Боздошти марде, ки духтари ноболиғашро корд задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 47-солаи Кӯлоб хабар дод, ки дар сӯиқасд ба ҷони духтари ноболиғаш муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, “Абдулфаттоҳ Баротов рӯзи 11 декабри соли равон дар манзили истиқоматиаш духтари ноболиғаш Баротова Ш., соли таваллудаш 2001-ро аз сабаби ба хонаашон дер омадан, ҷангу ҷанҷол намуда, ду маротиба бо корди дар дасташ буда ба баданаш задааст”.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнин бардошта, феълан дар беморхона бистарӣ аст. Манбаъ мегӯяд, Абдулфаттоҳ Баротов пеш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |