Бахшҳо

Коршиноси рус: Бо рафтани Кабирӣ ҲНИТ аз ҳам мепошад ва раҳбари ифротӣ ба раъс меояд

Алексей Малашенко, коршиноси маркази Карнегӣ гуфтааст, бо аз раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рафтани Муҳиддин Кабирӣ ин ҳизб аз ҳам мепошад. Ӯ ин нуктаро дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Независимая газета” изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, тоза аз Тюмен, ки теъдоди қобили мулоҳизаи тоҷикон он ҷо кор мекунад, баргашт: “Муҳоҷирони тоҷик дар марзҳои ҷанубии Сибир, Урал ва ҳатто дар Ёқутистон (Якутия) ҳастанд. Қариб ҳамаи онҳо ҷонибдорони ҲНИТ-анд ва агар имкони раъй додан доштанд ин ҳизб курсиҳои бештареро дар парлумон аз худ мекард. Раҳбари ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ шуҳрат ва таъсири бузург дорад. Қувваҳои хориҷ аз Тоҷикистон раванди интихоботро идора карда наметавонанд. Бинобар ин, онҳо ба шумори ҷонибдорони баҳошиярафтаи ҲНИТ табдил ёфтаанд".

Малашенко бар ин назар аст, агар дар интихобот тақаллуб сурат бигирад, он вақт ҳизбе, ки натавонист барои вориди парлумон шудан раъй ба даст орад, дучори тағйирот мешавад. Кабирӣ садоқати худро нисбат ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тағйир медиҳад. Ӯ гуфтааст, рафтани Кабирӣ барои режими Раҳмон таҷрибаи талхе мешавад. "Бо рафтани Кабирӣ ҲНИТ аз ҳам мепошад ва раҳбари ифоротӣ ба раъс меояд. Номзадҳо вуҷуд доранд, аммо, дар ҷараёни аз нав шакл додани ҲНИТ дар қадами аввал ифротгароёни исломӣ ҳузур пайдо мекунанд. Он замон режими Раҳмон зери хатари ҷиддӣ мемонад. Ба ҳамин шакл, хатар натанҳо аз ҷониби исломгароёни дохилӣ, балки ҷонибдорони онҳо аз ДИИШ ва Афғонистон ҳам ҳамроҳ мешаванд",-афзудааст коршинос.

Ба назари Алексей Малашенко ҳукуматро лозим аст бо Кабирӣ гуфтугӯ кунад ва ба ӯ имкон диҳад, дар парлумон 10 ҷой дошта бошад, бидуни ин ки фикр кунанд, замони қавӣ шудани эътирозот пойгоҳи 201-и Русия ба кумак биёяд: “Тибқи арзёбии коршиносон мунтақидони ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад иқтисодро аз буҳрони амиқ бурун кунад. Вазъи иҷтимоии мардум сол аз сол бад мешавад. Ин вазъ бо дучор шудани Русия ба таҳрими Ғарб амиқтар шудааст. Интиқоли пули муҳоҷирон поин рафтааст. Онҳо аз ояндаи худ дар Русия нигарон ҳастанд ва баргаштанашон ҳам ба нокуҷо аст”.
Мӯҳр
Dushanbe city
Salom ba hama Ana inro akademik va tahlilgaru korshinos guftan mumkin ast. Na un ba no akademikhoi moro. Ana inro ghamhori ba oyandai millat meguyand man 100% tarafdor

Русхо бозихоро сар карданд.....дар интихобот....Малашенко умуман намефахмад..вазъ ва системаи сиёсии Точикистонро...умуман коршиносони русия мехоханд манфиатхои давлаташонро дифоъ кунанд...ин дуруст..лекин Малашенко умуман намефахмад..ахамият ва мохияти ХНИТ..аз ин чо фикррониаш..хаёли....эхтиёт ва зиракиро аз даст надихем

мардикор
малашенко рост мегуяд хукумати рахмонов бояд хамкори кунаду давлатро ба пеш барад бояк каллаи худ агар мешуд пайи ин 22сол акалан проблемаи сивет хал мешуд чи ин бедоди чоп кунед

Барои хизби мухтарами нахзат як чои дар парлумон кам ва дуяш зиёд. Ин фикри шахсии ман аст.

Вот наша сущность ..продажная Россия начала игру по дестобилизации Таджикистана..она понимает что выборы...можно давить..вспомните как на их выборах унижали таджиков.....а мы все ..преклоняемся и Кабири туда же..этот Малашено агент США..хочет запутать Россию и играть на США...интересы Запада...таджики будьте на чеку...а то что все мигранты за Кабири ..дудки...все мигранты за Таджикистан...за Рахмона...я тоже могу так сказать ...ну кому тепло..а так русские сами не разрешают нам открывать участки на своей территории думать надо..если россия разрешит..Таджикистан откроет всюду участки и мы разорвем как тузики всю ПИВТ...вместе с мигрантами и таджикским народом..........

Malashenko drust qaid kardaast boyad rahmonov bo nahzati islom hamkoriro xub tar va jiddi bnad baroi vatana ba pesh burdan Dushanbe city,

Dev
10 joj ba HNIT dar hamon holat doda meshavad,ki agar 85 % azoi onho chun Kabiri donishmandu garbhatmkarda boshand.Holo boshad Kabiri tanhost, bokimondai HNIT hama modeland,fakat ba tarzi libospushivu (hamun ham boyad liboshoi arabi jo pokistoni boshad) rishu fash kordor.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)