Сироҷиддин Аслов ба Швейтсария рафт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расмӣ озими Швейтсария шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, Аслов рӯзи 3 декабр ба Швейтсария сафар кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз ин сафар ҷаласаи 21-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мебошад, ки қарор аст, дар шаҳри Базели Конфедератсияи Швейтсария баргузор шавад.
Дафтари матбуоти ВУХ илова кардааст, ки “дар ҳошияи ин ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои САҲА ва созмонҳои байналмилалии муқими Женева дар назар аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |