиддат интиқод карда, мушкили номуттаҳидии мусулмононро амали бархе афрод донист, ки ба хотири ақида хуни мусулмонони дигарро мубоҳу онҳоро аз зумраи кофирон ном мебаранд: “Мушкили дигар ин аст, ки рафтору кирдори бархе аз мусулмонон боиси мавриди иҳонату тавҳин қарор гирифтани мусулмонони дигар шуда, дар дилашон кина ва нафрат нисбат ба ҳамдигар пайдо мекунад. Агар иттиҳод ва якпорчагии уммати исломӣ иқтизои инро дошта бошад, ки аз ин корҳо даст бардошта шавад, кадом яке авло аст: иттиҳод ва якпорчагӣ ва ё лаъну нафрин? Ин ҷо дигар посух мисли рӯшании хуршед возеҳ аст”.

Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода таъкид дошт, сабаби ин ҳама бесаводӣ ва фатвоҳои афроде мебошад, ки аз пеши худ муфтӣ шудаанд: “Бояд ҷилави ин ҳарҷу марҷ дар фатво содир карданҳо гирифта шавад. Ҳаққи фатво доданро фақат бояд фақеҳони ҷомеъушшароит дошта бошанд”.

Дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом”, ки аз 23 то 24 ноябри соли равон дар Эрон баргузор шуд, беш аз 300 донишманд ва руҳонии исломӣ аз гӯшаву канори олам иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар он Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ва Абдулло Муҳаққиқ иштирок доштанд.
Мӯҳр
abdulloh
Максад аз ин (суннии бесавод ки сохиби минбар шудааст)эшони домуло Киро дарназар дошта бошад?Агар рафту назари ин Хочи Турачонзода он бародархое ки дар шабакахои Чахонии "нур ва висоли хак ва калима"бошад' эшони Турачонзода хеле галат ва хатогии бузург карда АСТ.балки гуяндаи ин ибора бесавод АСТ!!!

Саид
Холо душманони ин хонавода барзидшон гапхое мегуянд, ки еасос! лекин ман ба ин гуфтахо сад дар сад чонибдорам агар шумо хонандагони гироми ахамият дода бошед аз рузе донишмандони шинохта аз минбархо гирифта шуданду ба мили Саидмукарам раиси уламои нав руи минбари Ислом омаданд ва фурухтани фитахои исломи аз бозорхо чамкарда гирифта шуд гаравидани чавонон ба гурухои ифротгарои руз то руз авч гирифт... ва мо бо боварии комил гуфта метавонем ки агар хамингуна рафтан гираду минбархои исломро чои таргиби сиёсати давлатдори кунанд якинаст, ки аз ин бадтар мешавему хубтар не. лекин Худо окибаташа хуб гардонад...

Мехр
Хамаи ин муллохо бузургиро дар симои худ мебинанд. Ягон олим ва ё муллои мусулмонро надидем, ки якдигарро эътироф кунанд. Одам, ки аз илми Иллохи бохбар шуд, албатта бояд ботавко, халим, хоксор ва логар гардад. Аммо дар чомеаи мо баръакс - худписанд, минбарталаб, фарбех, кабех ва фукчухт мешаванд. Агар овози ин кабил шахсонро аз Минбар ба Мохвара бардорем, дигар Худо медонад ба замин фаровардани онхоро. Марзи муллохо муайяк карда шавад аз Хона рост ба Масчид ва баръакс. агар кадомаш духтур, мухандисс, сохтмончи ва тадикотчи бошад бисёртар лгот додан даркор.

Ситора
Офарин Ба Шумо Хочи Акбар Турачонзода Он чизе аён аст Хочат ба баён нест

Дар солхои чанги шахрванди хамин Турачонзода бо мусоидати ХНИТ миллати точикро "кофир" хонда буд ва чандин одамонро ба катл расонида буд. Холо бошад боз садо баланд карда истодааст. Ба гуфтахои у ва Кабири гуш додан лозим нест, зеро онхо бо истифода аз ислом ба миллат хатар доранд!

Мухтарам Турчонзода бо "шиа ва суннии бесавод соҳиби минбар шудаанд” гуфта "Гуё" худашро дар назди хозирин сафед карда истодааст. Ба худо касам ман аз як чиз хайронам, ки дар як мачаллае маколае бо номи "Васвасаи ахримани" хондам, ки дар он дар бораи чи хел бо фармони ин "минбарталаби вазифадустдори" Х.А.Турачонзода чи тавр одамонро ба катл расонидаанд. Чи хел амалхои террористии вахшиёнаро бо фармони ин афрод содир намудаанд. Агар ки у аз "Минбари боло" барояд чи мегуфта бошад?????????????

abdulloh, дустамт ва висоли хак он шабакахои нур ва калима онхо хамашон таъсисдодаи аврупо хастанд ки ду чамбаи исломро бо хам мухолиф мегузоранд

Агар ин гуна Шабака таъсис ёбад бисёр кори хайр мешавад зеро
Шабакахои Ба монанди Калима-Нур ки Сармоя гузори инхо Яхуду
Амрикост Чавонои мора Салафи шудаанд Аслан онхо дар Либоси
Ахли Сунат даромадиян Суни нестан онхо Вахоби Салафи хастанд онхо

Бовар кунед..ташкил кунанд..баъд аз як хафта хамаи муллохо..хочихо..ва шайххо..байни худ чанчоле мекунанд, ки.....мо шохид мешавем...о фарханги сабру таокат дар онхо умуман нест....боз он..ки хамин турачонзодахо худ зидди ин телевизион баромад мекунанд..бовар кунед замин тавр мешавад.....чунки пешниход..ин химояи манфиати худ на Ислом...телевизион бошад..манфиати тамоми мусулмонхоро химоя мекунад..

Точик
ма хайрон чихел дар сарзамини шиа сунихо баромад мекунан ино сунихоро чунон бадбини мекунанд ки хаду канор надорад!...

Ором
Бале дуруст мегуед чаноби Турачонзодаю Хамин ханафии асоси шумо мондед дар Точикистон ин дигархо хама ба ном ханафи вале дар асл салафи вахоби хастанд.

Abdulloh
Абдуллохи Мухаккик мусалмон шудааст, ки аз номи Ислом сухан мекардааст? Ачабоооооооооо???????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)