Бахшҳо
05 дек 2014 17:07Ҳуқуқи инсон

Оё Нусрати террорист шогирди Ҳоҷӣ Мирзо аст?

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Вақтҳои ахир аз кишвари ҷангзадаи Сурия хабари марги даҳҳо ҷавони тоҷик ҳам дар шабакаҳои интернетӣ пахш мешаваду ҳам овозаҳо паҳн мегарданд. Аммо падару модар, зан ва фарзандон гумон мекунанд, ки онҳо дар кишвари Русия кору фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки кишвари Русия як лонаест, аксари ҷавононро ба ҷиҳод мехонаду онҳоро гумроҳ карда, ба сўи марг мебарад.


Ҳоло аксари коршиносон иддао доранд, ҷавононе, ки ба ин роҳ мепайванданд камсаводу таҳсилдида нестанд, аз ин рў онҳоро гурўҳҳои махсус ба доми фиреб андохта, ба кишвари Сурия мебаранд. Сайфиддин Қосимов, як падаре, ки ду фарзандаш дар давлати Сурия меҷангидаанд, аз мақомотҳои дахлдор хабардор шудааст, ки фарзандонаш кайҳо фавтидаанд, дар сўҳбат ба мо чунин гуфт: "Аламамро тоза накунед. Аниқ онҳо фавтидагианд. Хай, чӣ кор кунам, онҳо дар Русия фаъолият доштанд. Аммо баъди моҳи май дигар бо онҳо суҳбат карда натавонистам. Сангаки писарам дар моҳи июл вафот кардааст. Файзиддин бошад бо ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Россия буд. Ҳоло аз ин кор ҳеҷ кас огоҳӣ надорад, ҳатто ҳамсарам ҳам".

ҶИҲОД ДАР РОҲИ ХУДО Ё БАРОИ ПУЛ?

Чанд моҳ қабл дар шабакаи иҷтимоии "Однаклассник" наворе пайдо шуд, ки дар он як террорист аз ҷиҳоду дин сўҳбат мекард, ҳатто худро шогирди руҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов муаррифӣ карда, ўро даъват ба ҷиҳод карда буд. Ҳам боғазаб гуфта буд, ки дигар мо шогирди ту нестем. Ин дар ҳоле , ки баъди пахши навор сокинони Кўлоб ўро шинохта гуфтанд, ки ин террорист мулаққаб бо "Махсуми Нусрат" будааст. Чанд моҳ қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будааст. Баъди навори ин сокини Кўлоб дар шабакаи аввали телевизиони тоҷик чанд ҷавонро намоиш доданд, ки ҳангоми сафар ба ҷиҳод дастгир шуда, худро яке аз толибилмони "Мадрасаи Тураҷонзода" муаррифӣ кард. Аммо, баъди чанд муддат дар ҷавоб Турҷонзода тавассути расонаҳо аз ин кирдори ҷавонон инкор карда, посух дод, ки "ин ҷавонон дар мадрасаи Тураҷонзода таҳсил кардагӣ нестанд".

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов низ Нусрат Назаровро як ҷавони гумроҳ унвон карда буд, ки воқеияти исломро дарк накардаву ба роҳи хато рафтааст. Ин рўҳонии машҳур гуфт, ҳеҷ гоҳ ин ҷавонро таълим надодааст ва ў "шояд дар қатори садҳо ҷавонони дигар дар масҷиди онҳо намоз гузошта бошад." Ин ҷавон, ки зоҳиран раҳбари гурўҳ аст, бо лаҳни тунд Ҳоҷӣ Мирзоро, ки гуфта буд, ончӣ дар Сурия мегузарад, ҷиҳод нест, сахт интиқод кардааст. "Гуфтааст, ки дар ин ҷо ҷиҳод нест, хондем суханҳояшро. То ҳамон вақте, ки mp- 3- ашро наоварданд, ман бовар намекардам. Э, бародар Ҳоҷӣ Мирзо! Садои маро бишнавӣ, ман фақат дар ҳамин ҷо баҳс мекардам, ки Ҳоҷӣ Мирзо ин хел гап намезанад, ҷиҳода қабул мекунад. Вале ин суханҳои маро худат мешунавӣ иншоолоҳ, маро мебинӣ, Аллоҳ моро дида истодааст. Дигар офтобро бо ҷелакат маҳкам карда наметавонӣ".

