Бахшҳо
04 дек 2014 14:11Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ=ДИИШ-у Толибон: Сабри Кабирӣ "хок хӯрд"?

Ораши Рустам, рӯзноманигор

Чанде қабл як гурӯҳ кормандони Академияи улуми Тоҷикистон бо пахши изҳороте фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки аз суйи коршиносон ягона ҳизбии динии муътадил дар Осиёи Миёна тавсиф мешавад, мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Аз ҷумла, ин гурӯҳ таъкид кард, ки миллати тоҷик бо ҲНИТ наметавонад як қадам пеш равад ва бояд барвақт аз саҳнаи сиёсии кишвар дур мешуд. Ин гуруҳи олимон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро низ ифротгаро хондаанд.

Ин назар дар ҳолест, ки бисёре аз коршинсон фаъолияти ҲНИТ-ро муътадил арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ин ҳизб дар бештари мавридҳо аз худ сабру таҳҳаммул нишон додааст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин маврид мафзояд: “Ҳамчун олим ва сиёсатмадор то ҳол ифротгароиро дар фаъолияти ин ҳизб мушоҳида накардаам ва баръакс ҳолатҳои мушаххас буданд, ки ба ҷойи аксуламали ҷиддӣ, сабру таҳаммул кардааст”. Ин коршинос дар идома таъкид мекунад, ки кафолати фаъолияти ҲНИТ аз суйи Қонуни асосӣ дар моддаҳои 1, 6, 28 таъмин шудааст.

Таҳлилгарони дигар мегӯянд омилҳои хатар на дар ҳузури ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аст, балки дар мушкилоти иҷтимоӣ, фасоди саросарӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва ғайра нуҳуфта аст. Абдуфаттоҳ Шафиев, журналист ва муҳаққиқи расонаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, “фасоди саросарӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва манбаъҳои молӣ, нописандӣ нисбат ба мардум, фишор ба дигарандешон, мушкилоти иҷтимоӣ - ин аст хатар ва ин аст ифрот. Дар ҷомеаи озод ба мардум имконияти интихоб дода мешавад. Ба мардум гуфтан, ки инро бикуну, онро накун ин худ як таҳқири мардум аст. Таҳқир аст. Тавҳин аст. Бояд тавҳину таҳқиру фасоду худкомагиву нописандиву беэҳтиромиро манъ кунанд, қонунро барои ҳама як кунанд, мушкилоти иҷтимоиро ҳал бикунанд, на ин ки аз пайи дигарандешону мухолифон бигарданд”.

Қиёси ҲНИТ бо ДИИШ-ро коршинсон дур аз мантиқ медонанд ва мегӯянд ин гуна изҳори назарҳо нодида гирифтани воқеиятҳо мебошад. Ба таъкиди Алим Шерзамонов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҲНИТ дар тамоми давраи фаъолияташ роҳи таҳаммулгароиро пеш гирифтааст. Алим Шерзамонов мегӯяд, “ҲНИТ дар тӯли фаъолияташ, ҳадди аққал бо аз нав қонунӣ шудани фаъолияташ дар соли 1997, ба маротиб масъулиятшиностар аз тамоми институтҳо, чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатии Тоҷикистон худро муаррифӣ карда истодааст. Ин то ба ҳаддест, ки бисёри ҷонибдоронаш аз чунин мавқегирӣ роҳбарияти ҳизбро таҳти танқиди сахт қарор додаанд”.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия меафзояд, ки аслан қиёси ҲНИТ ва ДИИШ дуруст нест, зеро раҳбари ҲНИТ Муҳҳидин Кабирӣ, шахси таҳаммулгаро мебошад: “Аслан қобили муқоиса ҳам нест. ҲНИТ ҳизби расмӣ ва муътадил ва дар дунё шинохташуда аст. Раҳбарии ҲНИТ-ро шахсияте ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ба душ дорад. Бояд кур буд, то фарқи миёни Муллоумар ва Кабириро надид”- мегӯяд Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони муқими Русия.
Мӯҳр
Аввал он, ки ХНИТ ва ДИИШ ягон умумияте надоранд. ва инро Иззат А. хуб кайд намуданд. Дуюм он ки академикхои мо мафкураи танги комунисти доранд, ки ин боиси бадбахтист. М.Кабири аввалин аз аввалинхост, ки гами мардумро мехурад ва хувияти миллию динии пок ва комил дорад. Сеюм агар ягон академик аз худ бовари дошта бошад тарики шабакаи мустаким бо кабири бахс кунад ва мардум худ касоват кунанд ки ки хаст. Хатто номи академик маълум нест. Чунки он академикхо аз гапи гуфтаашон бовари надоранд. Ман на аъзои ХНИТ на дигараш. бахои бегараз.

Гарибшо
Бояд кур буд, то фарқи миёни Кури Муллоумар ва Кабириро надид”-биро кучо? Фарк бйани замину осмон аст.

ҲНИТ-ро ба ДИИШ-у толибон баробар кардан ҷуз ҳиқду кина дигар чизе нест. Ин "доктор"-акони мо агар воқеан ҳам мунсифона бошанд, пас бигӯянд, ки ҲНИТ куҷоро тарконд? ҲНИТ киро гаравгон гирифт ва ё ба мисли ....ҳо обрӯву номуси киро таҳқир карду дар телевизион ба намоиш гузошт? Агар марданд фаъолияти ҲНИТ-ро таҳлил намуда, баҳои илмӣ диҳанд. Чаро "доктори илмҳо" ба мақоми илмиаш хиёнат намуда, мисли занҳое, ки бо ғайбату туҳмат аз хасмашон қасд мегирадн, ҷавоб мегардонад? Дониста бошед, ки ба ин найрангатон шумо ҳастед, ки Тоҷикистони азизро ба бӯҳрон мекашонед, на ҲНИТ.

Сафох
Мутаачибам чаро хукумат кушиши фундаментал сохтан ё аксуламали ХНИТ-ро мунтазир аст?? Ва дигар "МИЛЛАТИ ТОЧИК НАМЕТАВОНАД БО ХНИТ ЯК КАДАМ ПЕШ РАВАД" магар нахзатихо сари кудратанд тули 23 сол?? Омили карахти кист Кабири?? Чи рабте метавонад бо ДОИШ ва Толибон дошта бошад ва кучо Кабири аз пояи сабр берун амал кард? Мусалам аст, ки болои Кабири таи солхои ахир тахдид ва фишорхое буд то хаде ки мудохала ба фаъолияти бозораш карданд аммо у хомуширо пеша кард магар тарс дошт?? Изхороти "академикхои" мугризона аст ва хатман дар партави "сиёсати хирадмандона" пиёда шудааст. усули демократии рафъи мушкилот, ракобати сиёси бехтар нест? Чаро мардумро тафрика мекунед???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)