АКС: Пирӯзии Анушервони тоҷик ба нафъи Русия дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Анушервон Назарзода, варзишгари тоҷики муқими Русия қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон дар риштаи самбо шинохта шуд.
Бузургмеҳр Назарзода, падари ин варзишгари тоҷик дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, писараш рӯзи 6 декабр, дар аввалин рӯзи мусобиқоти қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Қибрис иштирок карда, дар вазни 46 кило мақоми аввалро ба даст овардааст.
Назарзода, ки 15 сол дорад, се бор қаҳрамони Русия миёни наврасон дар риштаи самбо ва ноибқаҳрамони ин кишвар дар риштаи дзюдо шинохта шуда, соли 2013 тавонистааст, унвони қаҳрамони Аврупо оид ба самбо миёни наврасонро соҳиб шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |