Оғози фасли “хлопушка”: Боздошти аввалин қонуншиканҳо
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар арафаи Соли Нави мелодӣ талоши афроди алоҳида барои вуруд ва фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар кишвар боз майли афзоиш дорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 3-юми декабри соли равон зимни як амалиёт дар вилояти Суғд, аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир гардиданд. Ба иттилои манбаъ аз боздоштшудагон-сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Азимов Ҳасанҷони 23-сола -164800 дона ва Муродов Ғафурҷони 24-сола -14000 маводи тарфгарии навъи “Трения” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар Тоҷикистон барои таъмини амнияту оромӣ зимни таҷлили Соли Нав ҳукумати кишвар вуруд ва паҳни маводи тарфгариро манъ намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |