Бахшҳо
17 дек 2014 08:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Даъвати Убайдуллоев барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо нигаронӣ аз афзоиши истифодабарии шабонарӯзии нерӯи барқ дар ҳудуди пойтахт, сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро муваззаф кардааст, бо роҳандозии рейдҳои муштараки доимӣ мизони истифодаи қувваи барқро санҷида ва нисбат ба онҳое, ки аз меъёр зиёд онро истифода мебаранд, “тамоми тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд”.

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ, ки 16 декабр бо иштироки масъулини соҳа сурат пазируфт, таъкид кардааст, нисбат ба 15-16-уми декабри соли 2013 дар 15-16 декабри соли равон истифодабарии шабонарӯзии нерӯи барқ мутаносибан 18,9 ва 48,2 дар сад афзудааст, ки “дар низоми маҳдудиятҳои интиқоли реҷавии барқ дар кишвар муросонопазир мебошад”.

“Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, тавассути роҳандозии корҳои васеи таблиғотӣ миёни сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни Шабакаҳои барқии шаҳр, даъват карда шавад, бо дарки масъулият нисбати истифодабарии нерӯи барқ муносибат намуда, беш аз ҳарвақта фарҳанги сарфаву сариштакорона истифода кардани онро дар коргоҳу ҷойи зист риоя созанд ва дар ин ҷода сохторҳои марбутаи соҳавиро вазифадор кард, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд”,-афзуд сухангӯи мири шаҳр.

Убайдуллоев дар идома аз сокинон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ даъват кардааст, тамоми потенсиали мавҷударо бо дарки масъулият барои сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ сафарбар намоянд: “Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро муваззаф кард, бо роҳандозии рейдҳои муштараки доимӣ оид ба риояи ҳатмии ин муқаррарот аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ нисбати хилофрафторон тамоми тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд”.
Мӯҳр
Дарвеш
О бародарон ахоли зиёд шуд инкадар хонахои баланд ошиёна сохтед инро хам ба назар гиред

Инсоф
Вазифаи маъмурон пешниҳоди хизматрасонӣ аст, вазифаи шаҳрвандон пардохти ҳаққи хизматрасонӣ. Ин як мантиқи хеле оддии давраи иқтисоди бозаргонӣ аст. Хизматрасониро дар вақташ босифат пешниҳод намоед, худи истеъмолкунандагон ҳал мекунанд: сарфа кунанд ё не. Беҳтараш роҳҳои афзоиш додани тавлидоти барқро андеша намоед. Маъмурикунии сахт кори хуб нест.

Холо хам ин рохбарону вазифадорон дарк накардаанд, ки асоси пешравии иктисодии давлат ин тахлили дуруст, талабот ва хисобу китоби аники бозор зарур аст, ки барои ин корхоро ба анчом расонидан мутахасисхои хуб (камнафс - бе нафсаш намешавад, чунки замона ифлос шудаги), ватандусти хакики(патриот) ва саводнок даркор мебошад.
Намояндаи бонкиаш мегуяд, ки барои дар сатхи баланд нигох доштани курби пули милли бояд сатхи содиротии махсулоти истехсолии ватаниро зиёд намуд, ки аз ин хисоб воридоти асъор зиёд мегардад. Ой бародар нав аз хоб бедор шудед, ки аз сатхи содироти воридоти асъор вобаста будааст, дар холе ки то ин вакт воридоти онро аз хисоби мардикорон ба хисоб намегирифтед. Барои баланд бардоштани сатхи содиротии махсулотхои ватани аввало бояд хамон махсулотро хакикатан(дар когази омор не) истехсол намуд, дуюм ин ки ба сифати он диккати асоси дод, чунки бовар кунед либосхои истесолшударо мачбуран ба кудакон мехаранд. Якбор махсулоти истесоли хамсояро(Киргистон) бинед, ба монанди мамлакати Туркия аст.
Нисбати мутахасисони касби бояд аз тарафи рохбарони сохторхо диккати чиди дод, на ин ки бо тарси он як вазифаамро мегирад. Аввало рохбарони сохторхо бояд вазифаи худро дар сатхи баланд донанд, дар интернет вакти химояи бучаи давлати дар мачлиси намояндагон баромади вазири молияро тамошо намудам ва бо он бовар кардам, ки дар хакикат сатхи касбии он ба талаботи моличи чавобгуи намебошад.
Дар охир боз як бори дигар аз вазифадорон ва мансабдорон хохиш мекунам, ки аввало худо тарс ва баъд конун тарс шаванд ва супоришхои рохбари давлатро сидкан ичро намоянд.

Чобир
Хамун ТЭЦ-и таърифитон кучо шуд, ки ботантана истифода додеду аз гармихош дарак нест? Агар аз он гармй меомад, барк эконом мешуд-дия. Мардуми бечора дигар чи кор кунанд. Дар пойтахт ва сексияхои он хезум, тапак, чубро истифода карда нашавад!

мо сарфакорона истифода бурдестем ЛЕК ШУМО камтар ба Афгонистон баркро фурушед, имруз дар интеренет боз хондем, ки Торикистон киловати барк ба Афгонистонро зиёд кардааст! 70% халки точик свет надоранд.
Садкатон шавым ба афгоно баркро киловат киловат фурухтестеду, лек мардума бо сарфакори даъват доред, о хутон авал сарфаи баркро риоя кунед баъд ба халк гап занед!

Ман гуфтам ку ТАПАКРО захира кунеддддддддддддддд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)