Бахшҳо

Маслиҳати Тураҷонзода ба зане, ки масеҳиро дӯст доштааст

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик ва қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайримусулмон, аз ҷумла масеҳиро ҳаром хондааст. Ин руҳонии тоҷик гуфтааст, “Издивоҷи зани мусалмон бо марди насронӣ (масеҳӣ) ба иҷмои уламо ҳаром аст.

Ин ҳарфҳоро қозии пешини мусулмонони кишвар дар посух ба суоли Фотима, яке аз корбарони торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org баён доштааст. Фотима навиштааст, “як марди масеҳӣ (христиан) ва як зани мусалмон ба ҳамдигар хело муҳаббат пайдо карданд ва мехоҳанд издивоҷ кунанд. Ҳатто мард мехоҳад барои издивоҷ бо ин зан Исломро қабул кунад . Аз Шумо хоҳиш дорам шарҳ медодед чӣ бояд кард?

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, издивоҷи зани мусулмон бо ин марди масеҳӣ замоне аз нигоҳи шариати исломӣ раво дониста мешавад, ки он мард дини мубини Исломро қабул кунад ва пайвандони зан низ ба ин издивоҷ розигӣ диҳанд: “То он мард мусалмон нашавад ҳаққи издивоҷ кардан бо зани мусалмонро надорад. Агар мусалмон шуд ва соҳибони духтар ба издивоҷи фарзанди худ бо ӯ розӣ шуданд, пас метавонанд бо ҳам никоҳ карда, зиндагӣ кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон низ ахиран гуфта буд, ӯ зидди издивоҷи духтарони тоҷик бо мардони ғайримусулмон аст. Амиршоева таъкид кард, ки ҳамчун намояндаи мардумии тоҷик барои ҷилавгирӣ аз ин раванд талош хоҳад кард: “Дар ҳақиқат имрӯз мо мебинем, ки духтарони мо аз паси бойгарию пулу мол рафта, ба мардони миллати дигар издивоҷ менамоянд, ки барои ҳамаи мо модарони тоҷик бисёр аламовар аст. Мо мардуми тоҷик, ки мусалмон ҳастем ва дар дини мубини ислом қарор дорем, ягон хел ҳуқуқ надорем, ки бо мардони ғайри дин издивоҷ намоем. Ман ҳамчун вакил ба Шумо ваъда медиҳам, ки агар чанде Сарқонун (Конститутсия) озодии никоҳро кафолат медиҳад Худо хоҳад ман ҳаракат мекунам, ки барои пеши ин амалро гирифтан ягон чораи дахлдор ҷӯям.”

Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳолатҳои ақди никоҳи шаҳрвандони кишвар бо хориҷиҳо тайли солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар дар нишасти хабарии ниҳоди таҳти раҳбариаш моҳи январи соли равон гуфта буд, тайи соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон бо 137 атбои хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд. Дар ҳоле ки ин нишондод, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2012 наздик ба 300 ҳолат ва дар соли соли 2010 теъдоди чунин издивоҷҳо аз ҳадди 700 адад гузашта буд. Масъулини Вазорати адлия ин камшавиро ба шартҳои нави издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ рабт медиҳанд, ки аз соли 2011 мавриди амал қарор гирифтаанд.

Пас аз тасвиби тағйиру иловаҳо дар Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 танҳо он хориҷиёне метавонанд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон ақди никоҳ банданд, ки як соли охир дар Тоҷикистон зиста, ҳамсари худро бо манзили зист таъмин карда метавонанд.
Мӯҳр
Бас кунед ин шархи асримиёнагии ин эшонхоро таблигот кардан.....Конститусия ва конун хаст....ана дар асоси он бояд зисту зиндаги кард....Чамъиятро шумо умуман ба асри миёна баргардондаистодаед...бас кунед..бе ин хам аксари мардум на илмро на фарханги муосирро мепарастад. танхо чавобхои ки на ба илм на ба зиндагонии муосир баробар аст ташвик мекунед....Точикистон давлати дуняви ..хукукбунед на дини аст....ана дини шавад...бад ин муллочахоро таблиг кунед...

