Бахшҳо
05 дек 2014 11:46Ҳуқуқи инсон

Суғд: Ҷавонон чаро террорист мешаванд?

Моҳирахон ХОҶАЕВА

Имрӯз дар ҷомеа гурӯҳҳои ифротгароӣ хеле зиёд шудааст. Аз ҷумла, маъмултарини онҳо аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, сепаратизм мебошанд. Аксари вақт ба ин гурӯҳҳо ҷавонон шомил мешаванду қурбон мегарданд. Бинобар ин, хостем сари мавзӯи мазкур бинависем.


Нахуст суоле матраҳ мешавад, ки экстремизим, терроризим чист ва чаро ҷавонон шомили онҳо мешаванд? Барои дарёфти посух ба ин суол ба ҷавонон муроҷиат кардем. Дар сӯҳбат бо онҳо маълум гардид, ки бехабар будан аз ислом, яъне дониши амиқи исломӣ надоштани ҷавонон, ҳамзамон бо кори аниқ машғул набудану таъмин нашудан боис мегардад, ки ба ҳизбҳои радикалӣ ҳамрох шаванд. Аҳрорхон Хоҷаев, мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, ки имрӯз экстремизм ва терроризмро дар як мафҳум истифода мекунанд, яъне нигоҳи тунд доштан ба масъалаҳои гуногун.

- Имрӯз ҷавонон ташнаи дин ҳастанд. Домуллою имомхатибони мо мувофиқи талаботи ҷавонон сухан намекунанд ва ин боиси гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо мешавад. Ҳамзамон, шомилшавии ҷавононро ба чунин гурӯҳҳо ба таври умумӣ баҳо дода намешавад. Зеро ҳар як фард аз нигоҳу ақидаи хеш меравад. Яъне ё ҳавасманд мешаванд, ё онҳоро ҳавасманд мекунанд,- афзуд ӯ.

Як тан аз фаъолони ҷавони суғдӣ Абдурашид Ҷабборов бошад, мегӯяд, ки «экстремизм - ин хунукназарона нигоҳ кардан ба сиёсат аст. Терроризим - ин беақлист. Агар ақли инсон дар ҷояш бошад, ба ин корҳо даст намезанад. Сабаби асосии шомил шудани ҷавонон ба терроризм беилмист. Бисёри ҷавононеро, ки нав хоҳиши пайдо кардани илми исломро доранду оғоз мекунанд, ба чунин роҳҳо бурдан осон аст. Зеро онҳо дониши кофӣ надоранд. Ба онҳо мефаҳмонанд, ки гӯё шаҳид мешуда бошанд».

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи як нафар ҳамсӯҳбатамон Зебоҷон Қурбонова, экстремизм - ин гурӯҳи одамонест, ки ба фаъолияти ҷамъият нигоҳ ва мавқеи дигар доранд.
- Терроризм - ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба хотири норозигӣ дар ҷамъият нисбат ба гурӯҳи алоҳида, давлат ва ё ҳукумат аст. Бепарвогии волидайн, беиттилоӣ, бекорӣ, шароити бади зиндагӣ ҷавононро ба доми чунин гурӯҳҳо гирифтор мекунад,- мегӯяд ин бонуи ҷавон.

Яке аз ҷавонони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Андар Раҳмонӣ низ мегӯяд, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро - ин пеш аз ҳама аз ноогоҳии худи ҷавонон маншаъ мегирад.
- Гурӯҳҳои экстремистӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳар гуна идеяҳо истифода мебаранд, асосан барои ҷалби ҷавонон ба эҳсосоти динии онҳо нохун мезананд. Масалан бо баҳонаи ҷиҳод, ки мутаассифона, як шакли маъмулии ҷалби ҷавонон гаштааст. Ҷиҳати роҳандозӣ намудани мақсадҳояшон онҳо ҷавононро истифода мебаранд. Дур намеравем, ҳамин рухдодҳое, ки имрӯзҳо дар Сурияву дигар минтақаҳо сурат мегиранд. Мутаассифона, ҷавонони тоҷик ҳам ҳастанд, ки асосан бо ҳамин усул ҷалб мешаванд. Ҳол он ки, уламои исломӣ мегӯянд, ҷанги мусалмон бо як мусалмон ҳеҷ гоҳ ҷиҳод нест. Баъзе корҳои пинҳоние бояд вуҷуд дошта бошанд, ки дур аз васоити ахбор мондаанд ва аслан башарият аз он хабар надошта бошанд. Яъне ин корҳо дар доираи манфиатҳои гурӯҳиву фарогурӯҳӣ анҷом мепазиранд ва касе ошкоро гуфта наметавонад, ки бағдодие, ки худро халифа мехонад, дастнишондаи кист?,- мегӯяд ӯ.

Зимнан, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мирдадоев Зариф мегӯяд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо сабабҳои молиявӣ аст. Асосан ҷавононро маблағҳои калон ба ин гурӯҳҳо бурда истодааст, на чизе беш! Алҳол ҷавононе шомил гардида истодаанд, ки берун аз Тоҷикистонанд. Ҷое наравем, ҷавононро айбдор мекунанд, ки ин асту он аст. Гап дар дигар масъала аст, якум муҳити хонавода. Мо бо ҷавонон кор карда истодаем, аммо муҳити хонаводаро намедонем. Муҳити хонавода дар тарбияи ватанпарастӣ дар ҷойи аввал меистад. Агар муҳити хонавода солим набошад, ҳамаи кори мо беҳуда аст. Мо бетарафем дар бисёр маврид. Пас шомилшавии ҷавонон ҳам ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз бетарафӣ аст. Ҷавононро танқид мекунанд, ки чорабиниҳоятон якранг аст. Хуб, мо қабул мекунем, аммо як маслиҳати хуб намедиҳанд. Бояд тамоми қишри ҷомеа барои аз байн рафтани ин масъала корбарӣ кунанд, дарк намоянд. Бо як худи ҷавонон намешавад. Мо ҷое наравем, дар бораи тарбияву ватанпарастӣ сухан мекунем, аммо нишонрас нест. Чаро мо идеал надорем? Ҳозира ҷавонон идеал надоранд. Имрӯз мо бояд он идеалеро созем, ки ҷавонон ба он пайравӣ намоянду интихоб кунанд. Бояд мувофиқи майли ҷавонон кор кунем, чизеро, ки онҳо қабул доранд, онро қабул намоем. Бояд бо онҳо дар як раванд бошем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баъди соли 2005 зиёд гардидааст. Алҳол дар шаҳру навоҳии Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд чунин ҳол дида мешавад.


Бознашр аз "Фараж"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)