Бахшҳо
13 дек 2014 10:54Тоҷикистон / Сиёсат

Супориши президент барои шароити яксон ба номзадҳо иҷро мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо раёсат ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дастур дод, ки ба ҳамаи номзадҳо дар интихоботи парлумонии соли 2015 шароити баробар фароҳам карда шавад. “Озодагон” дар пасманзари ин супориш аз коршиносон суол кард, ки то куҷо ин дастури раисиҷумҳур иҷро хоҳад шуд?

Бобоҷони Шафеъ, коршинос


Ин гапе нест, ки гуем мо бовар надорем. Бовар дорем, вале метарсем, ки мисли изҳори назарҳои пештара он низ танҳо сухан набошад. Президент кафили амнияту ободии кишвар аст ва ҳамзамон кафили иҷрои суханони худ ҳам бояд бошад. Дар чанд интихоботи гузашта ин гуна гуфта мешуд, вале дар асл риоя намешуд. Ва ҳамаи касоне, ки бовар надоранд, ба он хотир аст, ки дар гузашта ин амри президент риоя ва иҷро нашуд. Мо имрӯз боз ҳам бовар дорем, вале гумон аст, ки амрро иҷрогарон иҷро кунанд. Мо умедвори як интихоботи шаффофем, то донем, ки раъйи мардум ба кӣ ва чи гуруҳест. Мо мехоҳем донем, ки ҳокимияти дар ин беш аз бист сол пиршуда чи маъруфияте миёни мардум дорад. Аз ин ру бо боварӣ ба суханони президент интизори иҷрои амр аз ҷониби касоне ҳастем, ки бояд хостаҳои раиси ҷумҳурро иҷро кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ


Албатта не. Ин бори аввал нест, ки президент ҳамчун сардори давлат ва кафили риояи конститутсияву қонунгузорӣ дар кишвар, дар бораи шаффофияту интихоботи озоду ҳаққонӣ кафолат медиҳад. Вале дар таҷриба дигар кормандони соҳаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ ва ба хусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дар назардошти манфиатҳояшон раванди интихоботро халалдор намуда ба натиҷаи он таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобарин таъсиру аҳаммияти мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор дар Тоҷикистон эҳсос намешавад. Аз баски парлумон ва мақомоти намонядагии ҳокимияти маҳаллӣ асосан якҳизба мебошанд, моҳият ва рисолати худро вакилон дарк намекунанд. Ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки ё президент самимӣ нест ё дар мақомоти давлатӣ доираи муаяни хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кору фаъолият мекунанд, ки амалашон бар хилофи манофеъи миллӣ, эътибори байналмилалии Тоҷикистон буда усулан аз иродаи раиси ҷумҳур вобаста намебошад.

Усмон Солеҳ, раиси шуъбаи таблиғоти ҲХДТ

Вақте роҳбари давлат дар ин бора сухан мегӯяд, ҳатман он сохторҳое, ки вобаста ба гузаронидани интихоботҳо масъул мешаванд, ин чизро бояд иҷро кунанд. Ба ҳамин хотир интихоботи мо шаффофу баробар мегузарад, чун беш аз 100 нафар нозирони дохиливу байналмилалӣ ширкат мекунанд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ


Он чизҳое, ки президент дар вохурияш бо ҳайати Комиссияи марказии интихобот гуфта гузаштанд дар мавриди интихоботи шаффофу фароҳамсозии баробари имкониятҳои номзадҳо, боварӣ дорем, ки бояд иҷро шавад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

Эҳтимол дорад, ки гуфтаҳои президент гоҳо иҷро нашавад. Ин вобаста аз президент нест, вобаста аз ҳамон масъули ҳавзаи интихоботист, ки қарорро чигуна иҷро мекунад. Муҳим ин аст, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ шахсони дурусткорро интихоб намоянд, то дар ҳаққи дигарон зулм нашавад. Агар дар ҳавзаҳои интихоботӣ ашхоси дурусткор интихоб шуда бошанд, гуфтаҳои президент то охир иҷро хоҳад шуд. Албатта ин таҷрубаи ҷаҳонист, ки дар якҷо хоҳанд нахоҳанд қонун поймол мешавад. Албатта аз интихобот то интихобот шаффофияту баробарӣ бештар мешавад. Интихоботҳои парлумонии пештарро бубинем, он ҳангом силоҳбадастон буданд ва адолате вуҷуд надошт. Лекин имрӯз онҳо нестанд ва шароит фароҳам аст. Умуман Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ қарор дорад. Мо се насл дорем бо се ақидаи гуногун, ҷуз ин бархурди ин наслҳо дар ҷомеа рух медиҳад ва ин бархурд дар ҳама маъракаҳои умумиҷумҳуриявӣ таъсир мекунад.

Абдуманон Шералиев, узви раёсати вилоятии ҲНИТ

Бале, бовар дорам. Шароити яксон, чӣ хеле, ки дар интихоботи соли 2005 таъмин шуда буд. Яъне вақти эфирӣ барои номзадҳои Маҷлиси олӣ, иҷозати вохӯрӣ бо мардум ҳамроҳ бо намояндагони ҳизби ҳоким дар толорҳои ҳукуматӣ. Тарғибу ташвиқ ва ғайра. То рӯзи интихобот. Аниқтараш то соати шумори овозҳо...

Ҳикматуллоҳи Саъидиён, раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистон

Бале бовар дорам. Ба шумо маълум аст, кӣ чанд тағйирот дар қонуни конститутсионӣ барои интихобот, бинобар шаффоф гузаронидани интихобот қабул карда шуд, ки ба фоидаи ҳам ҳизбҳо ва ҳам худпешбарӣ аз ҳизбҳо гардид. Фақат, инҷо мард ва ё зани соҳибқудрат аз ҳизбҳо метавонад дар худпешбарӣ дар интихобот иштирок кунад ва ҳизбҳо ҳам инчунин, агар аз лиҳози иқтисодӣ ҳизби қудратманд бошанд.
Мӯҳр
Рангу руи аъзоёни КМИРа бинед. худтона як бор нигох кунен. Даммм кардаги пуфаквори. Бо накафен хамаро буву таф бигирад а. Софф аз таги дор гурехтаги. Нурали Саидов аз кор пеш карда будан аз вазорати хорича а хозир аъзои КМИР. Дар кучо рост меояд ин а?. Эээ офаринтон бахудоо

Салим
Як мард шавед ва хамин интихоботи пешистодаро шаффофу демократи гузаронед ва маълум мешавад,ки мардум ба ки овоз медиханд.барои он.ки то хол вакилони мо то хол барои мардум дар ном хастанд ва дар хизмати мардум нестанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)