ФСБ ҷабри тоҷикон аз дасти пулисҳои русро ошкор кард (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳиявии Перм эълони ҳукми 7 корманди пулиси фурудгоҳи “Болшое Савино”-ро оғоз кардааст, ки барои баланд бардоштани нишондодҳои хидматияшон асосан нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон беасос санадҳои қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб медодаанд.
Ин ҷинояти хидматии маъмурини пулисро Хадамоти федералии амният ё худ ФСБ-и Русия ошкор карда буд ва дар аввал дар ин ҷинояти хидматӣ 12 нафар, тамоми кормандони шуъбаи пулиси “Болшое Савино” муттаҳам мешуданд, вале дар ниҳоят 5 нафарашшон раҳо шуда, феълан 7 нафарашон дар курсии айбдоршаванда қарор доранд.
Олга Наметова, додраси додгоҳи Перм зимни эълони қарор нисбати айбдоршавандаҳо, ки тӯлонӣ хоҳад буд, аз ҷумла изҳор доштааст, ки муттаҳамон созиши ҷинояткорона карда, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, асосан тоҷикон даҳҳо санади беасоси қонунвайронкуниро тартиб додаанд. Дар бархе аз ҳолатҳо худи афроде, ки нисбаташон санади маъмурӣ тартиб дода мешуд, аллакай дар Ватан қарор доштаанд ва ин санадҳо барои баргаштани шаҳрвандон ба Русия монеа эҷод мекарданд.
Додрас гуфтааст, муттаҳамон аз ин корашон ягон фоидаи молӣ намедиданд ва танҳо хостаанд нишондодҳои хидматияшонро баланд бардоранд. Аммо худи айбдоршавандаҳо, ки аз омма рӯяшонро пинҳон мекунанд, гуноҳашонро эътироф намекунанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи қонунгузории Русия ба пулисҳо барои қонуншиканӣ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Феълан эълони ҳукм нисбати айбадоршавандаҳо, ки сафҳаҳои зиёд дорад, ба поён нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |