Бахшҳо

Посухи Кабирӣ ба дипломати Ғарб дар бораи ояндаи Точикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар бо Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе, ки моҳи оянда муҳлати ваколати сафириаш ба поён мерасад, мулоқот кардааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дидори Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритониё рӯзи 11 декабр дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе баргузор шудааст. Дар ин дидор вазъи минтақа ва Тоҷикистон, аз ҷумла масоили марбут ба интихоботи парлумонии кишвар, ифротгароиву хатари он ва дигар масоил баҳсу баррасӣ шудааст. Сухангӯи раиси ҲНИТ мегӯяд, сафири Бритониё инчунин ба масоили вобаста ба вазъи ояндаи Тоҷикистон ишора карда, назари Муҳиддин Кабиро дар робита ба мушкилиҳои умдаи кишвар пурсидааст. Ба қавли Файзраҳмонов, раиси ҲНИТ дар посух ба ин савол гуфтааст, “бузургтарин чолишҳои ояндаи Тоҷикистон хатари ифротгароӣ ва ҳамзамон набуди муколама мебошанд.”

Муҳиддин Кабирӣ дар шарҳи ин ҳарфҳояш афзудааст, "ягона роҳ барои пешгирӣ аз хатари ифротгароӣ ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардум, додани озодиҳои бештар, роҳандозии муколамаи воқеӣ байни доираҳои сиёсиву илмӣ ва шаффофияти интихоботҳост. Миллати мо дар гузаштаи наздик бо чолишҳои бузургтар ҳам рӯбарӯ шуда буд, аммо танҳо аз роҳи муколама ва гуфтугӯ чунин чолишҳоро пушти сар кард. Умедворам, ки мо метавонем аз роҳи муколама ва аз роҳи додани озодиҳои бештар ин мушкилро ҳам пушти сар кунем."

Сафири Бритониё дар Душанбе дар поёни суҳбат ба Муҳиддин Кабирӣ китоберо бо акси манзараҳои кишвараш такдим карда изҳори умедворӣ кардааст, муносибати ду кишвари дӯст боз ҳам қавитар хоҳад гашт.
Мӯҳр
Мехр
Чаноби Робин ташвиш накашед, вазъ ором аст ва Кабири оромтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)