Бахшҳо
04 дек 2014 11:53Тоҷикистон / Сиёсат

Зуҳуров ба Иброҳимӣ: Хона нахар, ҳамсоя бихар!

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо Абдул Рауф Иброҳимӣ, раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон, ки бо сафари расмй ба Точикистон омадааст, масъалаи рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобулро баррасӣ намудаанд.

Муҳамадато Султонов,
сухангӯи парлумон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот иброз намудааст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун кишварҳои фарҳангофар, фарҳанги ғании муштарак доранд ва бузургони зиёди илму адаб, аз ҷумла Мавлавии Балху Мавлонои Ҷомиро пирони маънавии хеш мешуморанд.

Манбаъ мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тамоми ҳамоишҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар радифи Тоҷикистон ҳатман дар бораи мушкилоти Афғонистон сухан ронда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли бетаъхиру мусолиматомези мушкилоти ин кишвар ҷалб мекунад: “Мо дар муносибат ба кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша як ҳикмати машҳури халқамонро дар ёд медорем, ки мефармояд: «Хона нахар, ҳамсоя бихар». Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамсояҳои хуб дорад ва самимона мехоҳад, ки дар асоси ҳамҷавории нек ва нийяту муносибатҳои ҳасанаи тарафайн барои фардои дурахшони хешу ҳамсояҳои хеш талош намояд”.

Зуҳуров таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои хеш бо ҳамсояҳо, бахусус кишварҳои ҳамфарҳанг, ба густариши ҳамкориҳои маънавию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад ва бар он боваранд, ки ин амал ба таҳкими асолати миллӣ ва муҳаббати самимии мардумонамон мусоидат менамояд.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфтаст, “мо дар ҳамдастӣ бо Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузурги бостониамонро эҳё кардем ва инак, он бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ҳамроҳ ҷашн гирифтани Наврӯз дар Душанбе, Теҳрон ва Кобул натанҳо ба қаробати бештари кишварҳоямон мусоидат намуд, балки фарҳанги бостониамонро умри дубора бахшидаву ба хидмати ниёзҳои имрӯзи халқҳоямон сафарбар кард”.

Шукурҷон Зухуров иброз намудааст, ки яке аз падидаҳои хуши фарҳангӣ дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон, ки бо мусоидати дӯстон, аз ҷумла мутахассисони Афғонистон, рух намуд, ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» аст, ки солдармиён баргузор мегардад ва ба минбари хуби намоиши дастовардҳои тозаи синамои бисёр кишварҳо мубаддал гардидааст: “Мо аз таҳти дил хоҳони он рӯзу соате ҳастем, ки халқи бародари ҷафокашидаи Афғонистон ба сулҳу ҳамдигарфаҳмии комил бирасад”.

Бино ба иттилои манбаъ, Абдул Рауф Иброҳимӣ низ дар навбати худ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуда, таъкид доштааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти начандон зиёди худ дар минтақа ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Абдул Рауфи Иброҳимй аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки “мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд”.

Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот, ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар намуданд.
Мӯҳр
lДар хакикат тули 15 соли охир ин аввалин сафари парлумони Афгонистон ба Точикистон аст. Ин хам бо ташабуси бевоситаи Шукурчон Зухуров ба амал омадааст. Дар хакикат Президент дар интихоби Шукурчон Зухуров хато накардааст. Боз як даъват Раиси парлумони касби шавад, хеле хуб мешавад. Бисёр инсони шариф, покиза ва содик ба Ватану Миллат аст. У ифтихори мо точикон аст. У барои бисёре аз рохбарони кишвар рамзи хоксорию адолатпарвари аст.

Як ки факат гапхои бехуда мезанад.Президент хамин хел бесаводнро гирди худ чамъ овардааст,ки Точикистон то хол як давлати камбагалтарини дуне мебошад.
..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)