Бахшҳо
29 ноя 2014 09:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Душанберо аз тоҷикон холию бо пулдорони хориҷӣ пур мекунанд?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳафтаи сипаришуда аз дастрасии мушкили мардум ба манзилҳои истиқоматӣ нигаронӣ кард. Ӯ бо ишора ба фоизҳои баланди бонкҳои тиҷории Тоҷикистон аз Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон хост, механизмеро роҳандозӣ намоянд, то мардум тавони гирифтани қарзҳои ипотекиро дошта бошанд. Дар робита “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: Барои дастрасии аҳолӣ ба манзил чӣ бояд кард?

Исмоил Талбаков, вакили парлумон
Имрӯз дар Аврупо, Амрико, Русия, Туркаманистон ва Қазоқистон яке аз роҳҳои ба манзил таъмин шудан ипотека аст ва ман бо гуфтаҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин маврид ҳамфикр ҳастам. Чун дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои тараққикардаи Тоҷикистон сохтмон бо як суръати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷарён дорад, вале мутаасифона мардум ба ҳамин манзилҳои истиқоматӣ дастрасӣ надоранд. Мардум тавони пардохти нархи ин хонаҳоро надорад. Роҳҳали ин қарзи ипотекист, ки давоми 20-30 сол мардум бояд бо истифодаи он соҳиби хона шаванд. Мо қонун дар бораи ипотека қабул кардем, вале механизми иҷрои он бояд рӯи кор биёяд. Ин масъала аз ҷониби бонкҳо, ба як по не, ба ду по лангида истодааст.

Баҳром Шарипов, коршиноси умури бонкӣ
Қарзҳои ипотекӣ аз тарафи бонкҳои ватанӣ ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон дода мешавад, аммо дар ҳаҷми ниҳоят кам. Чун захираҳои дарозмуҳлат дар ин бонкҳо вуҷуд надорад. Сохтмони манзилҳо аз ҳисоби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷараён дорад, вале агар аз тарафи аҳолӣ ва бонкҳо дастгирӣ наёбад, иқтидори онҳо ҳам заиф мегардад. Ҳоло бонкҳо омода нестанд, ки ба муҳлати дароз ба мардум қарз бидиҳанд. Бояд системаи бонкдорӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбад ва ҳам сохторҳои нав чун биржаи коғазҳои қиматнок ва ташкилоти суғуртавии ватаниву хориҷӣ ташкил гардад. Бар илова сатҳи молиявии аҳолӣ бояд баланд бардошта шавад. Ин раванди як ё дусола нест.

Ҷамшед Латипов, иқтисоддон
Бояд пеш аз ҳама фоизи қарзро поён овард. Дар Аврупо фоизи солонаи қарз барои хариди хона 3 дарсад аст, дар Тоҷикистон бошад, аз 30 фоиз бештар. Яъне, 10 маротиба баландтар аз Аврупо. Одами қарздор, то пардохт кардани он “миёнаш мешиканад”. То замоне фоизи бонкро ба ҳадди Аврупо нарасонем, ягон фоидае аз низоми бонкии мо ба мардум нест.

Хуршеди Атовуллоҳ, журналист
Бо дарназардошти сохтмони босуръати биноҳо ва мавҷи пули муҳоҷирон дар Тоҷикистон, метавон тахмин зад, ки қимати манзил дар Душанбе ба таври сунъӣ гарон нигоҳ дошта мешавад. Нархи манзил ба ҷои кам шудан, баланд мегардад ва гуё манзил дар пойтахт на барои аҳолӣ, балки барои доираи маҳдуди мансабдорону соҳибкорон сохта мешавад, ки онҳо ҳам тахминан аз панҷ то 15 фисади аҳолиро ташкил менамоянд. Ба наздикӣ бошад, мақсади ҳукуматдорон маълум гардид: Ба ширкатҳои хонасози Кувайт иҷоза доданд, манзилро ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯшанд. Ин маънои онро дорад, ки дар даҳсолаи наздик шаҳр аз тоҷик холӣ шуда ба шаҳре, ки дар он касе пул дорад ва метавонад бизияд, бадал мешавад. Бо имтиёз хона доданро махсус барои амалӣ кардани ин мақсад барҳам доданд.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Роҳи соҳиби хонашавии мардум паст кардани фоизи қарзи ипотекист. Дар Тоҷикистон ҳам мисли Русия дар коғаз фоизи кам менависанду дар амал фоизи зиёдро сари мардум мебанданд. Дар Қазоқистону Қирғизистону дигар кишварҳо фоизи он 12 дарсад аст ва мардум метавонанд қарзи ипотекиро баргардонанд. Агар қарзи ипотекӣ дар Тоҷикистон 24 фоиз бошад, ин хеле зиёд аст, барои ҳамин мардум онро намегиранд, чун баргардониданаш мушкил аст. Агар мехоҳанд мардуми Тоҷикистон аз қарзи ипотекӣ истифода бурда соҳиби хона шаванд, бояд онро то 14-16 дарсад поин биёранд. Зеро бонкҳои тиҷоратӣ худ қарзро аз Бонки миллӣ арзонтар мегиранд. Мушкил инҷост, ки дар қонуни бонки Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки Бонки миллӣ талаб кунад, то фоизи қарзро баланд набаранд. Аз ин рӯ Бонки миллӣ ҳам наметавонад ба онҳо дастур диҳад, ки фоизи қарзро боло набаранд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ
Барои он ки мардум имконияти харидани хонаҳои замонавиро дошта бошанд, ба онҳо шароити мусоидро ҷиҳати амалӣ намудани имкониятҳояшон давлат бояд фароҳам созад. Таъмини зиндагии шоиста, доштани музди меҳнат, ки на танҳо талаботи аввалиндараҷаи мардумро қонеъ гардонад, балки барои нигоҳ доштани пасандози онҳо дар муассисаҳои бонкӣ низ расад. Вале вақте нишондиҳандаҳои омориро таҳлил менамоем, маълум мешавад, ки синфи миёна то ҳол ташаккул наёфтааст ва сарвати миллиро қишри ниҳоят маҳдуди ҷомеа, ки хизматчии давлатӣ ё наздикону пайвандонашон бо истифода аз муносибатҳои коррупсионӣ ва имтиёзҳои давлатӣ истифода мебаранд. Арзиши биноҳои нави истиқоматӣ хеле гарон буда ба ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ бо роҳи қонунӣ бинобар паст будани қобилияти харидорӣ аксарияти мардум ба онҳо имконияти дастрасӣ надоранд. Бо дарназардошти воқеияти сатҳи зиндагии шаҳрвандон шояд механизми ба муҳлати тулонӣ ва бо фоизи камтар додани карзҳоро низ муассисаҳои бонкӣ баррасӣ кунанд.

