Бахшҳо
29 ноя 2014 12:06Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ ва “Единая Россия” равобити худро тақвият мебахшанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо Андрей Климов, узви Шӯрои Раёсати олии ҳизби ҳокими Русия - “Единая Россия” ва муовини раҳбари кумитаи Шӯрои Маҷлиси федеролии ин кишвар оид ба равобити байналмилалӣ мулоқот кардааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ рӯзи 29 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, вохӯрии Кабирӣ бо Климов дар ҳошияи “Анҷумани умумии ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё: Дастовардҳо ва чолишҳо” дар шаҳри Қазон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҷонибҳо дар ин дидор баъзе аз масоили минтақавию байналмилалиро ба баҳс кашида, хостори тақвияти равобити ҲНИТ бо “Единая Россия” ба хотири манофеи ҳар ду миллат шудаанд.

Ӯ мегӯяд, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик, афзоиши ифротгароӣ дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва нақши аҳзоби сиёсӣ дар ҳалли ин мушкил яке аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо намояндаи ҳизби ҳокими Русия буд.

Сухангӯи раиси ҲНИТ афзуд, интизор меравад, Муҳиддин Кабирӣ дар доираи ин сафараш ба Русия бо муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишвар мулоқот кунад. Ин вохӯрии Кабирӣ рӯзи 30 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Алфа”, воқеъ дар наздикии метрои “Партизанский” соати 12:00 шурӯъ хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ситора
Офарин Ба шумо Мухидин Кабири Шумо Ситораи Исломед дар Чумхурии Точикистон Худованд Хизби Шумо дар интихоботи дар пеш истода галаба ба даст орад

оиша
Кабири тайериатро бин барои ин мулокотат.Зайдро тока намонедСитора,

[b]Ситора[/b
Яке ту ситораи исломию яке хами мухидин

Исфара
Хнит хамеша пируз буд пируз мемонад!

Мухидин К гап нест зинда боши шери нар хайрихат ки хасти вагарна динни Ислом дар Точикистон хору залил мегардид!

Ana i diga gap Xudovan shumoro hamesha nigahbon bosha oghoi Kabiri va inshoAlloh ki ghalaba qarib ast

бародархо як бор таьрихи ХНИТ ва кабирия омузед ва бо як далели мушаххас гуед, ки барои дини ислом чи коре карданд. дар таьрихи ин хизб аз замони фаьолияти чосусонааш то имруз ки кариб ним аср аст, кори хайре накардаанд. ба чуз хангомаю изхоротхои маккорона. хадафшон мансаб аст. фаромуш набояд кард ки суйистифода аз дин ба ифроту таассуб мерасонад ва инро аз тачрибаи хамин хизби макккор ва асосгузорони худхохаш дар ед дорем.. агар хаит барин ашхоси хангоматалаб то хол дар пешгохи ин хизбанд алхазар аз пайравишон бояд кард... сабабгори фирори як миллион точик ва хорию зиллатшон дар афгонистон хамин хизби мутаасиб буд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)