Вақте ин нафарони гумроҳ ба давлати Сурия по мегузоранд, дигар аз онҷо илоҷи баргаштан надоранд. Аммо ҳайратовар он аст, ки чаро махсуми Нусрат танҳо ба Ҳоҷи Мирзо посух гуфт? Ин дар ҳоле буд, ки дар баробари Ҳоҷи Мирзо, Мулло Ҳайдар ва дигар рўҳониёни шинохтаи Ҷумҳурӣ низ нисбати гумроҳ шудани ин ҷавонон сухан карда буданд, вале посух танҳо ба Ҳоҷӣ Мирзо буду бас. Аммо, мо интизор доштем, ки Нусрат ба суханҳои Мулло Ҳайдар низ ҷавоб мегўяд, вале нагуфт, танҳо худро шогирди дўстдори Ҳоҷӣ Мирзо хонда, ба ў посух гуфт: "Ба ин Ҳоҷӣ Мирзо ҷавоби дандоншикан диҳед. Мо то имрўза ўро устод мегуфтем ва баҳс мекардем, ки ў ин хел намегўяд".

МИЁНИ ҲОҶӢ МИРЗОВУ НУСРАТ НАЗАРОВ ДАР АСЛ ЧӢ БУД?

Интиқоди Нусрат қариб, ки ҳамаро ба ҳайрат овард, ҳатто шогирди Ҳоҷӣ Мирзо муаррифӣ кардани худ. Аммо миёни Ҳоҷӣ Мирзову Нусрат то кунун чӣ буд, ҳеҷ нафаре намедонад. Ҳатто ҳамсояҳо ахириро дар фурўхтани маводи мухаддир гунаҳкор медонистанд. Шуъбаи Корҳои Дохилаи Кўлоб низ тасдиқ карда буд, ки дар воқеъ ў ду сол инҷониб дар кофтуков қарор доштааст. Дар баробари Нусрат Назаров, боз чанд ҷавони дигари ин минтақа дар ҷангҳои Сурия иштирок карда, хабари маргашон омадааст. Чанд моҳ қабл хабари марги як ҷавони Кўлоб, бо исми "Абу Ҳолиди Кўлобӣ" дар расонаҳои ҷангандаҳои Ироқу Шом нашр шуд. Баъди нашри ин акс сокинон тасдиқ карданд, ки ин ҷавон Бахтиёр Шеров будааст. Модари ў низ тасдиқ кард, ки фарзандаш дар Русия кору фаъолият дошт. Аммо Нусрат дар навораш, ки Ҳоҷӣ Мирзоро интиқод мекард ва худро шогирдаш мехонд, чунин мегуфт, "дар инҷо дар як рўз 400 - 500 нафар шаҳид мешаванд".

Хабари охирине, ки ҳоло дар дасти мо расид, аз ноҳияи Фархор 4 нафар дар ҷангҳои Сурия иштирок карда, ба ҳалокат расидаанд. Писарони Қосимов, ки бо чор фарзанду ҳамсарашон дар Россия буданд, хабари маргашро ба падараш расониданд. Ҳоло ба иттилои расмӣ дар Сурия 10 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, шаш нафари дигар баъд аз бозгашт аз Сурия дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуданд. Муфтии Сурия зиёда аз ним сол пеш гуфта буд, ки 190 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъи Сурия зидди ҳукумати президент Башор Асад меҷанганд. Порлумони Тоҷикистон рўзи 21-уми май банди алоҳидаеро ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид кард, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар ширкат мекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)