Дилшод Муллоев, иқтисоддон
Қарзи ипотекӣ вуҷуд дорад, гарчанде он хеле дастнорас ва сангин аст. Мардумро доро намудан даркор аст, баъд худаш мехарад. Баъдан ин танҳо вазифаи Бонки миллӣ нест, ин вазифаи ҷонии мақомоти маҳаллӣ низ ҳаст. Ин кори содда нест, барои ин бояд барномаи миллие қабул намуда, онро қадам ба қадам бояд амалӣ намуд. Он бояд дидгоҳи комплексӣ дошта бошад. Масалан, пешниҳоди имтиёзноки замин аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, аз ҷониби худи истифодабарандагони ояндаи манзил созмон додани кооперативҳо ва сохтмони он. Яъне, давлат ин ҷо бояд масъулиятро бо шаҳравандон тақсим намуда барои онҳо мусоидат намояд. Сабукиҳои андоз барои сохтмончиён, аз маъмурикунии сахт озод намудани онҳо, пешниҳоди субсидия ва дотатсия ва ғайраҳо.
Мӯҳр
Ситора
Э вой Дод Барои чи ин Хукумат фикри Шахрвандони Худашро намекунад Ба Гуфти Кумондони Сахрои Бадахшон Мухамадбокир Ин шахри Душанбе аз Падар ва Бобо Мерос намондааст ки ба шахрвандони Хоричи ичозат дихад ки хонахои истикомати Шахри Душанберо харидори кунанд Точикро дар Ватани Худаш хору зор мекунанд Боз мо аз Русхо Гила мекунем Илтимос чоп кунед

Фаридун
Офарин ба шумо Апаи Ситора Он чизе аён аст хочат ба баён нест Наход Точики Камбахал дар Шахри Душанбе 10 сол бад зиндаги карда натавонад

Точик аз дасти хамин Бахили ба хеч кучо намерасад Наход Туркхо Ё Аврупоихо омада Душанберо хонахои истикоматиашро гиранд Ки ичозат медода бошад

Офарин Апаи Ситора Ба фикрам ин Хукуматдорони имруза барои Карзро баргардондан ними шахри Душанберо ба Хитоихо медиханд Хамсояамон мачбури аз шавхараш баромада Беемон бо як Хитои хонадор шуд боз шарм надошта фахр мекунад Мегуяд ки Хитои хона харидам Хонаат сузад духтардор

Dev
“Даҳсолаи наздик шаҳр аз тоҷик холӣ шуда ба шаҳре, ки касе пул дорад метавонад бизияд, бадал мешавад”
Hub meshavad. Ba shahri Dushanbei tojiknishini hozira menigari hajratzada megardi. Ohir barodaron, in pojtaht ast, markazi madaniyatu farhangi mo tojikon ast, pas on boyad shahri ozoda boshad, na in ki chun hozir ahlotzadavu dashnomhurda boshad. Agar hudo kunadu hamon horijiho baroi zist ba Dushanbe oyand, dar katori onho mo tojikon okibat madaniyati shahrnishiniro meomuzem,madaniyati raftoru kirdorro meomuzem.Ba Dubaj nigoh kuned , ba Istanbul nigoh kuned,onjo horoijo koru zindagi dorand va beshak tarzi zindagivu raftoru kirdor az digar shahrhoi osijogi(manzuram shahrhoi musulmonnishini "purmadaniyati" osijogi) fark mekunad.

Дилам хамикадар мондагияй ки арзат дар ягон ниход намегзара лекин Худованд ваъда додааст ки хака ба хакдор мерасонам ман сабурам сабури мекунам Худое

Darvesh
Hami Dilshod Mulloev ki ast??? Vazifai khudut Presidenti Jumhurii TJK shudan ast. Dar haqiqt iqtisoda mefahmiday brat!!!!

Шухрат
Точики бечора меравад Россия бо чи азобхо маблаге ба даст меорад, ба умеде ки хона мехарад,ва назди ин хона меояад нархи хонаро мефахмад,ки маблаги ба даст овардааш кифоя нест,ва ноилоч басуи хона нигох мекунад,ки ногох як нафар сарватманд аз хорича омада аз пеши шашмони у хонаро сохиб мешавад.Баъд чи мешавад Точик дар Точикистони худ бе манзил (хона) як хоричаи ношинос сохиби манзил.ки ин хоричие,ки аз Точикистон хона мехарад албатта ки дар ватани худ хаминхел хона дорад.Ман фикр мекунам ,ки агар хаминхел рафтан гирад шояд ки баъд аз чанд аср номи точик нест шавад.

Нав бедор шудед, хадаф хам хамин аст, бояд точик боз ба кухистон баргардад. сенаряи хамон Самарканд ва Бухоро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)