Бахшҳо

Оҳ аз қурутобхоҳии ману вой аз ҳоли мардум

Фарҳехтаи ТОҶИК, рӯзноманигор

Аввалин борони барфолуди зимистонаи фасли тирамоҳи соли 2014 ҳеч гоҳ аз хотирам зудуда нахоҳад гардид. Чунки ман он рӯз аввалин маротиба ҳамчун донишҷӯи аз ноҳияи дурдаст ба пойтахти Тоҷикистономада, ба бозори бузурги “Корвон” рафтам. Аслан танҳо барои тамошо рафта будам, аммо гӯё, ки ман кадом чизи муҳимеро мехарида бошам ба ҳама растаҳову дуконҳои он медаромадам. Тақрибан нисф зиёди бозори ҳам яклухтфурӯш ва ҳам чаканафурӯшро давр задаму каме хаста шудам ва аз баски соат қариб ба 16 наздик шудаву ман ҳоло ҳам хӯроки нисфирӯзро нахурда будам хостам аз ягон ошхонаи бозор “қурутоб” тановул кунам. Дар баробари пайдо шудани ин хоҳиш дар ман борони тирамоҳӣ ҳам оғоз шудаву авҷ гирифт, вале ин хоҳиш маро ҳеч тарк намекард. Ба ҷустуҷӯи ошхонаи қурутобдошта шурӯъ кардам, аммо бо чанд “даҳшатҳо”-е рӯбарӯ шудам, ки дигар қурутобхурӣ ҳам аз хотирам баромад.

Ногаҳон аз назди ман чанд талбандае давон гузашта ба самти баромадгоҳ рафтанд, фикр кардам онҳо аз борон гурехта истодаанд, лекин аз паси онҳо ду милисаро ҳам дидам, ки ба шиддати борони барфолуд нигоҳ накарда, эшонро таъқиб менамуданд. Ман гиребон доша, ҷустуҷӯи “қурутоб”-ро давом додам. Дар як паҳлӯи роҳ чанд духтари тақрибан 10-12 солаеро вохӯрдам, ки аз сардии ҳаво ба худ печоншудаву мисли “ғунча” нишаста бо овози пасти хунукхӯрда “ҷувории 50 дирамада-биё” мегуфтанд. Тамоман дилозурда шудам. Бо ҳамин дилозурдагӣ як илоҷе карда чашмамро аз онҳо кандам ва ба сӯи истгоҳ (пробка)-и микроавтобусҳо равон шудам. Дар баромадгоҳи бозор нигоҳам ба марди солхӯрдае афтид, ки тоқии чандинсола дар сараш ва пироҳани лойолуд дар танаш “бечатр” меваҳои деҳқониашро мефурӯхт. Ба оби нуги биниву дастони ларзоне, ки аз ғояти сардӣ ба ин ҳол омада буд дилам сӯхту ба нархи қиммат ҳа мбошад, чанд килое аз себу хурмояш харидорӣ кардам.

Ин ҳам ба хайр будаст. Баъд аз он як зани солхӯрдаеро дидам, ки ба тохтутози одамон ва шитофтани онҳо аз борон нигоҳ накарда дудасташ ба ҷайб дар назди мизи “чиптаҳои лотофурушӣ” интизори мизоҷону бозингарон буд. Ба ҳоли ӯ дар таҳайюр мондаму гуфтам:
-Холаҷон, шумо хунук намехуред?
Холаи “лотофурӯш” беибою бедиранг ба саволи ман чунин ҷавоб дод:
-Э бачаи ҷон, як бозӣ карда бахтатро намесанҷӣ?
Дар интиҳои ҳамаи ин ба худ гуфтам:
“Оҳ аз қурутобхоҳии ману вой аз ҳолимардум”!
Мӯҳр
Мушк
Фархехтаи Точик, зуд зуд ба бозор бирав. Он чое, ки хама чиз дар тоб аст ва набзи хаётро ба маънии томаш дарёфт мекуни.

Маккадон Ҷухориевич
Намедонам апаи ё ака, аммо дилат агар аз ин ҳама хунук шуда бошад, беҳтараш ба Амрико рав.

Мақола ягон маъно надорад... Муҳтарам "Озодагон", қадри худро дар бозори ВАО донед!

Рустам
Хайфи он вакте ки барои хондани чунин макола сарф шавад..........

Мақолаи хуби осонхон. Аммо хонандагонаш, мисли он зани лотофурӯш, ғазаболуд будаанд. Ҳақиқатро навиштаӣ, аммо чӣ кор кунем, ки он барои мо талх аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)