Талаби СҶТ, СММ ва HRW барои қатъи санҷиши бакорат

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, санҷиши бакорати занонро манъ кунанд. Созмони миллали муттаҳид низ аз ин тавсияи СҶТ ҳимоят намуда, аз ҳукуматҳо хостааст, барои татбиқи амалии он иқдом кунанд.
Тибқи иттилои СҶТ санҷиши бакорати занон ягон арзиши тиббӣ надорад ва аз нигоҳи инсонӣ як амали тавҳиномез аст. Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) низ санҷиши бакоратро як намуди хушунати ҷинсӣ нисбати занон хонда, таъкид намудааст, ки майл ба ин раванд вақтҳои охир афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Дидбони ҳуқуқи башар дар Урдун ва Либия зимни ворид шудан ба мактаб низ аз амали озмоиши бакорат кор мегиранд. Дар бархе кишварҳои дигар назири Афғонистон, Индонезия, Эрон ва ғайра барои исботи бегуноҳӣ дар догоҳҳо занон мавриди озмоиши бакорат қарор мегиранд.
Даъвати ин созмонҳои бонуфуз барои манъ кардани санҷиши бакорати занон дар ҳолест, ки ҳолдонҳо мегӯянд, ин раванд дар Тоҷикистон низ майли афзоиш дорад. Гуфта мешавад, ҳатто ҳолатҳое сабт шудаанд, ки занон бо роҳи тиббӣ пардаи бакорат насб мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |