Бахшҳо
01 дек 2014 09:11Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти яке аз Зиёевҳо дар Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти Аҳад Зиёев, фармондеҳи қисми низомӣ дар маҳаллаи Ёмҷи Бадахшон хабар доданд, ки барои ҳамдастӣ дар қочоқ муттаҳам мешавад.

Аҳад Зиёев, капитани 27-сола, ки яке аз бародарзодаҳои Мирзо Зиёев, фармондеҳи кушташудаи ИНОТ арзёбӣ мешавад, бо нишондоди як сокини маҳаллӣ, ҳафтаи гузашта боздошт гардидааст. Ба иттилои манобеи “Озодагон” сокини маҳаллӣ, ки зимни интиқоли 210 шишаи арақ ба Афғонистон боздошт шудааст, шоҳидӣ додааст, ки ба ин кор бо мусоидати Зиёев даст задааст ва гӯиё, аз ӯ барои убури марз иҷоза гирифтааст. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аҳад Зиёев ягона намояндаи хонаводаи Зиёевҳо нест, ки дар пушти панҷара қарор дорад. Дар пайи куштори Мирзо Зиёев, ки моҳи июли соли 2009 дар шарқи Тоҷикистон сурат гирифт, чанде аз наздикони ӯ боздошт гардиданд. Тибқи маълумоти расмӣ генерали 58 сола, ки баъди аз курсии вазорати ҳолатҳои фавқуллода сабукдўш шуданаш дар Тавилдара ба сар мебурд, аз тири ҳаммаслакони худ ба ҳалокат расидааст.

Дар пайи ҳаводиси тобистони соли 2009, моҳи августи соли 2010 додгоҳ писарони Мирзоев-Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммадро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи кишвар гумонбар буданд, дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим шинохта мутаносибан 29 ва 30 солӣ равонаи зиндон кард. Аммо баъди сару садоҳои зиёд ва эътирозҳои паёпай аз болои ҳукми мазкур додгоҳи таҷдиди назари Суди олӣ дар моҳи феврали соли 2011 аз мўҳлати ҷазои фарзандони Зиёев 15 солиро лағв кард.

Яке аз бародарони генерали собиқ Абдусамад Зиёев аз толори додгоҳ озод шуд, вале чанди дигар маҳкум ба зиндон шуданд. Яке аз маҳкумшудагон, Сулаймон Зиёев, бародари 27-солаи Мирзо Зиёев, баъди ду моҳи раҳоияш аз зиндони Ёвон, баҳори соли равон худро дар Тавилдара ба дор овехта буд.
Мӯҳр
Асалому алайкум бародарони азиз!
Ман як чизро гуфтаниям, ки писарони Мирзо Зиёев хеч гунохе надоранд. Барои мисол писари дуюмгии Мирзо Зиёев "Мухаммадризо" чихелеки ман дар бораи ин чавонмард шунида будам, дар ДМТ солхое ки Мухаммадризо дар ончо тахсил мекард танхо гапхои нек ва шахсияти бекина буданашро шунида будам ва боваридорам, ки то хол хамингуна шахс хаст. Як писари Худо тарс, покдил, поквичдон ва пок рафтор аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)