Деҳқонҳои наҳзатӣ дар шудгори гуристону таҳқири мурдаҳо айбдор мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон алайҳи Абдусаттор Бобоеви 60 - сола, раиси маҳаллаи Сари Ҳисори ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара ва Ҳошим Амаков имомхатиби масҷиди ин маҳалла ба иттиҳоми таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин ниҳод Бобоевро, муовини раиси шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара ва муттаҳами дигарро узви ин ҳизб муаррифӣ карда, таъкид мекунад, ки “Бобоев бо маслиҳати пешакӣ бо Ҳошим Амаков, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Сари Ҳисор бе иҷозати мақомоти дахлдор қабристони маҳаллаи Чакалаки Исфараро шудгор карда, зироатҳои полезӣ коридаанд.”
Мақомот мегӯянд, майдони гуристон, ки ҳудуди 15-20 ҳиссаро ташкил медиҳад, аз ҷониби муттаҳамон моҳи июни соли гузашта кишт шудааст.
Ба иттилои манбаъ нисбати муттаҳамон аз рӯи моддаи 243-и Кодекси ҷиноятӣ, барои таҳқири мурдаю гури онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки аз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |