Бахшҳо

Зуҳуров ба Фағонӣ: Нақши Эрон ҳамчун миёнҷӣ дар истиқрори сулҳи тоҷикон арзишманд аст

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.

Тавре Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” иттиллоъ дод, дар дидори Шукурҷон Зуҳуров ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҷумҳурии исломии Эрон баррасӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, “Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати эронӣ дар бораи фаъолияти парлумони Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии тамоми пешрафтҳои иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвар тайи солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, тавассути вакилони Маҷлиси намояндагон фароҳам оварда шудааст”.

Ба гуфтаи Зуҳуров мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард: “Бори дигар ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар густариш ёфт. Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Нақши Эрон ҳамчун миёнҷӣ дар бунёд ва истиқрори сулҳу ваҳдати миёни тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле арзишманд аст”.
Мӯҳр
Шукурчон Зухуров барои дипломатияи муосири точик бозёфте хубе аст. Худо уро дар панохаш нигах дорад. Се соли охир у нафарест ки гапи ростро ба руи мансабдорон гуфта истодааст. Албатта ин ба хар кас намефорад. Вале бояд касе гуяд. натарсад. Барои ин часорат лозим аст. Шукурчон Зухуров ин часоратро дорад. Уро бояд мисли гавхараки чашм чун аклу хиради миллат мо бояд нигах дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)