Бахшҳо

"Хоби абад”-и боз як модару 4 кӯдаки тоҷик дар Ваҳдат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги 5 узви як хонавода дар ноҳияи Ваҳдат хабар медиҳад, ки ҳангоми хоб аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шудаанд.

Тибқи иттилои дафтраи матбуотии ин ниҳод, фавтидагон аъзои як оила, сокинони ҷамоати деҳоти Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат- Насиба Маҷидоваи 29 сола ва хурдсолон - Фаридаи Саидакрами 6 сола, Саидаслами Саидакрами 5 сола, Фазилаи Саидакрами 4 сола ва Саидакрам Муҳаммади 3 сола мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, аъзои ин хонавода шаби 7-ум ба 8-уми декабр барои гармшавӣ аз ангишт истифода кардаанд ва ҳангоми хоб буданашон аз дуди он заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ВУД, як рӯз қабл аз ин ҳолиса рӯзи 8 декабр Холматов Собир, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Спитамен дар хонаи истиқоматиаш аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтид. Аз ин пештар дуди ангишт зану шавҳари ҷавон дар вилояти Суғдро ба ҳалокат расонда буд.

Бо зикри ин ҳолатҳо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки зимни истифодаи маводи сӯхт боэҳтиёт бошанд.
Мӯҳр
Пожарник
Илтимос ба ВУД, МЧС, Оташфишони. Чи тавр шахрвандон худ ва фарзандонро аз дуди ангишт эхтиёт намоянд,. Ё ин ки аз кисмат бинем.

Фарёд
Ҳой мардум, тез ба Таппак гузаред, вагарна капаи ҳамаатон пешу қафо дуд мекунад! Сафи чорво ва фермаҳои говпарвариро афзоиш диҳед, ина пешрави.

ИП
Мардум ду соли дигар токат кунед, баъд одат мекунед.

Хой мардум шукрона кунед... Шукронаи ин даврон кунед... Рузе мерасад ба хаминаш хам шукр гуед

холид
Доди бе свети
светои мо да Афгонистон мардум дар азоб ва...Пожарник,

Прокурор
Прокуратураи генералии ЧТ барои чи хомуш аст, барои чи парвандаи чинояти нисбати хукуматдорон оиди марги ин нафарон огоз намекунад. Чаро хомуши мухтарам Прокурор ё............

Бале ин вокеъа дар дехаи мо Бакарон рух дод худо рахматшон кунад

ҳаррӯз муриш дар Тоҷикистон зиёд мешавад.

Сабаби хамаи ин аз бехавсалагии худи мардум аст. Агар сари вакт хамон трубахои дудбароро тоза кунанд,шояд ин ходиса руй надихад. Бе свети мегуем хама айбро ба бе свети назанед. Солхои шурави ки на проблемаи свет буду на газ мардуми шахршин хам аз он чумла сокинони махаллахои шахри Душанбе низ дар фасли сармо аз ангишт васеъ истифода мебурданд.
Пожарник,

ШУКРОНАИ ХАМИН ДАВЛАТ КУНЕД

Аввало ба ахли оила ва хешу таборони мархум хамдарди баён намуда ба онхо аз худои таъало сабри чамил хохонем.
Бародарон ин хама дахшат аст мегуянд, ки гузашти фарзанд дар назди волидаин ин ба монанди тири алмос аст. Орзу ормонхои ин тифлони бегунохро бо як камбудии зиндаги ва хатохои давлатдорон барбод рафт.
Бо ин хел кордони ва корбарии макомотдорон ман бовари дорам, ки дар солхои наздик холи бебаркии мардум аз ин хам бадтар мешавад, чунки то ин рогуни бахсомез хал мешавад умри чандто ин хел тифлон барабас меравад. Бинобар ин аз рохбарон як хохиш дорам майнаатонро кор фармоед, пулу мол ва вазифаро бо худ хеч кас набурдааст ва намебарад, танхо обруи ва хурмату эхтиром баъд аз саратон мемонад.

Билол
Аз хама мухим дар зиндаги свет хаст; агар свет бошад печка чидаркор?Худованд чойхошона чаннат гардона,незабудка,

дар мотам
Ино лиллохи ина илахи рочиъун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)