Бахшҳо
15 дек 2014 17:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти Маҳмадбоқиров барои эътирозаш алайҳи амниятиҳо

Мақомоти амнияти Тоҷикистон дар пайи эътирози як гуруҳ сокинони Хоруғи боло алайҳи ифтитоҳи бинои шуъбаи амнияти Хоруғ яке аз эътирозгарон Маҳмадбоқир Мамадбоқиров, собиқ қумандони мухолифин дар Бадахшонро боздошт намудаанд.

Дар ин бора манбаи муътамади “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки эътирозгарон алайҳи ифтитоҳи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хоруғ баромад намуда, таъкид кардаанд, ки шаҳри Хоруғ ба ин шуъба ниёз надорад: “Онҳо инчунин пешниҳод кардаанд, ки ифтитоҳи шуъба то омадани Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки феълан дар Душанбе аст, ба таъхир андохта шавад. Дар пайи таниш Маҳмадбоқиров яке аз эътирозгарон боздошт шуда, баъди чанде дубора раҳо гардидааст.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон мебошад, ки дар пайи сулҳи тоҷикон ба хидмати низомӣ ҷалб шудааст ва унвони полковникӣ низ дорад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Боқиров ҳамчун “саркарда”-и гуруҳи ҷиноятпеша ном мебаранд, ки қаблан дар тиҷорату гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва куштору одамрабоиҳо муттаҳам мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин Мамадбоқировро аз омилони асосии нооромиҳои чанд соли охир дар Бадахшон арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
Хукумат набояд бо ин кас хафту хашт карда шинад. Бояд ин кас "буд, набуд" шавад... Наход як давлат нози як каса бардошт карда шинад... Ин дарди сард аст, барои дарди сар дорухо бисёр. Масалан, НЕСТалгин! Бабах ва дарди сар гум шуд!!

Точик
Неки ранги Мустафо карамбашиай аз кинои "Алибобо ва 40 рохзан"

Комил
Як кумитаи калони амният наход аз ҳамин 4 чинояткор тарсад, ки онҳоро боздошт карда наметавонад? Баред ҳамаи онҳоеро, ки фазои ороомии кишварро тира менамоян, пушти панҷара шинонед. Муҳаммадбоқирро ҳам инчунин, агар исбот шавад, ки гунаҳгор аст.

Миллат
Ничиего себе, ин Махмадбокир гузарондесаи ку...

беном
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)