Ҳизби аграрӣ дар парлумони нав фраксия таъсис доданист

Ҳизби аграрии Тоҷикистон қасд дорад, дар интихоботи парлумонии соли 2015 теъдоди намояндаҳояшро бештар намуда, фраксияи худро ташкил намояд. ҲАТ дар парлумони Тоҷикистон 3 намоянда дошт: 2 вакил дар палати поёнӣ ва 1 нафар узви палатаи болоӣ.
Тавре аз ин ташкилоти сиёсӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Анҷумани навбатии ҲАТ, 18 декабри соли ҷорӣ бо иштироки 210 вакил аз шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Рустам Латифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲАТ дар конфронси ахири ин ҳизб теъдоди аъзои ҳизбашро 47 ҳазор нафар гуфтааст. “Ин эътимоди бузурги мардум мебошад ва аграриён сазовор будани худро ба боварӣ дар амал бояд нишон диҳанд. Дар вилояти Хатлон, ки ин теъдод қариб 20 њазор нафарро ташкил медиҳад, ҲАТ бояд ба ҳама мушкилоту хурсандӣ ва масъалаҳои ҳалталаби мардум шарик бошад ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро дар назди мақомоти марбута масъалагузорӣ намоянд ва пеш аз ҳама худ дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошанд”,-гуфтааст ӯ.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2015 баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |