Бахшҳо

Ҷасуронро сар мебуранд, тарсуҳо зинда мемонанд

Ҷамшед МАЪРУФ

Воқеан ҳам мо мардуми ТАРСУ ҳастем. Аксар вақт кӯшиш менамоем, тарсуии худро бо баҳонаҳои боодобию зиёӣ будан рӯйпӯш созем. Тӯли солҳо аз рӯйи масали “Сари хамро шамшер намебурад” амал кардаем. Аммо боре ташвиқ накардем, ки “Худо аз ҳама тавонову бузургтар аст, бояд аз ӯ битарсӣ, на аз каси дигар”…


Имрӯзҳо чун “одат” ба фарзандонамон низ ТАРСуиро омӯзонидан дорем, гарчанде ин амаламон ба назар наменамояд, аммо ба онҳо ташвиқ кардаем, ки ТАРСУ бошанду шахсе чӣ гапу ҳарфе, ки нагӯяд, “хуб” гуфтаву сархам бошанд. Вале ба ҳар сурат, дар зеҳни онҳо ТАРСро чунон ҷойгир кардаем, ки ба осонӣ наметавонанд, аз он дурӣ биҷӯянд. Ва ҳатто хеле ҳам хуб пиндоштаем, ки “то бача натарсад, одам намешавад”. Ҳамин гуна масалҳои худбофтаи хешро амалӣ месозем.

Вақте ба фарзандамон насиҳат мекунем ва ба таъкид ҳам мегӯем, ки “фалон кас одами “ганда” аст ва агар ҷаҳлаш ояд, ҳеч касро намешиносад” ё “ту бо думи шер бозӣ накун” ва ё боз бо фалсафаҳои “нодир”-и зиёд масали гузаштагонамонро мисол меорем: “Бозӣ макун бо арбоб, арбоб занад бо ҳар боб”. Аммо боре ташвиқ накардаем, ки “Худо аз ҳама тавонову бузургтар аст, бояд аз ӯ битарсӣ, на аз каси дигар”.

Дар даврони мактабхонӣ баъзе муаллимонро гӯиё ҳурмат мекарда бошем, дар асл аз ӯ метарсем. Дар замони донишҷӯӣ бошад, ба ҷойи он ки нотарсона душвориҳои таҳсилро паси сар намоем, эҳтироми худро нигоҳ дорем, аз муаллимон метарсем. Он устоде, ки бо сиёсатҳояш моро тарсонидааст, нисбат ба ӯ “эҳтироми рӯякӣ” анҷом медиҳем. Агар корманди ягон ташкилот ҳастем, пеш аз ҳама, аз раҳбари он метарсем ва аз рӯйи ТАРС ба ӯ муносибат мекунем.

Хуллас, ТАРС чунон дар мағз андар мағзи тафаккури мо реша давонидааст, ки наметавонем, ба осонӣ аз он дур шавем, зеро аз оғоз моро тарсонидаанд ва танҳо бо тарсонидан моро маҳв кардаанд. Ҳатто аз ТАРСУии мо истифода намуда, бо зарби теғ дар фарҳангу таммадуни мо дину оини хешро ҷорӣ кардаанд. Зеро, замонҳои қаблӣ ҳар нафаре, ки дар гузашта НОТАРСона амал кард, бар зидди зулми душманон мубориза бурд, ӯро САР БУРИДАНДу ҳатто ХОИНИ ДАВЛАТ низ эълон карданд. Вале аҷиб аст, ки ТАРСУҳо ЗИНДА монданд.

Шояд мо аз ҳамон НАСЛИ ТАРСУ бошем, ки имрӯз гоҳо аз “шамоли сахт” ҳам метарсем. Барои мисол, вақте ба коре оғоз карданӣ мешавем, нахуст дар кӯчаҳои фикру хаёлҳои тарсуёна сар мезанем, ҳазорҳо баҳонаро пеш меорем ва дар асл бо чунин баҳонаҳо тарси худро рӯйпӯш мекунем. Дар ин радиф, ҳатто фарзандамон низ ин амали “оқилона”-и моро такрор хоҳанд кард…

Шояд яке аз сабабҳои тарсидани МО аз он бошад, ки моро ТАРСУ тарбият кардаанд. Ё дар муҳити тарсуӣ ба воя расидани мо аст, ки тарсро ҳаргиз аз худ дур карда наметавонем. Зеро, дар мактаб нахуст аз муаллимони сахтгир тарсидаем, дуюм тарси онҳоро аз “комиссия” ё аз “директор” дидаем. Ё дар хона тарси модарамонро аз падарамон дидаем. Дар донишгоҳ низ чунин тарсро дар худ ва тарси устодонро аз “болоиҳояшон” мушоҳида намудаем…

Дар маҷмӯъ, мо аз Офарандаи худ – аз Худованд, ки метавонад, дар як нафас аз нафасамон маҳрум созад, дар бештари вақт наметарсем, аммо ҳамеша аз бандагони Ӯ дар ҳарос ҳастем. Мутаассифона, мо баъд аз он ки як амали ношоистаро анҷом додем, пеш аз ҳама, аз “Раис”-амон метарсем, аммо дар мисоли Худованд фикре дар ёдамон намеояд.

Бадбахтона, МОву ШУМО надонистаем ва намедонем, ки “Хушбахтӣ гӯиё дар пушти девори ТАРС вуҷуд дошта бошад”. Пас, биТАРСЕМ ВА ё наТАРСЕМ?! Вале бештари “РАИС”-онро ТАРСУии МОву ШУМО қаноатманд месозад! Чӣ бояд кард, воқеият ҳамин асту чунин амалро талаб месозад. Аммо бубинед, кадоме аз ин беҳтар аст? Интихоб дар ҳар сурат дар дасти худи МОст!!!
ШУМО чӣ фикр доред?!
Мӯҳр
душанбегӣ
Навиштаҳои хуб. Тарси аз ҳад зиёд ин зулм нисбати худ аст.

инсон
Тарси аз хад зиёд ё аниктараш тарси гайри худо инсонро чунон заифу нотавон мегардонад, ки хатто уро ба ноумеди ва куфр рохнамои мекунад. Бинобар ин банда ба чунин назар хастам, ки хамавакт бояд инсон пеш аз хама тарси худоро дар чои аввал монда, бо тартиби мукарарнамудаи меъёрхои дини мубини ислом эхтироми бандагонро низ ба чо орад, зеро эхтироме, ки аз руи тарс ба вучуд меояд, умри дароз надорад.душанбегӣ,

Бо ин камтачрибагии худ бисёр дидаем, нафаронеро, ки айнан гапи шуморо мегуфтанду писарнашонро ба кавле аз "тарсу" будан начот додани мешуданд, аммо дар охир чи шуд, он фарзанди "нотарс" дарди сари падар гардиданд.

Тарси одам дар дили шумо чо нашуда бошад худро муарифи кнед.

Шумо дар оянда таросуи худро икрор кунед

Вазир
Бародар аслан мавзуъ бисер мухим, аммо боз худатон мумкин хис накардед, тарафдори тарсуи хастед. Худотон таблигари тарсуед. Аз кор рафтор кирдори бади худ бояд тарсем ва пехрез кунем. Дигар аз хеч чиз ва кас. Аввал ин ки, аз Худо набояд тарсид, Худоро бояд дуст дошт, эхтиром кард. Худо башанда ва мехрубон аст. Худо хамаи офаридаашро дуст медорад.

Тарсуи аз тарбияи падару модар нест. Насихати падарам, ки бори аввал ва охир дар 10-солагиам ба ман дода буд: "Хеч гох бо чашми гирён ва шикоят аз касе ё чизе ба ман мурочиат накун". Тарсуи аз бесаводи ва чахонбинии танг сарчашма дорад - сабаби он чи дар мактаб, чи дар донишгох ва чи дар чои кор хамин буда, бо мурури вакт ба одати доими табдил меёбад.

Сади
Як маколаи бемани. Одам ба чои офардани танхо фактхо бояд низ роххои хали онро пешниход намояд. Пас халк тарсу бошад, чи бояд кард? Чи тавр бояд кард? Омада дар ин чо адабиет карда рафтан маъно надорад. Лутфан Озодагон ин гуна маколахоро чоп накунед. Ягон чизхои реали нависед. Пешниход, ташаббус, накша, амалю Хамин гуна чизхо. На фикру андешаи як тарсончаке, ки хуллас часорат кардаасту аккалан як мақола дар бораи тарсуи навиштааст.

Нотарс
Пас хамаи тарсхои мо аз тарси Худо маншаъ мегирад...

хами хам гапай. ба чои як чии пучу бемаънира навиштан ягон чизи дигар нависи намешава. фачи фачи фаччччччччччччччччччччччч..............................
..

Дустон, хамин муаллиф бисёр хуб навиштагй аст. Агар хунар бошад, чуръат карда, ягон чиз нависед, ку як маротиба хонем. Бубинем, ки ту кучо масъалагузорй карда метонед.
Яке мегуяд, ки фач аст, дигаре хамин хам мавзуъ шуду чоп накунед мегуяд. Ин масъала вокеан хам дар чомеа, махсусан дар Точикистон, масъалаи дог аст. Касе чуръат надорад, ки чизе бинависад. Мана майдон аз далер аст, нависед ва садо баланд кунед. Бо намешавад гуфтан чизе тагйир намеёбад. Бехтар мебуд, ки чун мисли дигарон тавре дар поён навиштанд, назари худро баён медоштетон доир ба ин мавзуъ....

Комилан мувофиқам ... Ахсан !!!

Комилан мувофиқам ... Ахсан !!!

бин
Бемаънитарин маколаи сол


душанбегӣ,

Закариё
ТАРС - дунёи чисмхои заъиф ва нишони костагии иродау имон аст.

Фирдавс
Ахсанта бародар ана хаминро бояд гуем сад фоиз дуруст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)