Бахшҳо

Задухӯрди амниятиҳо бо афғонҳо барои раҳоии гаравгони тоҷик

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар мавзеи Сурхиалами ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод барои раҳоии як гаравгони тоҷик бо қочоқбарони афғон вориди задухӯрди мусаллаҳона шудаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон қочоқбарони афғон як сокини деҳаи Саричашмаро ба гарав гирифта, ба хоки Афғонистон интиқол доданӣ будаанд, вале ба мақсадашон нарасиданд.

Манбаъ мегӯяд, задухӯрд соати 21:30 дақиқаи 1-уми декабр дар мавзеи Сурхиалами дидбонгоҳи сарҳадии Баҳорак баъди оташ кушодани қочоқчиён сар зада, дар натиҷа узви гурӯҳи мазкур Шукур Валади Давлаталии 25 сола, миллаташ балуҷ, зодаи ва истиқоматкунандаи Қарияи Камарбалуҷи вилояти Таҳори Афғонистон безарар гардонида шуд.

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, дар пайи ин задухурд Нодир Валади Ҷумъахон, саркардаи қочоқчиён ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, вале ба ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш муяссар гардид, ки ба қаламрави Афғонистон паноҳ баранд.

Манбаъ иброз намуд, ки тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки аъзои ин гурӯҳ дар як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор, гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд. Гуфта мешавад, аз маҳалли ин амалиёт як туфангчаи олмонӣ бо як тирдону 8 дона тир, телефон бо ду симкорти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, 3 борхалта бо ҳаҷми беш аз 11 килограм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
амният
як маротиба як кочокбарро дастгир кунед, доимо мачрух мешаванд барои чи

Асадулло
ХУДОЧОН кормандони амният ва милитсияхоро дар тамоми амалиёташон мададгор ва нигахбонашон бош.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)