Бахшҳо

Эътирофи Гулов: Кадрҳоямон ба талабот ҷавобгӯй нестанд!

Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи милллии Тоҷикистон эътироф намуд, ки журналистҳои тайёркардаи муасисаҳои таълимӣ ба талаботи амалия ҷавобгӯ нестанд.

Гулов, ки имрӯз, 12 декабр дар ҷаласаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон суханронӣ кард, изҳор дошт, журналистҳои хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ аз уҳдаи кор дар амалия намебароянд. Ӯ гуфт, феълан миёни барномаҳои таълимӣ ва амалияи журналистикаи тоҷик халоҳои зиёде ҷой дорад.

Гулов изҳор дошт, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 500 расона расман сабт шудаанд, ки амалан нисфи онҳо фаъоланд ва тақрибан ягон расона бо кадрҳо пурра таъмин нест. Мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ пешниҳод намуд, барои ислоҳи вазъ ҳамкории бештар миёни расонаҳо ва муассиаҳои таълимӣ роҳандозӣ шавад.
Мӯҳр
Мехр
Оре. худтанкидкуни меваи Коммунизм аст.

пфффё устод Гулов намешадки хамон студияву газетавк радиот донишгохро ба кор дароварда ба ихтиёри донишчуен гузоред.0??? ана баъд дар амалияхам меомузанд ))

Ватандуст.
Дар худи факултети журналистикаи ДМТ устодоне, ки тачрибаи кори дар ВАО дошта бошанд нест. Аз декани факултет сар карда 80 фисади устодон гайрикасбианд.

Устод Сангин Гулов вокеан дуруст гуфтанд, ки хатмкардахои муассисахои илми ба талаботи кори расонахои хабари тоб оварда наметавонанд. Ва хамкории муассисахои таълими бо воситахои ахбори омма рохи халли ин масъала мебошад. Аммо кадом расонаи хабари омодаи чунин хамкори аст? Давлати, хусуси, хизби, чамъияти, хоричи? Кадоме? Ва оё назарияи журналистика ба холати кории ВАО тавъам шуда метавонад? Дар муассисахои мавриди назар чи дарс медиханд, кихо дарс мегуянд? Чунин суолхое ру мезананд, ки посухи онхо шояд баёнгари вазъи таълиму тадрис ва тачрибаандузи дар макотиби журналистикаи имруза аст. Рохи хал танхо як хамкори нест! Харчанд омузиши касби рузноманигори такозо мекунад, ки нафари онро пешакарда корро дар расонахо 2 - 3 сол пештар аз хатми донишгох огоз кунад. Вале ислохро аввал бояд аз муаллим сар кард. Аспирант, номзади илм ва ё профессори ингуна таълимгохро зарур аст, ки тачрибаи бойи хабарнигори дошта бошад. Хади акал 2 - 3 сол дар идораи рузнома ва телевизиону радиё ё дигар шакли воситаи ахбор фаъолият карда бошад. Устоди журналистика бояд худ журналисти асил бошад, на як сафсатагу...

Барои оне, ки кадрхо ба талабот чавобгу шаванд. Аввалан дар факулта системаи таълиматонро дуруст кунед. Дуюм ришваро аз байн баред. Сеюм дарсхои сафсаталогияро кам карда ба чои он дарсхои амали гузаронидан даркор. Масалан дар вакти имтихону зачот ба шогирдонатон супориш дихед,ки гузориш ё маводе нависанд. Ана хаминхел корхоро зиёд кардан даркор устод!

Зеро чаноби Гулов С. дар факултети журналистикаи ДМТ бисёри устодон худ бесаводанд.Дар факултет бехтарин устодон Илхомчон Хамидов ва Човид Мукимов амалияро бо назария мепайвандаднду халос. Дигар устодон Сангин Гулов, Мурод Муроди, А. Сайдуллоев, Б.Камолиддинов, Мушарафа Чураева, Мохира Мирзоева (дар сохаи забоншиноси) бехтарин нафароне хастанд ки донишчуро таёр мекунанд танхо чихати назарияви. Дигар устодон нодаркоронад дар факултет хуб мешуд аз рузномаву мачалахо ва телевизионхо амалиро дарс диханд. Пеш аз хама шартнома миёни кумитаи тв ва радио дошта бошанд, ки бевосита сари дастгохои телевизиону радио рафта дарс хонанд.Мачалаву рузномахои давлати рафта омузанд. Дар кафедраи услубшиноси кисми зиёд бесаводи маахзанд ки асосиашон Шодиев Баходур аст у чигуна химоя кардааасту холо муовини декан оид ба илм аст уф, барои ки будани ман фикр накунед ман хатмкардаи солхои наздики факултетам

Сафар
ОЗОДАГОН модоме, ки хакикаторо чоп намекунед пас чаро хабаро дар расона нашр мекунед?! Пас маълумаст, ки шумо хам аз инхоед!!!

устод Гулов, Шумо кадом расонаро медонед, ки бо хохиши факултети Шумо барои хамкори дархост гирифта бошад. Донишчуи бечора агар ба расона кор раваду аз дарс дер монад Шумо устодон то деканатон уро барои дер карданаш гунахкор мебароред ва баъзе устодонатон хатто барои НБ пул мегиранд.
Пеш аз хама сатхи забондонии донишчуёни фак. журналистикаро боло бардоштан даркор. Ба устод Бозоров гуед, ки дигар кегелу колиб напурсанд, ин чизхо аз байн рафт ва агар бошанд, хам донистани онхо ба донишчу чизе дрода наметавонад. Ба устодони забони точикиатон фахмонед, ки ба чуз аз услубшиносию одоби муошират дигар дарсхояшон, аз кабили фразеология, чумлайи пайрав, соддаю мураккаб ба дарди касе намехуранд. Устодони кафедраи журналистикаи байналхалки низ дарсхои кафедрахои матбуот ва телевизионро (ба истиснои чанд нафарашон) такрор мекунанд. Умуман камбудихо зиёданд ва итминон дорем, ки бо кушиши Шумо ва чанд тани дигар аз устодони сохибкасб оянда чунин мушкилот рафъ хоханд шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)