Бахшҳо
02 дек 2014 15:11Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон раисони 8 шаҳру ноҳияро иваз кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми декабр бо судури як қатор фармон раисони бархе аз шаҳру навоҳии кишварро иваз намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Матлубахон Сатториён иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд таъйин гардидааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси шаҳри Истиқлол ва узви Маҷлиси Миллӣ фаъолият доштааст.

Худойназар Амонзода, ки бо фармони раисиҷумҳур иҷрокунандаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин гардид, қаблан раиси шаҳри Қайроқум будааст. Акнун бо фаромини нав Амонзода ба ҷои Сатториён рафту Сатториён ба ҷои Амонзода омад.

Инчунин тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур Шарбатулло Девонаев, ки то ҳол директори хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-и Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор буд, раиси ноҳияи Вахш ва Рамазон Оймаҳмадов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин гардидаанд.

Баробари ин, Ғайбулло Боҳиров, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, Маҳмадҷобир Ризоев раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғайрат Азизов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд.
Мӯҳр
Ватандуст
Чаноб хами Эмомназари Расулиён, раиси нохияи Файзободро хам яктарафа накардед чонамон халос шавад

Оптимист
Ватандуст,
Иншооллоҳ, халос мешавед! Худо гӯед...

Dev
Шарбатулло Девонаев, ки то ҳол директори хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-и Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор буд, раиси ноҳияи Вахш таъин гардид." In chi kasbest ? Kassobi hukumat jo ?

калтак
аз чойивазкунии чамъшавандахо сумма тагир намеёбад

Ф. Бунёд
Дар Файзобод фаъолият доштани Имомназари Каримиён ба манфиати мардуми шарифи Файзобод аст. Зеро И. Каримиён марди содик, сазовор ва кордону серталаб аст. Файзобод бо у обру хохад гирифт, инкишоф хохад ёфт. Ба И. Каримиён барори кор хохонам.

Фидои
кори мардон гармиву рушнои аст,
кори дунон хиллаву бешарми аст.
Ин кадар Файзобода си

одами ободгарро Худо низ нагз мебинад. И. Каримиён марди часуру адолатпешааст.

бойтура
lol сахтгирихои раиси нохия барои пешравии чомеъа аст ва баъзе танбалхоро намефорад

Alibobo
бойтура,
Ofarin janobi Boitura gapa haqasha gufted

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)