Бахшҳо

Умаров: “Ҳукумат дар Тоҷикистон вазъи фавқулодаи иқтисодӣ эълон кунад” (ВИДЕО)

Суҳбати ихтисосии Сипеҳри Кароматулло, хабарнигори “Озодагон” бо иқтисоддони шинохта профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров


Озодагон: Таҳримоти Ғарб алайҳи Русия вазъияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёнаро буҳронитар кард. Ба ҳадде ин таҳримот асаргузор буд, ки дар ин кишварҳо беқурбшавии пули миллӣ ба вуҷуд омад ва ҳатто ин ҷараён метавонад то дер идома пайдо кунад. Тоҷикистон, ки ба иқтисоди Русия зиёд пойбанд аст дар ҳолати пешбининашванда қарор дорад, яъне, ҳадс задан мумкин аст, агар раванд ҳамин тавр идома пайдо кунад, вазъият боз ҳам вахимтар мешавад. Ба назари Шумо ин буҳрон чи паёмадҳоеро дар пай хоҳад дошт?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Буҳрони молиявию иқтисодие, ки ҳоло Русияро фаро гирифтааст, буҳрони сохта мебошад ва он хусусияти объективӣ дорад. Зеро чунин буҳронҳо дар натиҷаи воқеъ афтодани қонуниятҳои рушди капиталистӣ ба ваҷуд меоянд. Буҳрони ба вуҷуд омада аз буҳрони иқтисодие, ки дар соли 1998 дар Русия зуҳур кард, фарқ мекунад. Чун баъди ҳаводиси Украина, ба вижа баъди илҳоқи Қрим ба Русия кишварҳои Ғарб қувваҳои худро муттаҳид карданд ва тавонистанд дар муқобили Русия ин таҳримҳоро ҷорӣ кунанд, ки ҳоло таъсираш мушоҳида мешавад. Нуктаи дигар ин аст, ки дар натиҷаи ин таҳримҳо қиммати нафт коҳиш ёфт, ҳарчанд дар ин хусус Ғарб намехоҳад чизе бигӯяд, вале коҳиши нафт ба кишварҳои тавлидкунандаи он, ба мисли Русия таъсир гузошт. Зеро коҳиши қиммати нафт ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузошта, мунҷар ба беқурбшавиии рубли русӣ гашт. Аз ин ҷиҳат, иқтисоди Тоҷикистон, ки ба Русия вобаста аст, вазъияти дар Русия бавуҷудомадаро эҳсос карда истодааст.

Инҷо баъзе механизмҳо вуҷуд дорад. Ба вижа механизми интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикисон, ки ҳоло он ба коҳиши даромади шаҳрвандон мусоидат кардааст. Масалан, ҳоло иттифоқҳои касаба талош мекунанд, бо назардошти афзоиши сатҳи таваррум маоши коргарон низ баланд шавад, аммо то ҳол баланд нашудааст. Бинобар ин вақте муҳоҷир музд мегирад, ҳангоми иваз кардани он бо доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор музди кориаш хеле кам мешавад. Яъне, қариб 35-40 дарсад нисбат ба соли гузашта камтар аст. Дар Тоҷикистон низ ин вазъият ба чашм мерасад. Камбуди доллар дар дуконҳои саррофии кишвар мардумро нигарон кардааст. Масалан, шумо агар дар дуконҳои саррофӣ доллар бихаред, доллар намедиҳанд ва мегӯянд, нест. Чун доллар нисбат ба соли гузашта камтар ба кишвар ворид шудааст. Талабот бошад нисбат ба доллар зиёд аст. Онҳое, ки ба Покистон, Туркия ва дигар кишварҳо ба тиҷорат мераванд, ба доллару евро ниёз доранд, аммо талаботи онҳо ба таври зарурӣ бо асъори хорҷӣ қонеъ намешавад. Дар робита ба ин масъала мо чандин бор пешниҳодҳо кардаем. Дар давроне, ки Институти иқтисоди назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, тавсияҳоеро пешниҳод карда будем. Вале мутаассифона ин институтро барҳам доданд, ҳоло вуҷуд надорад. Дар он вақт гуфта будем, маболиғе, ки аз ҷониби муҳоҷирон ворид мешавад, таносубе дар бозори асъори Тоҷикистон эҷод мекунад ва ин албатта ба амнияти иқтисодии кишвар таъсир мерасонад. Аз ин ҷиҳат пеши роҳи тамоюлҳои манфие, ки бо баъзе авомил пайдо мешавад, гирифта шавад. Ҳатто мо роҳҳои бурунрафт аз ин мушкилро низ гуфта будем, аммо мутаассифона ба ҳарфи мо гӯш накарданд ва институт барҳам хӯрд. Ҳоло бошад вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки метавонад вазъи иҷтимоии Тоҷикистонро буҳронитар кунад”.

Озодагон: Қабл аз таҳримоти Ғарб алайҳи Русия беқурбшавии пули миллӣ ба назар мерасид, аммо на дар сатҳе, ки имрӯз мушоҳида мекунем. Ба назари Шумо беқурбшавии пули миллӣ танҳо ба омили таҳрими Русия бастагӣ дорад ва ё омилҳои дигаре низ боиси беқурбшавӣ пули миллӣ шудааст?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Беқурбшавии пули миллӣ натиҷаи буҳроне мебошад, ки дар Русия ба вуҷуд омадааст. Вале дар ин ҷо баъзе нукот ва алоқамандӣ вуҷуд дорад. Маслан, маболиғе, ки ҳар сол аз ҳисоби муҳоҷирон ворид мешавад, ба манбаи асосии зисту зиндагии мардум табдил ёфтааст. Мо таъкид карда будем, ки имрӯз хоҷагиҳои ёрирасони назди ҳавлигӣ қобилияти истеҳсолии худро гум кардаанд. Дар ин хусус мо гуфтем, пеши роҳи ин чизро гирифтан лозим мебошад. Мардум кӯшиш кунад қисмати ассии маводе, ки дар назди ҳавлиаш павариш меёбад, тавлид кунанд. Ҳоло хоҷагиҳои назди ҳавлигӣ маҳсулнокиаш хеле паст шудааст ва сабаб дар он мебошад, ки мардум дар хориҷи кишвар мебошанд ва онҳое, ки дар инҷо ҳастанд, чандон қобилияти меҳнатӣ надоранд”.

Озодагон: Тоҷикистон беш аз 20 сол мешавад, кишвари мустақил аст, аммо таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия собит кард, аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳанӯз вобастаи Русия мебошад. Ба назари Шумо чаро тули ин қадар сол Тоҷикистон натавонист аз вобастагии комил ба як кишвар раҳо шавад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Мо на танҳо зери таъсири иқтисоди Русия ҳастем, балки зери таъсири иқтисоди Чин, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо низ қарор дорем. Албатта чунин таъсир хусусияти объективӣ дорад, ҳатто дар сурате, ки сатҳи иқтисодиёти мо баланд ҳам бошад, мо бояд чунин иртиботҳо дошта бошем. Мо ҳамаи колоро дар Тоҷикистон ба таври самаранок истеҳсол карда наметавонем ва аз берун ворид мекунем. Аммо дар ин ҷо бояд мувозинати водироту содироти коло вуҷуд дошта бошад. Мутассифона, дар Тоҷикистон на танҳо мувозинат вуҷуд надорад, балки фарқияти байни воридот ва содирот ба нафъи воридот сол ба сол зиёд мешавад. Ин як зарбаи хеле калон ба амнияти иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ин масъала мо борҳо таъкид кардем, вале мутаассифона, вақте сохторҳои хукуматро таҳти тозиёнаи танқид мегирем ва мегӯем, ки онҳо дуруст вазифаи худро иҷро накарда истодаанд, моро душман эълон мекунанд. Вақте нафаре ин камбудиҳоро таъкид мекунад ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод мекунад, наход душмани Тоҷикистон бошад, душмани халқ бошад? Яъне сатҳи шуури шаҳрвандии мансабдороне, ки дар зинаҳои гуногуни ҳокимият кор мекунанд, хеле паст аст. Онҳо дар хусуси ҷайби худ фикр мекунанд, на дар бораи манфиат ва ояндаи миллат”.

Озодагон: Нафаре пешниҳод кард, барои коҳиши шиддати ин буҳрон бояд ҳукумат даст ба ислоҳоти ҷиддӣ бизанад, афроди масъул ва мутахассисро сари кор орад ва ҳатто мутахассисони хориҷӣ, ба вижа гурҷиҳоро барои канор задани ин буҳрон ба Тоҷикистон даъват кунад. Ҳамчунин гуфтааст, барои коҳиши сатҳи беқурбшавӣ сармояи гуруҳе аз афроди наздк ба ҳукуматро сӯйи буҷа равона кунанд. Ба назари Шумо оё ҳукумат ин тасмимро рӯйи даст хоҳад гирифт?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ман фикр мекунам ин пешниҳод дар ин шакл бештар хусусияти тахаюлӣ дорад. Шумо медонед, ки ягон мансабдор пулҳои дуздида ва дар минтақаи офшор пинҳонкардаи худро ба давлат бозпас намедиҳад ва он барои манфиатҳои умумихалқӣ харҷ карда намешавад. Ин тоифа омода аст, ки дар сурати пеш омадани мушкили ҳуқуқӣ, яъне вақте давлат ва халқ фаҳмад, ки хиёнат карда истодааст, аз Тоҷикистон фирор кунад. Дар ин бобат таъкид мекунам, Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогири иқтисодӣ ниёз дорад. Аммо вақте дар хусуси илоҳот сухан мегӯем, бояд ақидаи худро нисбат ба табиати иқтисодӣ ва иҷтимоии ислоҳотҳо бигӯем ва равандҳои ислоҳотро мушаххас кунем. Ман фикр мекунам дар инҷо якчанд равандҳои ислоҳот вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама бояд Тоҷикистон як стротежии табодули воридотро таҳия намояд. Барои таҳия намудани он як комиссияи хеле ҷиддӣ бо шумули беҳтарин истисодонони ватанӣ ва хориҷӣ, на фақат аз Гурҷистон, балки аз Русия, Амрико ва Чин ташкил шавад ва ин комиссия барои раҳоии Тоҷикистон аз ин вазъият кор кунад. Чунин иқтисодонон ба инҷо ҷамъ карда шаванд, онҳо байни ҳам як маслиҳат кунанд ва дар бораи равандҳои муҳимтарин ислоҳоти Тоҷикистон ба хулосае оянд.

Чанд роҳи дигар барои ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад: Якум, роҳандозии стротежии табодули воридот. Дувум, муборизаи воқеъӣ алайҳи фасод аст. Ба ақидаи ман барои мубориза бо фасод аз таҷрибаи Чин бояд кор гирифт. Дар Тоҷикистон ашхосе, ки ба фасод аз ҳад зиёд олуда шудаанд ва онҳо сабаби паҳншавии фасод дар Тоҷикистонанд, бояд чанд нафари онҳо ба маҳкама кашида шавад. Онҳо аз ҳаёти ширини худ маҳрум ва паронда шаванд. Агар василаи мубориза бо фасод роҳандозӣ нашавад, дар Тоҷикистон фасод барҳам намехӯрад, яъне сиёсати мубориза бар зидди фасод комилан дигар бояд бошад. Ин идорае, ки имрӯз вуҷуд дорад, барҳам дода шавад ва як идораи дигар ба вуҷуд ояд. Идорае, ки дар онҷо мардуми пок кор кунад, ки дасташ ба фасод олуда набошад. Мардуме кор кунад, ки онҳо ба давлати худ, ба миллати худ содиқ бошанд, ва онҳо аз назари меъёрҳои умумидавлатӣ фаъолият кунанд. Сеюм, сиёсати кадрӣ комилан дигар карда шавад. Ҳар кас дар ҷое нишинад, ки ба он ҷой ва вазифа сазовор бошад. Ҳам аз назари хусусиятҳои маънавию ахлоқиаш ва ҳам аз назари донишу қобилияти ташкилотчигиаш”.

Озодагон: Агар ин раванд идома пайдо кунад, яъне беқурбшавии пулли миллӣ идома ёбад, воридоти пули муҳоҷирон кам шавад, сатҳи рушди иқтисод ҳам суқут кунад, чи пеш хоҳад омад? Тоҷикистон гирифтори буҳрони иҷтимоӣ мешавад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ман фикр мекунам алакай буҳрони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Тахминан якуним ду миллион муҳоҷир дорем ва онҳо дар ватани худ кор карда наметавонанд. Онҳо бо иҷбор берун аз марзҳои ҷумҳурӣ кор мекунанд, ин нишонаи буҳрони иҷтимоӣ мебошад. Онҳоро сатҳи пасти зиндагӣ маҷбур кардааст, ки ватани худро тарк карда, барои зиндагии худашон ва аҳли оилаашон мубориза баранд. Худи ҳамин буҳрон аст, буҳрони иҷтимоӣ аст. Аммо ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ дорад. Аз ин нигоҳ бояд нақшаҳое тартиб дода шавад ва амалӣ гардонида шавад, ки дар натиҷаи амали гардонидани онҳо сатҳи зиндагии мардум пеш аз ҳама беҳтар карда шавад. Ғайр аз ин нуктаи дигарро таъкид мекунам, ки тамоми фаъолияти ҳукумат, тамоми фаъолияти сохторҳои давлатӣ бояд ба он равона карда шавад, ки мардум беҳтар зиндагӣ кунанд ва миллати тоҷик нашъу намо ёбад ва сарбаланд бошад”.

Озодагон: Бонки миллӣ гуфт барои пешгирии беқуршавии пулии миллӣ ҳар рӯз чанд миллион долларо ба бозор ворид мекунад, фикр мекунед, бо ин гуна корҳо пеши роҳи ин беқурбшавиро гирифтан мумкин аст?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Албатта, ин як тадбири маҷбурӣ мебошад. Ман фикр мекунам хеле хуб мешавад агар дар ин вазъият ҳукумат дар Тоҷикистон вазъи фавқуллодаи иқтисодӣ эълон кунад ва пеши роҳи монополистҳои ба таври сунъӣ нархҳоро боло мебурдаро бигирад. Дар Ғарб он давлатҳое, ки соҳиби рушди муътадили иқтисодӣ мебошанд, дар онҷо дароманднокӣ агар дар байни бист сӣ дарсад бошад, мардум кулоҳашро ба осмон ҳавола медиҳад. Яъне, хурсанд мешаванд, ки ба чунин сатҳи рушди даромад ноил гашт, аммо дар Тоҷикистон монополияҳои зиёд вуҷуд дорад. Монополияе, ки баъзе ашхос дар сохторҳои давлатӣ менишинанд, дастгирӣ менамоянд. Ҳоло бояд тавре кор кард, ки нархҳо аз тарафи давлат мавриди таҳлил қарор гиранд, он нархҳое ки ба таври сунъӣ боло бардошта шудаанд, ба сатҳи муътадил фароварда шаванд. Он касоне ки нархҳоро хеле баланд бардоштаанд, давлат онҳоро бояд муҷозот кунад”.



Мӯҳр
Dev
Baroi in gushi shunavo lozim ast,ki mutaassifona dar hukumat nest.Holo dar bajni korkunoni hukumati yak musobika jorist"ki ba zuddi ,oson millioner shuda metavonad..

Умедчон
Мо иншооллох бе иштироки русхо, амрикоихо ва шайхони араб аз хама кризисхо мебароем. Мо метавонем.

нефть
салом, хеле сипосгузор мешудам агар масъалаи болоравии нархи сузишвориро рушани мекардед устоди азиз Умаров, чаро нефть 30 40 % поен факромада аст аммо нарх дар мо боло меравад хаминро мефахмондед , по подробнее пожалуйста все аспекты"!!!!!

Чи хеле хочимухамад гуфтанд ки мо мисли Чин конунхои катлро истифода кунем барои фасод магарам ки ба гайри кудако хамаро хукми катл тиянд нест сохае ки ба фасод олуда набошад так что мо точикон фасодкор набудем моро мугултаборон омухта кардаанд

salmonbek
Иншоаллох аввал худо бо худо бо иншоаллох боз хам иншоаллох бо баракати рохбарони охиратгарову диндоригарохоямон ва бо баракати зиедшавии сафи муллохову хочиену туллобхоямон ва боз хам иншоаллох ба умеди худо хамааш нагз мешавад!! Боз хам иншоаллох иншоаллох ки хама дар дасти худо аст дуо кунем ки сафи муллохоро дар Ватан зиед шавад бо дуо ва намозхонии онхо худо ризкамонро зиед мекунад парво накунед иншоаллох !!!

Иншоаллох аввал худо бо худо бо иншоаллох боз хам иншоаллох бо баракати рохбарони охиратгарову диндоригарохоямон ва бо баракати зиедшавии сафи муллохову хочиену туллобхоямон ва боз хам иншоаллох ба умеди худо хамааш нагз мешавад!! Боз хам иншоаллох иншоаллох ки хама дар дасти худо аст дуо кунем ки сафи муллохоро дар Ватан зиед шавад бо дуо ва намозхонии онхо худо ризкамонро зиед мекунад парво накунед иншоаллох !!!

имрон
Дар хакикат бисер дуруст кайд мекунад ин устод хамаи бадбахти дар корупциядар давлат ва хешу табори хаст ва иктисодиет пеш намеравад !!

чинди
Бехтарин иктисодчии точикистон....ана ин касро дар хакикат ДОКТОРИ ИЛМХОИ ИКТИСОД, ПРОФЕССОР мегуянд....

Умедчон,
Бародари азиз Шумо Мо гуфта киро дар назар доред мо нафахмидам? Агар ба чунин минвол вазъият рафтан гираду мо метавонем гупта тамошо кунем гапи ту Умедчон да хонаатам эътиборашро гум мекунад. Бо сари пучу дасти дароз ба суи Чину Русия ягон кор карда намешавад ва Мо гуфтани гу ба гуши хар азон гуфтанро мемонад. Ба умеди рузхои хуб, шукрона карда гаштан мегири....

Сироч
Ба Точикисто ягон кризис тахдид намекунад чун,ки мо доимо дар кризис карор дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)