Бахшҳо

“Русҳо мегӯянд, ин миллати пасти бесавод аз Русия ихроҷ шавад”

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Атрид Торс, комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар нишасти ин созмон дар Вена аз эҳтимоли депорт шудани 400 ҳазор муҳоҷири тоҷик сухан карда гуфтааст, ин амал метавонад хатари иҷтимоиро дар Тоҷикистон бештар кунад. Ҳушдори САҲА дар робита ба ихроҷи муҳоҷирон замоне садо медиҳад, ки дар чанд моҳи ахир теъдоди муҳоҷирони депортшуда рӯ ба афзоиш аст ва фишорҳо болои шаҳрвандони кишвари мо дар Русия низ бештар шудааст.


МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БЕШТАР МЕШАВАД

Депорти муҳоҷирон метавонад таҳдиди ҷиддӣ барои ба вуҷуд омадани шикоф ё хатари иҷтимоӣ дар ҷомеаи мо бошад. Ин нуктаро на фақат коршиносон, балки мардуми оддӣ низ таъкид мекунанд. Зеро бо афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда, даромади хонаводаҳои тоҷик, ки асосан аз ҳисоби онҳост, кам мегардад. Ин омил боиси бурузи мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳатто хатарҳо мешавад. Бархе коршиносон мегӯянд, ҳукумат беҳтарин фурсатҳо барои ҳалли мушкилоти муҳоҷиронро аз даст дод ва ҳоло тақрибан пеши роҳи ин ҳама ихроҷи муҳоҷиронро гирифтан номумкин аст. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ депорти 400 ҳазор муҳоҷирро мояи нигаронӣ мегӯяд. Ба қавли ӯ, “ҳанӯз 10 сол қабл, замоне ки дар Қонуни асосӣ пеш аз интихобот доираҳои манфиатхоҳ “таҳаввулот” ворид карданд, ҳукумат фурсатҳои мавҷуд барои ҳалли мушкилоти муҳоҷиронро аз даст дод. Дар ин даҳсола имкониятҳои дигаре вуҷуд дошт, ки метавонистанд мушкилоти муҳоҷиронро ислоҳ кунанд, вале боз ҳам “боло” инро ҷиддӣ нагирифт, чун гӯиё Русияи шарики стратегӣ ба Тоҷикистон ниёз дорад”.

Ин коршинос дар идома таъкид мекунад, Тоҷикистон дар чорроҳаи “бозиҳои бузург” қарор дорад ва иштибоҳи ҳукумат ин аст, ки шарикони стратегиро афзоиш медиҳад. Масъалаи муҳоҷирон бошад, таъкид мекунад ӯ, “дар роҳравҳо гӯиё бо мақомоти Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад, ҷонибҳо гӯиё роҳи ислоҳи онро ҷӯё мебошанд, аммо дар асл санаду қонунҳое дар Русия қабул мешаванд, ки мушкилоти муҳоҷирон, маҳз муҳоҷирони тоҷикро бештар мекунанд”.

ДЕПОРТИ МУҲОҶИРОН БА ВАЗЪИ СИЁСӢ ТАЪСИР МЕРАСОНАД

Каромат Шарипов, роҳбари ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони тоҷик” мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ҳамкорӣ намекунад, “ба истиснои чанд ҷамъияти сохта, ки ба кори бад мешғуланд”. Ҷаноби Шарипов меафзояд, дар пайи ихроҷҳои бесарунӯг муҳоҷирон аз ҳукумат хоҳанд пурсид, ки тули 23 сол барои мардум чӣ кард? “Дар ҳолати қаноатбахш набудани кори хукумат ин мардум метавонад талабҳои ҷиддии хешро пеш гузорад. Илова бар ин, имрӯз русҳо дигар муҳоҷирони тоҷикро намехоҳанд ва мегӯянд, “ин миллати пасти бесавод аз Русия ихроҷ шавад”,- мегӯяд ӯ. Ба таъкиди коршиносон ихроҷи муҳоҷирон метавонад бар оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеаи низ таъсир бигузорад. Ба андешаи онҳо ихроҷи бештари муҳоҷирон дар Тоҷикистон теъдоди афроди бе ҷои корро афзоиш медиҳад ва вазъи иқтисодии хонаводаҳое, ки аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мегузаронанд, бадтар хоҳад шуд. Исфандиёри Назар, шоир ва хабарнигори тоҷик дар ин маврид мегӯяд: “Муҳоҷирони депортшуда дигар имкони вуруд ба Русияро нахоҳанд дошт ва ин ба оромӣ, иқтисод ва вазъи сиёсӣ бетаъсир намемонад. Русия имкон дорад, дар соли баъд низ теъдоди зиёди муҳоҷиронро берун кунад ва ин мавҷи ихроҷҳо бешак зарбаи азиме ба оромии сиёсӣ ва иқтисодии кишвар хоҳад зад”.

Марям Давлатова, як соҳибназари тоҷик низ бар ин аст, ки ихроҷи муҳоҷирони зиёд ба оромии ҷомеа бетаъсир намемонад: “Агар 400 ҳазор муҳоҷири тоҷик якбора дар ҳоле ки бозори дохилӣ омодаи қабули онҳо нест, баргарданд, мушкилоти зиёде ба миён меояд. Ҳукмат дар як фурсати кутоҳ наметавонад, коре бикунад”. Гуруҳи дигар бар хилофи ҳушдори САҲА муътақиданд, дар як они воҳид имкони депорти ин теъдод муҳоҷири тоҷик вуҷуд надорад. Ризо Баҳромзод, ҷавони тоҷик, ки дар Русия ҳамчун аспирант таҳсил мекунад, мегӯяд, “аввалан, умед мекунам, ки ҳеч гоҳ тоҷиконро аз ягон ҷо депорт накунанд, дувум наметавон якбора чунин теъдоди зиёди нерӯи кориро депорт кард, зеро Русия ба қувваи кории арзон ниёз дорад. Савум, агар ин кор амалӣ шавад ҳам, мардуми дурандеши тоҷик қарори бохирадона қабул намуда, ин мушкилро паси сар мекунад. Аммо дар ин ҳолат, албатта сари Тоҷикистону тоҷикистониён душворӣ хоҳад омад, ки муваққатӣ хоҳад буд”.

Бо ин ҳама, бисёриҳо гумон доштанд, пас аз имзои як қатор созишномаҳо аз сӯйи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия мушкили муҳоҷирони тоҷик ҳал мешавад ва пеши роҳи ихроҷи мухоҷирон гирифта мешавад, аммо ҳоло ба назар мерасад, мушкилот бештар шудааст. Мақомоти рус сол ба сол бо қабули қонунҳои сахтгирона фишорҳоро болои муҳоҷирон бештар мекунад. Дар бештари маврид аз чунин қонунҳо муҳоҷирони кории тоҷик зарар мебинанд. Ба навъи дигар бигӯем, ҳукумати Тоҷикистон бо ин ҳама гузаштҳо, масалан қарордоди ба муҳлати 49 сол дар хоки кишвар боқӣ мондани низомиёни рус, натавонист мушкилоти муҳоҷиронро ҳал намояд. Қарододе, ки дар таърихи Тоҷикистон назир надошт ва коршиносон гуфтанд, бо имзои ин қарордод 49 сол вобастаи як кишвар шудем.
Мӯҳр
Akai Zokir
е мардуми Точик е олимоне ки ба ном худатонро олим мегиред кани номуси Точики шумо ки як макола зиди ин гапи русхо нависед хайфи шумобарин донишмандон

Хоб ин тавр бошад, пойгохи низомии Русия аз Точикистон "ти кито такой??? Давай дасвидания" мешавад дия. Ин мухочирон хатар нестанд, инхо шахрвандони ба номуси мо хастанд. Биёед ба ватан мо шуморо интизор. Аз зиёд будани кувваи кори ватан фоида мебинад на зарар. Ва хавотир нашавед, донорхо дар мавриди аввал кумак хоханд кард.

Нодон
Олимхо майлаш сиёсат мадорон чи, депутатхо, хама нафас ях аз тарси чонашон. Охир мо президент дорем, чаро хомушаст. Точик дар ватани худ бекадар аст, аз русхои чи гила кунем.

charo ziddi rusho makola navisand rostmon meguyand mo vatan dorem boyad dar vatani xudamon boshem bo makolanavisi ko but nameshavad marduma bakor taminkunand dar tv hoi tj 24 soat tarifu tavsif nakunandu marduma bakor taminkunand yakas yak sartaroshxona kushoyad hukumatiho meravan lentasha meburandu yakhafta dar tv reklam mekunand ki mo obod kardem dar asl millati mo ba nobudi raftaistodaast millati mo khobast to bedormeshavadki bevatan memonad

Абдулло
Донишмандони мо зидди Ислому Дин ва мисли Кабирихо макола навишта метавонанд халос.... чанд руз пеш дар озоди як маколаи навбатии академики точик нашр шудку ба номи тереистон дар масчидхои точик тарбия мегирифтанд... ина хунари нависандагони мо...

мухочир
Наход ягон нафаре пайдо нашавад ки ин мардума ба дигар мамлакатхо ба кор барад. Бовар кунед. Агар точикхо раванд аз Москва ончо мусорхона мешавад . Ин точикоанд ки дар тамоми сохтмонхояшон кор мекунанд.

Акбар Холов
Ягон фурудгохи дигарашам ичозат тиян набошад вазнин меуфтад,!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)