Бахшҳо
01 дек 2014 10:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кабирӣ таҳиягарони матолиби зиддинаҳзатиро ифшо кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар таҳияи навор ва матолиби “антинаҳзатӣ” бархе аз кормандони Академия ва соҳаи илми кишварро айбдор кардааст.

Раиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябр дар вохурияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад.

“Як гурӯҳ дар академия нишаста аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд ва танҳо корашон навиштани мақолаву таҳияи матолиб зидди як ҳизб, як рӯҳонӣ ва модари тоҷик аст. Онҳо бо ин корашон чеҳраи бад ва зиште аз миллат ва модари тоҷик намоиш медиҳанд. Магар вазифаи онҳо ҳамин аст?”

Муҳиддин Кабирӣ аз он нигаронӣ кардааст, ки ин бархе кормандони илми тоҷик ба ҷои тавлиди андешаҳои наву ихтироъкорӣ ба пайгирии суҳбату мусоҳибаҳои масъулини ҲНИТ пардохтаанд: “Ба ҷои он, ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”

Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки ахиран боз навори видеоии маҳрамонае алайҳи яке аз фаъолони ҳизбаш ба интернет роҳ ёфта буд. Дар ин навор лаҳзаҳои ишқварзии як зани тахминан 50-сола бо ҷавоне сабт шудааст, ки таҳиягарон аз ӯ Ғалатӣ Баротова, узви фаъоли ҲНИТ ном мебурданд.

Аммо худи Ғалатӣ Баротова дар лаҳзаҳои аввали пайдоиши ин навор онро маҳкум карда, гуфт, ин навор ҳеч рабте ба ӯ надорад. Ин узви фаъоли ҲНИТ таъкид кард, барои пайдо кардани “қаҳрамон” ва таҳиягарони он ба ҳар нафари масъул 25 ҳазор доллар мукофот хоҳад дод.
Мӯҳр
А. Рустам
Окои Кабири чун "А"-ро гуфтед, бояд "Б"-ро хам бигуед. Оё кормандони академия бо хосту майли худ ин "кашфиётхо"-ро мекунанад ва ё факат мучрии амру супориши дигаронанд? Наворхои фахш ва зиддимилиро аз тарики шабакаи телевизиони милли ки пахш мекунад? Маъракаи ифшогарии "секси муллохо" барномаи густардаест, ки Академияи улум аз пеши худ наметавонад онро рохандози бикунад....
Кабири низ дар бештари мусохиба ва маколахояш аз усули "шохи одил, ки аз кирдори нафратовари зердастонаш хабар надорад" кор мегирад.... Ва тарс ва ё "мулохизаи сиёси" ичоза намедихад асли казияро ифшо бикунад.... , ки

Саймуъмин
хайр инашро хам руйрост мегуфти, ки миллатро ноточикон бадном мекунанд ё аз аккалиятхои милли тарсиди? Кабири

Ку ягон кас "секси мансабдоронро" ифшо кунад... Хаст хамин тавр шердил? Хар руз дар кучаву хиёбонхо ва ресторану клубхо шохиди пешмархамии бархе аз "мошини давлати" саворонро мебинем. Боз мегуед Кабири гунахкор аст? Чаро бархе аз "нависандахо" дар инчо Кабириро хамчун "Шохи одил" дарч карда, худ фикр намекунанд, ки ин амали ифлоси видеои пагох модар, хохар ё хамсари уро метавонад дар бар гирад? Ё мафхуми "халки точик" танхо оилаи шуморо дар бар мегираду халос? Кабири рост мегуяд: Идея нест - антиидея чояшро мегирад...
Худо хакро нохак наменамояд! Аз хотир набароред!А. Рустам,

мард бош
то хамин лахзара гумон мекардам, ки Кабири босавод аст, мутлако фикрам дигар шуд, наход, ки сабаби ин бефаросатихора, ки аз кудаки богча то пири барчомонда медонад, ки ин маводи бадномкунанда аз чониби кадом гуруххо тархрези шуда ва эшон ба кадом мафкура ва миллат тааллук доранд, надони? ту боши сафсатта гуптости.... аз худат Мухиддинчон, муллои хуб ё муаллими бехтарин шояд барояд, факат сиёсатмадор на.

Тасаввур намекунам он шахсеро, ки навори мархамонаи каси дигарро тахия мекунад. Барои чунин наворро тахия кардан, хеле пасту разил будан даркор! Фикр надорам, ки академия ин гуна маводро тахия карда бошад. Чунки то хол чое нашунидаам, ки академияи улум бо корхои видеои сару кор гиирфта аст. Ин даъвои бисёр сахт аст, мухтарам Кабири. Андеша карда сухан гуфтан хоси сиёсатмадорони окил аст. Бо ин даъво нишон додед, ки шумо окил нестед!
Дар мавриди маколанависи бошад, ман як хонандаи одии газетахо хастам ва аз ин маколахо хушам меояд. Чунки 20 сол даста ба дасти Шумо буд ва чи кор кардед? Хизбатон хамаро мотамзадаву сиёхпуш кард. Занхои сияхпуши душанберо мебиниву талхакаф мешави. Хукми зани муаллим харом, фарзанди муаллим хароми, ки солхои навад "баромада" буд, дар зехнхо нишаставу амали мешуд. Тасаввур мекунед, ки чи кадар муаллимхои арзандаро ин "хукми" разилона хор карда хатто ба сактаи дил расонд. (Ман фарзанди муаллим хастам ва хуб медонам, ки обруи муаллимро аввал хамин гуфта резонд)
Дигар он ки даъвои Шумо аз номи хизби Худо танхо барои курсиву манфиатхои шахсиатон хаст. Фарз кардем, ки Шумо сохиби кудрати шудед. Чи тагир меёбад? Холо "харамсарохои" кудратмандон гайрирасмиву пинхони аст, он вакт хама ин фасодихо шаръи мешавад. Чанд занаги хох шаръи бошаду хох гайришаръи аз нигохи тибб хатархои зиёде дорад.
Порахури нест мешавад? Шумо хам бандахои худо хастед ва нафс доред. Илм рушд мекунад? Дар кадом кишвари исломи илм рушд кардааст, ки шумо ба он муваффак шавед? Мо аксаран аз дастовардхои илмии дигарон истифода мебарему халос. Дар ин дунё мо умсулмонон "истеъсолгар" халос.
Ман хамчун як шахрванд хурсандам, ки академия фикри рушди чомеаро аз рохи илм пеш гирифтааст. Ин рузхо хам мерасидааст. Хайрият!

душанбегӣ
амина,
Манзури ҷаноби Кабирӣ он аст, ки бархе аз кормандони Академия (мушаххастар як марказча дар Институти фалсафа аст, ки бо ин корҳо машғул аст) бо навистани мақолаҳои ғаразнок машғуланд. Ин одам нагуфтааст, ки академия бо наворгирӣ машғул аст, як чизро каме дурусттар хонед. Наворҳоро дигарон ба навор гирифта истодаанд, ки буданашро намедонам, аммо инҳо ба беҷазо мондани худ боварӣ доранд ва на аз қонун на аз мардум комилан тарсу хавф надоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)