салом ба халки точике ки имон бо ХУДО ва ба рузи КИЁМАТ дошта, ин бе ном касе будаст донои демократ будаст ту мехохики духтари мусулмони точик бо як марди кофар хонадор шавад лек бади 10ё 20ё 100сол чонро ба хак месупори дар он вакт дар нахди ХОЛИКАТ чи мегуед мегуи ки ман демократам на асри миёна,

Карим
ягон хешут шавхари масехи дорад, ки конститусия мегуи

точик
алишер,

сад дад сад ба гуфтаи хочи акбар трафдорам. Издивочи духтари точики ба гайри мусалмон ки аксран аз миллати мо нестанд, сабаби авалан бедин шудани зан бо фарзандонаш мешавад ва сониян сабаби зоиь шудани забон ва фарханги точик мегардад.

в
Мурда хамон зане, ки кофирро шавхар мекунад. Ин барои хешу табораш шармандаги аст.

.
алишер,

Ту баринхо на нангу номус доред, на имон. Барои фоида шуда ба саги куча хам шавхар мекунед.

Dev
сабр,
KI kofar ast? Masehijon kofarand? Ohir onho niz bandai hudoyand,jo chi hele shumo musulmonho megued onho niz kitobdorand, ofaridai hudojand.Holik yak holiki tu nest u holiki masehijon niz hast! Jo holik megui tasoduf onhoro ofarid, az 8 mlrd.aholiii rui jahon fakat 1,5 mlrd.musulmon ast. Muslmoni bedonish fakat "mushkilkushoi" bandhoi mushkili dunjo kabili rish mon, salla kun, chodar zanba in oilador shav ,ba on oilador shav...to hade fanatizm dar magzi ustuhoni shumost,ki bo shiaho honadroshaviro mahkum mekuned, shumoro hub mekunad Rahmon

qwerty
Чи кор доред ба кори дигарон, агар хар нафар бо кори худ машгул мешуд чомеа тараки мекард. Ин хаст менталитети точик, пушти якдигарро кофтан ва гайбат кардан. сад афсус.

алишер пайрави борис маисеев набоши

ДОМУЛЛО, СУХАНОНИ ШУМО БО ҚУРЪОНИ КАРИМ ДАР ТАЗОДАНД:
СУРАИ “МОИДА“, ОЯИ 5:
مِنْ أَجْلِ ذَٰلِكَ كَتَبْنَا عَلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنَّهُ مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا ۚ وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ بَعْدَ ذَٰلِكَ فِي الْأَرْضِ لَمُسْرِفُونَ
“ИМРУЗ ЧИЗХОИ ПОКИЗА БАРОИ ШУМО ХАЛОЛ ШУДА, ВА ТАЪОМИ АҲЛИ КИТОБ БАРОИ ШУМО ХАЛОЛ АСТ, ВА ТАЪОМИ ШУМО БАРОИ ОНҲО ХАЛОЛ, ВА ОНОН ПОКДОМАН АЗ МУСАЛМОН ВА ОНОН ПОКДОМАН АЗ АҲЛИ КИТОБ ХАЛОЛАНД, ҲАНГОМЕ, КИ МАХРИ ОНҲОРО БИПАРДОЗЕД ВА ПОКДОМАН БОШЕД, НА ЗИНОКОР ВА НА ДУСТИ ПИНҲОНӢ ВА НОМАШРУЪ ГАРДЕД, ВА КАСЕ, КИ ИНКОР КУНАД, ОН ЧИРО БОЯД БА ОНОН ИМОН БИЁВАРАД, АЪМОЛИ У ТАБОХ МЕГАРДАД, ВА ДАР САРОИ ДИГАР АЗ ЗИЁНКОРОН ХОҲАД БУД.”.

МУҲТАРАМ ДОМУЛЛО: СУРАИ МОИДА, ОЯИ 5: الْيَوْمَ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ حِلٌّ لَّكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلُّ لَّهُمْ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ مِن قَبْلِكُمْ إِذَا آتَيْتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ وَلاَ مُتَّخِذِي أَخْدَانٍ وَمَن يَكْفُرْ بِالإِيمَانِ فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ

ИМРУЗ ЧИЗХОИ ПОКИЗА БАРОИ ШУМО ХАЛОЛ ШУДА, ВА ТАЪОМИ АҲЛИ КИТОБ БАРОИ ШУМО ХАЛОЛ АСТ, ВА ТАЪОМИ ШУМО БАРОИ ОНҲО ХАЛОЛ, ВА ОНОН ПОКДОМАН АЗ МУСАЛМОН ВА ОНОН ПОКДОМАН АЗ АҲЛИ КИТОБ ХАЛОЛАНД, ҲАНГОМЕ, КИ МАХРИ ОНҲОРО БИПАРДОЗЕД ВА ПОКДОМАН БОШЕД, НА ЗИНОКОР ВА НА ДУСТИ ПИНҲОНӢ ВА НОМАШРУЪ ГАРДЕД. ВА КАСЕ, КИ ИНКОР КУНАД, ОН ЧИРО БОЯД БА ОНОН ИМОН БИЁВАРАД, АЪМОЛИ У ТАБОХ МЕГАРДАД, ВА ДАР САРОИ ДИГАР АЗ ЗИЁНКОРОН ХОҲАД БУД

Зани точики мусалмон бояд бо мардои мусалмон издивоч кунанд. Аз хотир набороред ки бисёри точиком мо зани урус мегиран, ана хаваёя бояд да Ислом дароран, бо худашон пайрави оно нашаван

шерали
алишер,

Бародар алишер. Ин саволу чавоб тамоман ба худат рабту дахл надорад, бинобар ин ахамият надех.

Бандаи Худо
Muslim,

Ба фикрам бародар худат аз хаво гап задести. "КИ МАХРИ ОНҲОРО БИПАРДОЗЕД ВА ПОКДОМАН БОШЕД" ба диккат хон, зан шавхарда махр намедихад, одами одди хам мефахмад, ки Худованд дар ин оя хитоб ба мардхост, ки Махрашонро бидихед гуфтаги. Дуюм ин ки агар зани христиан е яхуди гири, шарт нест, ки мусалмон шавад ва чоиз хаст. Аммо ба духтари мусалмон то домодшаванда Калима арза накунад, издивоч раво нест.

Бародарон...ин кори оилави мебошад....шумо духтаратонро ба мусулмон дихед...пагох вай мусулмон ба россия рафта..солхои сол дар он чо маишат карда мегардад ва занхо мегирад.....духтар дар ин чо дар азоб.....ин хозир дар зиндагии мо зиёд дида мешавад....е ба ман ин гуна мусулмон даркор нест...духтар хушбахт бошад...зиндагиаш тинч бошад..шавхараш мехрубону бофарханг бошад сад дар сад хубтар хаст...асри миёна нест....ин гуна афсонахоро ба худатон накл кунед.....имон дошта бошад фаркаш нест вай мусулмон масехи яхуди....

Салом: бародар muslim шумо хеле хуб кайд кардед вале худ медонед ахли китоб кихастанд? Онхеки то даври Мухамад(с.а.в) будаанд ахли китобанд ва ин масехихо багайраз библия ва хазрати Исо а.с дигар чизро кабул надоранд !
Боз шумо метавонед аз ягон олими бо такво боз муфасалтар дар бораи ахли китоб малумот гиред. боки дар панохи худо бошед.

Салом: алишер аз руи гуфтахоят ту худ мусалмон нести пас чаро ба хар кор бини нахалон .
Хамаи конистутсиатро чамкун ай америка англя ва гйра ягонтааш монанди Курони карим барои ту хукуки озодиро намедихад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)