Додгоҳ афвшударо дар “Корвон” 24 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як сокини 24-солаи шаҳри Душанберо, ки қаблан афв шудааст, дар як мурофиаи сайёр дар бозори “Корвон” барои аз худ кардани тилловорӣ 24 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, маҳкумшуда-Ибодов Ҷамшед, маълумоташ миёна, муваққатан бекор ва муҷаррад соли 2009 низ барои ғоратгарӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд: “Аммо тибқи қонуни афви қаблӣ соли 2011 аз зиндон раҳо гардид.”
Манбаъ мегӯяд, афвшуда соли равон боз даст ба ҷиноят зада, бо роҳи қаллобӣ аз модари ҳамсинфаш, ки дар бозори “Корвон” мағозаи тилловорӣ доштааст, гарданбандҳо гирифта, маблағашонро аз худ намудааст: “Ибодов Ҷамшед дар маҷлиси судӣ худро пурра гунаҳкор ҳисобида, гуфтааст, чанде пеш ҳамсинфаш – Шаҳнозаро дар Корвон вохӯрда, фаҳмидааст, ки оилаашон он ҷо мағозаи тилловорӣ доштааст. Чанд рӯз пас назди он мағозаи модари Шаҳноза рафта, худро ҳамсинфи духтараш муаррифӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, холааш дар мағозаи «Мираж» бо фурӯши либос машғул аст ва мехоҳад ҷавоҳирот харад. Ибодов барои нишон додан ба холааш аз модари Шаҳноза, ҷавоҳироти тилоӣ, аз он ҷумла ду гарданбанд, ки якеаш 15 грамм ва дигараш 20 грамм вазн доштааст, гирифта, маблағашонро надода ғайб задааст.”
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, зимни мурофиа маълум шуд, ки Ибодов гарданбандҳоро ба маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағро аз худ намудааст. Ба иттилои манбаъ бо қарори додгоҳ маблағи зарар барқарор гардида, Ибодов дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ ба фоида давлат ҷаримабандӣ шуд. Додгоҳ инчунин ҳуқуқҳои Ибодовро барои фаъолияту ишғоли мансабҳои алоҳида низ маҳдуд кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |