Бахшҳо

Нигаронии Раҳмон аз ноадолатиҳо дар тақсимоти нерӯи барқ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии ҳукумат, ки имрӯз, 28 ноябр доир гардид, аз ноадолатиҳо дар бахши тақсимоти нерӯи барқ ба мардуми кишвар нигаронӣ намуда, барои ҳалли ин масъала ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас додааст.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласа ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштааст, низоми муайяншудаи тақсимоти барқ пурра ва бидуни саҳлангорӣ риоя карда шавад. Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон инчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли равон, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дафтари матбуотии райисиҷумҳур меафзояд, дар ҷаласа раҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин нестанд, гуфтааст, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 26700 гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Бо таваҷҷуҳ ба арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва меллиоративӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Раиси ноҳияи Носири Хусрав зимни ҳисоботаш гуфтааст, феълан дар ин ноҳия 33 ҳазору 600 нафар зиндагӣ мекунад, вале бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳо, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ, пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Мӯҳр
намедонем
акнун огох шудед?

Мусофир
Афсонахои нав ёфт намешавад магар 20 сол боз бебарк хастем

БАХУДО КАСАМ 5,45 ГИРОН МЕКУНАД СОАТИ 8,30 ХОМУШ МЕКУНАНД

Гармии беватан
Постановлением правительства № 643 от 14 октября 2014 года, за подписью Эмомали Рахмона, попавшей в распоряжение «АП», задолженность Государственного унитарного предприятия «Рохи охани Точикистон» на сумму 74,3 млн. сомони по таможенным пошлинам, налогам на добавленную стоимость и процентам по ним, образовавшаяся при таможенном оформлении товаров и транспортных средств, будет списана.

постановления правительства № 643 от 14 октября 2014 года, за подписью Эмомали Рахмона, попавшей в распоряжение «АП», задолженность Государственного унитарного предприятия «Рохи охани Точикистон» на сумму 74,3 млн. сомони по таможенным пошлинам, налогам на добавленную стоимость и процентам по ним, образовавшаяся при таможенном оформлении товаров и транспортных средств, будет списана.

як сола фойдаи алюминзавода да киса назанену аз хамун маблаг дар дараи ширкент як ГЭС созен талаботи завода бароварда тона

Пеш аз интихоботи парлумони боз ба чашми мардум хок пошидани.

ТАШНАИ АДОЛАТ
боз нигарон мешудааст... angry ....гуё бехабар...хммм

ЧАМИК
Аз вакте худама мешиносам ин афсонахо буд ба мисли он ки соли 2008 ё 2009 ваъда дода буданд, ки мо ба мардум доими куваи баркро медихем лекин афсус ки дах зимистон гузашт аз ваъдаи холи хеч нашу! Хади акал хамон 3-соати пурраи гуфтагитона ба мардуми бечора тиен! Охир наход Афгонистонро бо барк таъминкунед дар холе мардуми бечораи точки азияткашида солхост бе куваи барк шинад! Ба Худо касам хамучун як сокини кишвар шарм мекна аз хамон лофзанихое, ки мо мегуем истиклолият дорему ва 23 сол мешавад мо дар фазои озоду зимистони торику сард умр ба сар мебарем! Факат хамикадар гуфтаниям, ки дигар мардум хечгох ба ин сафсатахоятон бовар надоранд чанобон!

Фаррух
Холтон ай ида бад халки бемаънию тарсончак. Бшинен бе свет

Мухтарам Чаноби Оли шукрона кунен мегуед. хамин шукронаро факат мо халк кунем. Як бор Шумо шукрона намекунен, ки бигуен мо чунин халки ба хама бе баркию ноадолатихо токаткунанда дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)