АКС: Аз корҷӯии қирғизҳо то ишқбозии тоҷикон дар истгоҳҳо
Истгоҳу дару деворҳои кӯчаҳои Душанбе моломоли таблиғи консерти сарояндаҳо аст. Дар Бишкек сари ҳар қадам эълону таблиғи кору хизматрасонӣ ба чашм мехӯрад.
Девори истгоҳҳои мо гӯиё ҷои навқаламон аст, ки орзӯи ҷойгузини Леонардо ди сер Перо да Винчи, маъруфтарин рассоми итолиёвӣ шуданро доранд. Барои бархеи дигар, ки онро рамзан “Маҷнунҳои муосир” меномем, он тахтаи муҳаббатнома аст. Дар Бишкек девори истгоҳҳо он чунон бо варақпораҳо “гулкорӣ” шудаанд, ки ҳатто клипсози Аниса дар суруди “Чи кунам?” он қадар коғаз ҷамъ наёварда.
Бештари ин варақпораҳо ба хоҳишмандон ҷои кор пешниҳод мекунанд. Дар қисме аз онҳо таъкид мешавад, ҷавонон ва ба вижа донишҷӯён имкони соҳиби кор шуданро доранд. Аммо дар ин баробар хизматрасониҳо низ аз бахши муҳими ин эълону таблиғот аст. Дар он дилхоҳ хизматрасониро мешавад пайдо кард: аз рубучини хона, шӯстани либосу зарфҳо, саёҳату варзиш, омӯзиши забону компютер то хӯрдану пӯшидан...
Бар илова, чанд газета, бо шумули нашрияҳои ҳаррӯза ва сомонаҳои интернетӣ комилан ба мавзӯи пешниҳоду кору хизматрасонӣ бахшида шудаанд.
Шояд хулосаи як хориҷӣ, ки ҳамзамон аз ин ду пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан мекунад, ин шавад - дар Душанбе ҳама бо ҷои кор таъминанд ва танҳо ниёз ба фароғату тамошои консерт доранд. Дар Бишкек бошад, вабои бекорӣ мардумро сироят карда аст. Аммо оё воқеият ин аст? Намое аз истгоҳҳои ДушанбеНамое аз истгоҳҳои Бишкек
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |