Созиши Душанбею Теҳрон барои рафъи маҳдудиятҳо дар табодули китоб

Мақомоти Тоҷикистону Эрон санади ҳамкориҳои фарҳангию ҳунарӣ имзо карданд, ки табодули китоб миёни ду кишварро осон мекунад.
Ин санад рӯзи 1 декабр дар вохурии Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе имзо шудааст. Ба иттилои хабаргузориҳои эронӣ, дидори Орумбекзода бо Фағонӣ дар доираи сафари расмии вазири фарҳанги Тоҷикистон ба Эрон дар шаҳри Теҳрон сурат гирифта, ҷонибҳо алоқамандии худро дар робита ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар баён доштаанд.
Муаррифии нашриётҳои муътабари Тоҷикистон ба ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе барои касби мувофиқат, гирифтани саҳмияи иштирок дар 28-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, осон кардани иҷроӣ ва амалии табодули китоб миёни ду кишвар дар Хадамоти гумрукии Тоҷикистону Эрон аз ҷумлаи тавофуқоти дидори Фағонӣ бо Орумбекзода будааст.
Бар асоси ин санад, ҳафтаҳои фарҳангии ва филм дар кишварҳои якдигар, мубодилаи гуруҳҳои намоишӣ ва мусиқӣ барои ширкат дар ҷашнвораҳои миллӣ ва байналмилалӣ, табодули коршиносон барои боздид, табодули назар ва эроди суханронӣ дар заминаҳои бостоншиносӣ ва ширкат дар семинарҳои илмии якдигар сурат мегирад.
Имзои санади ҳамкориҳои фарҳангию ҳунарӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳолест, ки он дар баёнияи Кумисюни муштараки ду кишвар тобистони соли равон барои як давраи сесола эълон шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |