Это не я: Пофишории тоҷикон барои бегуноҳӣ дар пулис (ВИДЕО)
Мақомоти пулиси ноҳияи Одинтсовскои Маскав имрӯз, 15-уми декабр аз боздошти ду шаҳрванди 25 ва 43-солаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар қочоқи 800 грамм героин муттаҳам мешаванд. Мақомоти пулиси Русия дар сомонаи расмияш дар пайи хабари ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ таъкид кардааст, ки ба боздоштшудагон то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Аммо худи шаҳрвандони тоҷик гуноҳашонро рад карда, таъкид мекунанд, ки халтаҳо бо героин, ки пулиси рус ҳамчун далел нишон медиҳад, ба онҳо тааллуқ надоранд.
Яке аз боздоштшудагон-Холов Сафаралии 43-сола, падари чор фарзанд мегӯяд, ҳамчун таксист кор мекунад ва вақте маъмурини пулис мошинашро нигоҳ доштанд, ӯ бе ягон муқобилият истод: “Баъдан хабар доданд, ки аз мусофирони мошинам, гӯиё маводи мухаддир ёфтаанд.” Холов мегӯяд, ҳеч иттилое дар ин бора надорад ва танҳо ба ивази 700 рубл нонпулӣ ин мусофиронро савор кардааст.
Зардаков Субҳиддин Саймуъминович, боздоштшудаи 25-солаи дигар низ гуноҳашро рад мекунад. Маъмури пулис дар назди дастгоҳи наворбардорӣ вақте аз кисаи ин боздоштшуда ду халтачаи героин ҳамчун далел бароварда нишон медиҳад, Зардаков садо баланд мекунад, ки “это не я”. Ӯ суханҳояшро идома доданӣ мешавад, ки масъулини пулис наворгириро қатъ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои мақомоти пулис феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |