Боздиди сафири тоҷик аз вилояти Краснодар
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни боздидаш аз вилояти Краснодар масоили ҳамкориро бо ин минтақа баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия Сатторов бо муовини губернатори ин вилоят, Иван Перонко мулоқот намуда, аз ҷумла изҳор доштааст, ки “мо медонем, корхонаи йоди Троитский ашёи хомро аз мо мехарад. Мо мехоҳем ин ҳамкорӣ дар сатҳи баландтар сурат бигирад ва пешниҳод мекунам, ки шартнома оид ба ҳамкорӣ омода ва имзо шавад.”
Сафир инчунин пешниҳод намудааст, ки рӯзҳои фарҳангии муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ гузаронида шаванд. Дар ҷараёни сафар Имомудин Сатторов дар маросими ифтитоҳи дафтари консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар, ки ахиран ба ин симмат Нағзибек Нағзибеков таъин шудааст, иштирок кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |