Бахшҳо

Ҳушдори “Сафина” ба Талабшо Муқимов: Аз кор озодат мекунем!

Раҳбарияти телевизиони “Сафина” ба барандаи машҳури ин шабака, Талабшо Муқимов, ҳушдор додааст, ки барои саривақт ҳозир нашуданаш ба корхона ӯро аз кор озод хоҳад кард.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” ин ҳушдорро Муқимов баъди он гирифтааст, ки давоми се моҳи охир ба ҷои кораш дар “Сафина” ҳозир нашудааст. Ӯ дар шарҳи ҳозир нашуданаш ба кор изҳор доштааст, ки ба наворгирии филми наваш-"Бедил" машғул аст.

Манбаъ мегӯяд, то ҳол роҳбарияти шабака ба Муқимов танҳо ҳушдор додааст, вале расман қарори аз кор рондани Муқимовро имзо накардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли равон низ роҳбарияти телевизиони “Сафина” Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова, ки барномаи солинавии ин шабака зери унвони “Пайки Сафед”-ро барандагӣ кардаанд, барои хандаҳои бемавқеъ ва зиёд танбеҳ дода буд.

Талабшоҳ Муқимов аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда, барномаҳои “Мумтоз”, “Паймон” ва чанди дигарро барандагӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли филм низ фаъолият карда, филми “Беҳуда хорам мекунӣ”, маҳсули эҷодиёти ӯ дар соҳаи синамо мебошад.
Мӯҳр
Толибшо
Аз барои Худо гапи дига нест? И Мукимшо Талабшо кист ки боз дар бораи у хабар месозе?

Фирдавс
Чаро озод намекунед? Пул гирифтан метавонаду кор намехоҳад? Ҷавоб диҳед ин касро. Як бор таҳлил кунед, ки боз муфтхӯр аст дар Кумитаи Радио ва Телевизион.

Ватандуст
Макомот бояд ТВС тафтиш кунад, ки дар давоми 3 мохи набудан оё ба талабшо маош пардохт кардаанд ё не. Мо намехохем, ки аз хисоби мо (аниктараш аз хисоби андозе, ки месупорем зеро ТВС корхонаи бучави аст) шахсони бекор маош гиранд.

.
Бисер кори хуб шуд. Як бало кунанд аз кинорежисери хам пешаш кунанд ба манфиати мардуми кишвар хохад буд. Филмхои пастсифату бемаъниааш завки мардумро паст мекунанд.

Шодмон
ТВС, Далер Сафаров, мухбири минтакавии худро, ки аз минтакаи Рашт гузориш медод аз кор пеш кардааст...хай -хай баъзан як гапхое мешунави ки ..сабабашро намегуфта бошад рохбархои ТВС , ки барои чи ....?!

ману
Аку яку якбора хам дар Азия + ва хам дар Озодагон буромадани як матлаб бо як матн ва мазмун чи маъни дошта бошад??? медонам чоп намекунед чунки маънияшо медонем хардухам фурухта шуда ПИАР карда истодаед барои Талабшо!!!

Аким наход дига гап наёфтен. Аку дар бораи Талаби бачаи мъ чува менвесе. Охи у як да бесаводай. Чи даркор ами коро.

Озод намекунанд ! Агар мекарданд, барвакт озод мекарданд. Боз агар 30- мохи дигар наояд, хеч кораш намекунанд ва ё наметонанд !

Талабшо не, балки кулли сафинаро аз кор озод намудан лозим, вале барои ин мутахассисони вокеан муосирро хануз аз давраи мабтабхони бояд омода ва хавасманд кард. Сафина хеч гох мактаб набуд ва нест, барои хамин ин ба ном журналистон аз худ ситора сохтан мехоханд. Талабшо гайри симои телевизиони дигар алокамандие ба журналистика надорад. Аз ин мудхиштар намедонад, ки намедонад, афсус...

Лингвист
Дар хамон шаби солинави он кадар забони точикиро тахккир карданд, ки дигар чои сухан нест. Масалан, он хонуме, ки баранда буд дар як мавриде гуфт: "буша бчашен" - оё ин точикист. Хамон лахза аз дидани барномахои ин шабака даст кашидам ва инак 1 сол мешавад. Албатта кариб ки намебинам, танхо намон шоми соли нав икр кардем, ки шояд ягон барномаи хубе пешниход меккунанд. Аммо, вакти худро ба бехуда сарф кардем. Забони нобу шевои форсии точикиро биёмузед бародарон, забонро. Имеджология дар ин соха як чиз асту аммо забон аз хамаи он болотар аст, аз очерку фелетону намедонам кадом як жанромузихои бехуда хуб мешавад, ки забонро бо тамоми асолаташ мукаммал биёмузед.

фуркат
Az Muhtaram Direktori Televisioni safina hohish mekunam az Nomi tamomi muhlisoni tlevizioni safina Talabshoh Tigr az kor ozod nakuned Muhtaram Lutfulo Davlatov Jumhurii Kazokiston Furqat Nizomov Tel +77071722550

Чи гапои зиёдати менависеду чоп мекунед Ин талабшои майдакадаматон домоди як одами серёзнаи боло так что зури Лутфулло намерасад

Ситора насозед Кодекси мехнат хам конун аст ва риояи он хам барои корфармо ва хам барои корманд хатмист. Дар вакташ аз Орзу ситора сохтед -гузаронд. Яки дигараш аз худ рафта номзад ба вакил шуд. Инхо хама ба ибораи руси "мыльные звезды"-мисли хубобчахои кафки собун ва тез аз сахна мераванд. Ва хохиш мекардам хамун маблагхои андози мардума дуруст сарф кунед Ва ин мавод низ саривакти буд ва ситорахо бояд донанд ки онхоро мухлисон ва хамкорон ситора карданд ва дар холати зарури аз сахна меравандТолибшо,

Талабшои ту хатто саводи рузноманигори надори кучо филм бардори мекуни як филми бесаводона карди Бехудо хорам мекуни шарманда карди бас набуд рахбарияти телевизиону
кино мешавад айб аст охир як бор аз шурои бадеъи гузашта шавад кани биненд баъд кучо саводу истедод дорад ээээээээээээ хайфи истедоди ки пушту панох надорад !!!!!!!

хм да имсол соли журналистон будаст. Аз Худоёри Валиаш халос нашуда бо дар Талабшояш задем. Бовар кунед вакти худро бехуда барои каментариянависи сарф накунед. Худоёри Вали, ки мардумро ба дод овард намонд гапое, ки нагуфтанд одам нашуд боз инашам пайи хаму....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)